• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

Раиси Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Қазоқистон Улуғбек Есдаулет гуфт, дар Осиё ҷоизаи шабеҳи нобел дар соҳаи адабиёт мебояд.

 

Ҷоизаи шабеҳи ҷоизаи Нобелро дар соҳаи адабиёт метавон дар Осиё таъсис дод. Дар ин бора пеш аз баргузории Форуми нависандагони Осиё дар Нурсултон дар мусоҳиба ба хабарнигорон раиси Иттифоқи нависандагони Қазоқистон Улуғбек Есдаулет ибрози назар кард, иттилоъ медиҳад АМИТ "Ховар" бо истинод ба  АИБ "Казинформ".

"Дар Форуми нависандагони Осиё  дар бораи  ҳар се сол дар яке аз  кишварҳои мо гузаронидани чунин ҳамоиш масъала ба миён хоҳад омад. Ғайр аз он, масъалаи таъсиси ҷоиза дар соҳаи адабиёт дар фазои Осиё - ҳамчун ҷоизаи калони адабӣ баррасӣ мегардад. Имрӯз эстафетаро ба яке аз кишварҳои иштирокчӣ додан мумкин аст", - гуфт Улуғбек Есдаулет.

Ба гуфтаи ӯ, шоирону нависандагоне, ки барои иштирок ба ин форум омадаанд, ҳамчунин фикру  пешниҳодҳои худро  баён мекунанд.

"Пас аз анҷоми форум тазкираи дуҷилда нашр мешавад. Мо ҳама ҳисоботро ҷамъоварӣ намуда, ба 8 забон тарҷума хоҳем кард. Ворид кардани тазкира ба маҷмӯаи осори адабӣ - ин ҳоло танҳо як масъала аст. Имрӯз дар пойтахти мо намоиши адабиёти Осиё пешкаш мегардад. Ман бовар дорам, ки анҷумани адабиёти осиёӣ дар пойтахти Қазоқистон аллакай далели ҳамкории шоирону нависандагони кишварҳои Осиё мебошад", - илова намуд Улуғбек Есдаулет.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved