• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

Дар пойтахти Қазоқистон - шаҳри Нурсултон аввалин Форуми нависандагони Осиё бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев баргузор шуд. 

 

Мақсад аз баргузории он таҳкими  минбаъдаи робитаҳои адабию фарҳангӣ байни кишварҳои қитъаи Осиё, муаррифии чеҳраи муосири давлати соҳибихтиёр, адабиёт ва арзишҳои маънавии Қазоқистон ва мубодилаи таҷриба бо кишварҳои Осиё оид ба рушди раванди адабӣ мебошад.

Дар форум аз  38 кишвар 80 нафар адибон иштирок карданд. 

Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон  Низом Қосим, муаллифи матни Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ, раиси Ассотсиатсияи нависандагони Эрон Сайид Ҳодии Киёсарӣ, нависандаи Ҳиндустон, барандаи ҷоизаи "ASEAN" Муҳаммад Ҳоҷӣ Салоҳ, барандаи мукофоти байналмилалии Осиёи Ҷанубӣ Амар Митра (Малайзия), нависанда-ҳуҷҷатнигори Япония Такаси Ҳаясаки, номзад ба дарёфти ҷоизаи Нобел Мэнд-Оео  (Муғулистон) ва дигар нависандагони маъруф барои иштирок дар форум ба Нурсултон омаданд.

Ин чорабинии васеъ аз ду муҳокимаи панелӣ иборат буд, ки зимни онҳо иштирокдорон мушкилот ва масоили рушди адабиёти кишварҳои Осиёро баррасӣ карданд.

Форуми мазкур бо дастгирии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, Вазорати фарҳанг ва варзиши Ҷумҳурии Қазоқистон ва Иттифоқи нависандагони Қазоқистон баргузор гардид.

Форум пешниҳод намуд, ки созмони адибони Осиё ва ҷоизаи хоси он таъсис дода шавад.

Мавриди зикр аст, ки дар даврони шӯравӣ Кумитаи якдилии нависандагони Осиё ва Африқо амал мекард, ки сарварии онро солҳои зиёд устод Мирзо Турсунзода ба зимма дошт.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved