• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

Бо дастгирии Вазорати фарҳанг ва Иттифоқи суратгирони Тоҷикистон имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши инфиродии аксбардори шинохтаи Тоҷикистон Заур Дахте бо  номи  «Уфуқҳои дӯстӣ» оғоз ёфт. Намоиш бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст.

 Дар маросими ифтитоҳи намоиши мазкур намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, корпусҳои дипломатии муқими шаҳри Душанбе, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттифоқҳои эҷодӣ ва ҳаводорони ҳунари аксбардори маъруф Заур Дахте иштирок намуданд.

«Дар ҳақиқат Заур Дахте фарзанди ду халқ мебошад. Он кас дар Ҷумҳурии Доғистон ба дунё омада, 70 сол аст, ки дар мамлакати мо зиндагӣ мекунанд.   Заур Дахте дар рушди фарҳангу санъати тоҷик саҳми назаррас гузошта,  имрӯз на танҳо дар дохил, балки дар хориҷи мамлакат шуҳратёр гардидаанд. Аз ин хотир баргузории намоиши имрӯза хеле меҳим мебошад»,-иброз дошт мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода зимни ифтитоҳи намоиш.

Аксҳои ба намоиш пешниҳодшуда бори дигар собит сохтанд, ки Тоҷикистон мамлакати зебо буда, бо табиати дилфиреб, гулу буттаҳои диққатҷалбкунанда, гиёҳҳои шифобахш ва обҳои мусаффои хеш дили садҳо нафар сайёҳонро ба худ ҷалб мекунад.

Бояд зикр намуд, ки дар аксҳои суратгири маъруф дар баробари нишон додани зебоиҳои диёр, инчунин соҳаҳои муҳими ҳаёт, аз қабили сиёсат, иқтисод ва фарҳанг инъикос ёфтаанд.

Ҳамчунин дар намоиш аксҳо аз ҷараёни барномаҳои фарҳангӣ, олами кӯдакон ва дигар лаҳзаҳои ҷолиби ҳаёти тоҷикон пешкаши ҳозирин гардонида мешаванд.

Заур Дахте бо суратҳои гирифтаи худ мехоҳад зебоиҳои мамлакатро ба дигар халқу миллатҳо ва сайёҳони хориҷӣ нишон диҳад, то онҳо аз табиати нотакрори Тоҷикистон ҳаловат баранд.

Мавриди зикр аст, ки Заур Дахте яке аз наворбардоронии маъруф, суратгири мусаввир, Ходими хизматнишондодаи фарҳанги Тоҷикистон, академики Академияи мусаввирии Тоҷикистон, профессори Донишгоҳи байналмилалии таълими бунёдӣ, Лауреати кинофестивалҳои байналмилалӣ мебошад. Ӯ соли 1936 дар Доғистон таваллуд шуда, тўли беш аз 60 сол аст, ки дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунад.

Заур Дахте дар таҳияи зиёда аз 600 филм ширкат кардааст. Ду филми ҷолиби ў ба маликаи балети тоҷику шўравӣ Малика Собирова бахшида шудаанд. Филми «Малика» сазовори Ҷоизаи Кинофестивали ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ гардида буд. Баъди вафоти балерина Заур Дахте соли 1982 филми «Маликаи мо»-ро сохт.

Филмҳои олии Заур Дахте оид ба сарнавишту саргузашти шоирони бузурги форсу тоҷик: Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Ҳофизи Шерозӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ ба хазинаи тиллоии кинои миллӣ ворид шудаанд.

Завқи эҷодии Заур гуногунҷабҳа аст, вале суратгирӣ яке аз шуғлҳои деринаи ў буда, тайи 20 соли охир он дар фаъолияти эҷодиаш хеле мукаммал зуҳур кардааст. Тамоми аксҳои гирифтааш саршори рангҳову гармиянд. Онҳоро метавон беохир тамошо кард. Дар сукунати он аксҳо эҳсосу андешаҳо амиқ инъикос гардидаанд. Сукунате дар ҳаракат… Ин қонунист, вақте ки суратро наворбардори кино мегирад. Наворбардори одӣ не, балки яке аз беҳтаринҳо дар кинои тоҷик …

Аваллин намоиши аксҳои гирифтаи Заур Рустамович Дахте соли 2003 дар Душанбе доир гашта буд. Баъдтар намоишҳои инфиродиаш дар Чин, Ҳиндустон, Япония, Россия, ИМА, Франсия, Эрон, Германия, Қазоқистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Беларус, Ўзбекистон ва Қирғизистон баргузор шудаанд.

                                                        АМИТ "ХОВАР"

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved