• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67


Дар Боғи устод Рўдакии пойтахтамон иқдоми лотереяи бурдноки молӣ таҳти унвони "Китоб - манбаи дониш", ки аз ҷониби Муассисаи нашриявии  "Адиб" роҳандозӣ шуда буд, ҷамъбаст гардид.

 

Ташаббуси мазкур ба хотири таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи озмуни ҷумҳуриявии "Фурўғи субҳи доноӣ",  ташвиқу тарғиб ва оммавигардонии мутолиаи китоб миёни хонандагону донишҷўёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва намояндагони касбу кори гуногун дар шаҳри Душанбе гузаронда шуд.

Иқдоми фурўши китобҳо бо лотереяҳои бурднок аз рўзи 11 майи соли равон то 22 июн ҳар рўзи шанбе аз соати 9 то 13 дар Боғи устод Рўдакӣ ҷараён дошт. Дар доираи он наздики 100 ҳазор китоб соҳибони асили худро пайдо кард.

Шоҳҷоиза - 10 ҳазор сомонӣ насиби корманди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нилуфар Амонова гардид.

Инчунин нависанда Гулчеҳра Муҳаммадиева бинобар серхаридортарин эълон шудани китобаш - "Дунёи бачаҳо" бо телефони  мобилӣ қадрдонӣ гардид.

Шахсон ва идораҳое, ки бештар аз ҳама китоб харидорӣ намуданд, инчунин лотереяашон бурд кардааст, бо мукофоти алоҳидаи пулӣ, туҳфаҳо, аз қабили телевизор, планшет, телефон, асбобҳои маишӣ сарфароз гардиданд.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved