• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ҳайати саднафараи  корвони "Модарони ваҳдатсаро" вориди вилояти Суғд гардиданд. ҳайати меҳмонон дар доираи сафари серўзаи худ аз шаҳру навоҳии Панҷакент, Шаҳристон, Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров, Гулистон ва Хуҷанд боздид ба амал оварда, аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии вилоят дидан намуданд.

Инчунин бо иштироки онҳо 20-уми июни соли равон дар Кохи Рўдакии шаҳри Хуҷанд конфронси ҷумҳуриявии "Бузургии занон дар Ваҳдат аст!" баргузор гардид. 

Иштирокчиён дар доираи сафари серўзаи худ аз мақбараи сардафтари адабиёти тоҷику форс Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, оромгоҳи Муҳаммад Башоро, Хона-музейи Лоиқ Шералӣ, пойгоҳи бостоншиносии Саразми шаҳри Панҷакент, мавзеъҳои таърихии "Қаҳ-қаҳа", "Чилҳуҷра", зиёратгоҳҳои  ноҳияи Шаҳристон, Қалъаи Муғ, мавзеъҳои таърихии "Сабристон" ва "Ҳазрати Шоҳ",  маҷмааи таърихӣ-фарҳангии "Сари мазор"-и шаҳри Истаравшан, Осоишгоҳи "Зумрад", зиёратгоҳҳои "Лангари моҳиён", "Ҳазрати Шоҳ", Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Сайфи Исфарангӣ ва ғайра дидан намуданд.

Мавриди зикр аст, ки корвони "Модарони ваҳдатсаро" бахшида ба ҷашни 22- солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ бо ҷалби зиёда аз 100 нафар занону бонувони ҷумҳурӣ   ташкил гардидааст.

Дар ҳайати "Модарони ваҳдатсаро" шоираҳои шинохтаи тоҷик Фарзонаи Хуҷандӣ, Шаҳрияи Аҳтамзод, Меҳринисо ширкат ва шеърхонӣ намуданд.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved