• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

Маҷмўаи очеркҳои Саломиддин Мирзораҳматов аз таърихи пурғановати халқамон, ҳаёти рангину пурмағз ва иддае пурфоҷиаи фарзандони барўманд ва фарзонаи миллат ҳикоят менамояд. Муаллиф Саломиддин Мирзораҳматов ин очеркҳоро бо эҳсосу эҳтироси баланд, бо ҳарорати дил нигоштааст. Биноан, хонандаи соҳибдил дар сари ҳар сатри ин навиштаҳо андеша меронад, ғам мехўрад ва ҳатто сиришки дида мефишонад…

 Очерки аввалин ба ҳаёт ва фаъолияти қаҳрамононаи аллома Бобоҷон Ғафуров бахшида шудааст ва он "Хати маши Ғафуров" ном дорад. Бояд зикр намуд, ки Саломиддин маводди фаровоне ҷамъ оварда, симои тобноки аллома Бобоҷон Ғафуровро офаридааст.

Аз мутолиаи ин очерк воқиф мешавем, ки роҳбари ояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанўз дар синни ҳабдаҳсолагӣ корманди кумитаи комсомоли ноҳияи Хуҷанд буда, кори созмони ҷавононро бо фаъолияти рўзноманигорӣ тавъам пеш мебурдааст. Бобоҷон аз овони ҷавонӣ баробари забони модарии худ - тоҷикӣ забони ўзбекиро низ хуб медонистааст. Ва ба рўзномаҳои ҳамонвақтаи "Овози тоҷик", "Бедории тоҷик", "Ўзбекистони сурх" хабару мақолаҳо менавиштааст ва ин навиштаҳои ў дар саҳифаҳои рўзномаҳои зикргашта пайваста чоп мешудаанд. Ин роҳи фаъолияти Бобоҷон Ғафуров ба ташаккули шахсияти вай мусоидат намудааст. Рўзноманигорӣ барои аллома Бобоҷон Ғафуров ҳам мактаб буд, ҳам роҳи мубориза барои ҳаёти нав ҳисоб меёфт. Ў мақолаҳои танқидии худро бо имзои мустаори "Камбағал деҳқон" чоп менамуд. Ба мақолаҳои ба забони ўзбекӣ навиштаи Бобоҷони ҷавон шоир ва публитсисти машҳури халқи ўзбек Ғафур Ғулом баҳои баланд додааст. Ҳамон солҳо Ғафур Ғулом дар рўзномаи "Қизил Ўзбекистон" фаъолият доштааст. Баъдтар шиносоии онҳо ба дўстии абадӣ бадал мегардад ва ин дўстию бародарии ду шахси номвар ба таҳкими муносибатҳои ду ҷумҳурии ба ҳам дўст ва бародар такон мебахшад.

Устоди аввалин ва доимии Бобоҷон Ғафуров модари мушфиқи ў - шоира Розия Озод будааст. Ин модари бузург дар муҳити оила рўҳи адабиёти форсӣ-тоҷикиро барқарор намуда, ба писари донишдўст ва маърифатпарвараш асарҳои бузургони халқамонро сабақ додааст. Ва ба ҳамин васила дар дили фарзанди азизаш чароғи меҳру муҳаббат ба адабиёт ва таърихи халқамонро фурўзон намудааст, ки минбаъд он ба машъали бузурге табдил ёфтааст, тасвир менамояд Саломиддин Мирзораҳматов.

Сипас Бобоҷон Ғафуров, ки корманди фаъоли комсомол ва рўзноманигори дар Тоҷикистон ва Ўзбекистон машҳур гардида буд, соли 1929 ба шаҳри Самарқанд, ба таҳсили курсҳои олии яксолаи ҳуқуқшиносӣ фиристода мешавад. Баъд аз хатми ин курсҳо (дар ин вақт 21-сола буд) ўро мудири шуъба ва ҷонишини муовини сармуҳаррири рўзномаи ҷумҳуриявии ўзбекии "Қизил Тоҷикистон" таъин менамоянд.

Дар он солҳо навгонӣ ва дигаргуниҳои кишвари шўроҳо бо суръати шадид рух медоданд ва фарзандони содиқу сарсупурдаи он низ барқвор пеш мерафтанд.

Ҳамагӣ баъд аз як сол Бобоҷон Ғафуров ба Институти коммунистии рўзноманигории шаҳри Маскав дохил мешавад. Ин донишгоҳ ба Ғафуров ниҳоят мақбул ва писанд омада буд, зеро дар он на танҳо назарияи рўзноманигорӣ, балки улуми фалсафа, иқтисод, таърих, адабиёт, забонҳои хориҷӣ меомўхтанд. Ба шарофати ин пас аз чаҳор сол (с.1935) Бобоҷон Ғафуров соҳиби дониши амиқу ҳаматарафа гардида, ба Тоҷикистони азиз баргаштааст. Инчунин ў дар Маскав ба узвияти ҳизби коммунист шарафманд мешавад, ки ин ба болоравии мартабаю мансаби Бобоҷон Ғафуров мусоидат менамояд. Дастпарвари донишгоҳи олии Маскав Бобоҷон Ғафуров сармуҳаррири ҳамон рўзномаи "Қизил Тоҷикистон" тасдиқ мешавад.

Соли 1938 фиристодаи Маскав Дмитрий Протопопов котиби якуми КМ ҳизби коммунисти Тоҷикистон интихоб шуд. Ҳукумати Шўравӣ Протопоповро бо ҳадафи масъуле равон карда буд, то дар байни нухбагони сиёсии тоҷик ба вазифаи котиби якуми КМ ҳизби коммунисти Тоҷикистон номзади сазоворро муайян намояд. (Бояд тазаккур дод, ки ў ин вазифаи худро бошарафона анҷом дода, барои дар арсаи сиёсат зуҳур намудани натанҳо аллома Ғафуров, балки сиёсатмадорон Ҷаббор Расулов, Турсун Ўлҷабоев, Абдулаҳад Қаҳҳоров, Назаршо Додхудоев мусодиат намуд. Пас аз Ғафуров соли 1956 ба ҷумҳурӣ Турсун Ўлҷабоев, сипас Ҷаббор Расулов роҳбар шуданд).

Аз рўзҳои аввали кори якҷояи Протопопов ва Ғафуров якдигарфаҳмӣ ба амал омад ва ба ҳамин асос дар байни онҳо муносибати боэътимод ҳукмфармо шуд. Протопопов тамоми ташаббусҳои Ғафуровро оид ба тараққиёти илм, фарҳанг, маорифи халқ дастгирӣ менамуд. Ба ҳамин минвол Ғафуров бо тавсияи Протопопов котиби КМ ҳизби коммунисти Тоҷикистон доир ба таблиғ ва тарвиҷ (ин дам ў 31-сола буд), пас аз се сол котиби дуюми КМ интихоб мешавад.

Ҳашт соли фаъолияти якҷояи Протопопов ва Ғафуров (солҳои 1938-1946) ояндаи Тоҷикистони шўравиро қаблан муайян намуданд. Шахси Якум ҳамеша саъй дошт, ки роҳбарони Кремл шахси Дуюмро аз ҷиҳати хубӣ шиносанду донанд. Хосатан ў кўшиш мекард, ки Ғафуровро бо Сталин аз наздик шинос намояд. Хушбахтона, ба ин муваффақ шуд ва доҳии шўравӣ садоқату маърифат ва маҳорати роҳбарии Ғафуровро эътироф намуд ва дар муроҷиат ўро мувофиқи таомули ҳизбӣ "рафиқ Ғафуров" нагуфта, балки одиякак "Бобо" ном мебурд. Ин чунин маъно дошт, ки Сталин ба Ғафуров эътимод дорад ва ўро ҳамчун роҳбари обрўманди ҳизбӣ дар Тоҷикистон қадр менамояд.

Ҳамин тавр, муаллифи нуктасанҷ дар бораи аллома Бобоҷон Ғафуров зарра-зарра мавод ҷамъ оварда, симои бузургворонаи ўро боварбахш ва хотирмон тасвир менамояд. Мо дар ин саҳифаҳо аллома Бобоҷон Ғафуровро ҳамчун роҳбари оқилу доно ва дурандеш мебинем, вай ҳақиқатан ҳам яке аз фидоиёни роҳи ободии Тоҷикистони маҳбуб ҳисоб меёбад.

Дар арафаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз гардидани сохтмони Канали Калони Ҳисор саҳифаи дурахшони таърихи ҷумҳурии азизамон мебошад.

Моҳи январи соли 1940 Дмитрий Протопопов ҳамроҳи Бобоҷон Ғафуров барои мулоқот ба Маскав, назди доҳии умумииттифоқ мераванд, то нақшаи сохтмони Канали Калони Ҳисорро тасдиқ намоянд ва ба маблағгузории он иҷозат бигиранд. Дар ин вақт ҷанги зидди финҳо анҷом ёфта буд ва боз ҳам аз фазои сиёсӣ бўи ҷанг меомад.

Дар қабулгоҳ ёвари доҳӣ Александр Поскребишев таъкид намуд, ки ба иллати беморӣ табъи Сталин андаке хира аст, аз ин рў, ба мулоқот ягон рўзи дигар биёянд. Пас аз каме фикру мулоҳиза намудан Бобоҷон Ғафуров барои мулоқоти Сталин иҷозат мегирад. Бобоҷон Ғафуров дар ин айём котиби КМ оид ба таблиғот буд. Дар мулоқот Сталин бо Ғафуров гарму ҷўшон дастфишорӣ намуда, вазъи ҷумҳуриро пурсон мешавад. Доҳӣ ҳисоботро бо диққат гўш карда, сипас чунин мегўяд: "Бобо, миннатдории маро ба халқи тоҷик расон, ки дар вазъияти душвор бошад ҳам, ба фронт чор вагон либоси гарм ва чил ҳазор ҷуфт ҷўробҳои помирӣ фиристодаанд". Ва бо табассум илова менамояд: "Бобо, бубин як ҷўра ҷуробро барои худам гирифтам, пойҳоямро гарм нигоҳ медорад! Ташаккур ба халқи тоҷик!" Ғафуров чун мушоҳида менамояд, ки доҳӣ хушҳол аст, бо шўхӣ мегўяд: "Иосиф Виссарионович, ҷўроби помирӣ ба Шумо бисёр зебидааст, Шумо ба тоҷики ҳақиқӣ монанд шудаед". Ва ҳарду механданд. Сипас Сталин аз Ғафуров пурсон мешавад, ки бо кадом масъала ба назди ў омадааст. Ана, дар ҳамин лаҳза Ғафуров дар рў ба рўи доҳӣ ба таври низомӣ рост истода мегўяд, ки дар Тоҷикистон лоиҳаи Канали Ҳисор таҳия шудааст ва он баъди ба истифода додан дувоздаҳ ҳазор гектарро обёрӣ менамояд. Хоҳишмандем, ки ба маблағгузории ин сохтмон иҷозат диҳед.

Бобоҷон Ғафуров ҷасурона сухан ронда, доҳиро қаноатманд месозад, ки баъди бунёд ёфтани ин канал истеҳсоли пахта, ғалла, пашм, сабзавот ва мева… хеле афзун мегардад.

Муаллифи очерк даҳ соли роҳбарии Бобоҷон Ғафуровро ба ҷумҳурӣ саҳеҳ тасвир менамояд, ки ҳақиқатан ҳам он як давраи комили ободонӣ мебошад.

Хусусан дар ҳамин замон асарҳои ватандўстонаи устодон С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, М. Турсунзода, А. Деҳотӣ, М. Миршакар, М. Раҳимӣ ва дигар адибон эҷод гардиданд. 

Дар Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ намоишномаи "Суруди ғазаб" ва операи "Тоҳир ва Зуҳро" манзури тамошобинон шуданд, ки пирўзии беназири санъати тоҷик буд.

Танҳо дар солҳои 1956-1957 дар ҷумҳурӣ 32 адад иншооти саноатӣ ва энергетикӣ фаъолият намуданд, ки ҳамаи инҳо бо ҷаҳду талоши далеронаи аллома Бобоҷон Ғафуров оғоз гардидаанд.

Хусусан аллома Бобоҷон Ғафуров ҳамчун роҳбари дурандеши ҷумҳурӣ ба сохтмонҳои неругоҳҳои барқи обӣ бештар аҳаммият медод. Маҳз дар солҳои роҳбарии ў неругоҳҳои Варзоби Поён, Шаршар, Қайроққум, Сарбанд ба фаъолият шурўъ намуданд.

Анҷумани ХХ КПСС, ки дар Маскав аз 14 то 25 феврали соли 1956 баргузор шуда буд, сарнавишти аллома Бобоҷон Ғафуровро тағйир дод. Роҳбарияти шўравӣ ўро ҳамчун олими забардасти мусташриқ раиси Пажўҳишгоҳи шарқшиносӣ таъин намуд.

Дар Иттиҳоди Шўравӣ ҳамон вақт се пажўҳишгоҳи илмию тадқиқотӣ фаъолият дошт, ки инҳо пажуҳишгоҳҳои Иқтисоди ҷаҳон, ШМА ва Канада ва Шарқшиносӣ буданд. Асосҳои сиёсати хориҷии СССР-ро ҳамин муассисаҳои стратегӣ муайян менамуданд. Албатта, роҳбари яке аз ин муассисаҳо таъин шудани аллома Бобоҷон Ғафуров гувоҳи он аст, ки ҳукумати даврони Шўравӣ ўро ба сифати олими донишманди фозил эътироф менамоянд ва ба вай эътимоди зиёд доранд.

Аллома Бобоҷон Ғафуров беш аз 20 сол роҳбари ин пажўҳишгоҳ гардида, ҳамчун олими арсаи ҷаҳонӣ ном баровард, ташкилотчии бузурги илм хонда шуд ва ба сифати арбоби ҷамъиятии миқёси байналхалқӣ эътироф гардид. Ўро сафири ғайрирасмии Иттиҳоди Шўравӣ доир ба супоришҳои махсус дар мамолики Осиё ва Африқо маҳсуб медонистанд. Бинобар ин, ягон қарори давлати шўравӣ оид ба Шарқ бидуни тасбити тахассусии Ғафуров қабул намегардид.

Барои миллати тоҷик воқеаи хеле масарратбахш аст, ки маҳз дар ҳамин давраи фаъолияти пурсамараш аллома Бобоҷон Ғафуров китоби тадқиқотии бунёдӣ ва мондагори худ "Тоҷикон"-ро, ки соли 1948 бо маслиҳати Сталин ба навиштан оғоз карда буд, интишор намуд. Ин асари пурмуҳтаво ва пурмазмуни илмӣ аҳаммияти умумиҷаҳонӣ дошта, на танҳо таърихи дурахшони халқи бумии Осиёи Миёна - тоҷиконро мувассақ равшан намуд, балки таърихи пайдоиши дигар халқҳои атрофу акнофи ин сарзаминро низ олимона нишон додааст.

Муаллифи очерк рўзноманигор ва нависандаи соҳибистеъдод Саломиддин Мирзораҳматов дар бораи ҳаёт ва фаъолияти рангини фарзанди алломаи халқи тоҷик Бобоҷон Ғафуров як китоб мавод ҷамъ оварда, асари муассир ва шоистае эҷод кардааст, ки аз хотираи мутолиин ҳаргиз сутурда намешавад.

***

Нависанда Саломиддин Мирзораҳматов дар очерки "Музаффарият ва муфоҷоти Ўлҷабоев" низ бо роҳи ҷустуҷў ва таҳқиқи амиқ маводди саҳеҳ андўхта, сипас онро ба риштаи таҳрир кашидааст. Биноан, асари ў аз саҳифаҳои аввал диққати касро комилан ҷалб намуда, манзараҳои ҳаёти ибратбахш ва дурахшони ин фарзанди бузургвори халқи тоҷикро низ ба маърази баён меоварад.

Дар он солҳое, ки Турсун Ўлҷабоев дар мактаб таҳсил менамуду ба камол мерасид, ҷавонон ҳаёти худро бидуни созмони ҷавонон, яъне ташкилоти комсомолӣ тасаввур карда наметавонистанд. Дар навбати дуюм касби муаллимӣ меистод. Агар ҷавонон ҳамин ду зинаи омўзишӣ ва парвариширо хуб сипарӣ намоянд,  дар фарҷоми ҷаҳду талош ба мартабаҳои баландтаре расида метавонистанд.

Аз ин рў, Турсуни ҷавон соли 1932 дар синни шонздаҳсолагӣ пас аз хатми мактаби ҳафтсола ба таълимгоҳи омўзгорӣ дохил шуда, худи ҳамон сол барои узвияти созмони ҷавонон ариза менависад, яъне ҳаёти ў низ аз оғоз ба ҳаёти аллома Ғафуров шабоҳат дорад.

Писарон ва духтарони он солҳо аксаран ба он ҳадафе узви Иттифоқи   ҷавонон мешуданд, ки дар амалӣ намудани барномаи сохтмони сотсиализм дар мамлакати паҳновари шўравӣ фаъолона ширкат варзанд.  Турсун Ўлҷабоев фаъолияти меҳнатии худро дар ноҳияи Нов (ҳоло Спитамен) ба сифати пешоҳанг ва муаллими синфҳои ибтидоӣ шурўъ намуда, сипас дар вазифаи котиби якуми кумитаи комсомоли ноҳия кор кард. Ва аз соли 1937 мудири шуъбаи ҷавонони мактабхони кумитаи марказии комсомол ва котиби КМ комсомоли ҷумҳурӣ интихоб гардид.

Рўзноманигор ва нависандаи дақиқназар Саломиддин Мирзораҳматов бо далелҳои қотеъ менигорад, ки Дмитрий Протопопов ба камолоти роҳбарону мутахассисони ҷавон мушоҳидакорона муносибат менамуд ва чун бо кормандони ҷавони болаёқат муаррифӣ пайдо бикунад, бо вуҷуди ҷавонӣ ва нокифоя будани таҷрибаи меҳнатиашон онҳоро бо ҷасорати ба худ хосаш ба вазифаҳои баланди давлатӣ пешниҳод менамуд. Бо Ўлҷабоев низ ба ҳамин минвол муносибат карда, соли 1941 ўро аз кори КМ комсомол ба дастгоҳи КМ Ҳизби коммунисти Тоҷикистон гузаронд. Дар ин вақт Турсун Ўлҷабоев биступанҷсола буда, ба тўли ду сол дар вазифаи мудири сектори органҳои советӣ кор кард ва баъдан ҷонишини мудири шуъбаи кадрҳо таъин гардид. 

 Пас аз ду сол, дар замони шиддатёбии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Ўлҷабоеви бистуҳафтсола котиби якуми КМ комсомоли Тоҷикистон интихоб мешавад. Қобили қайд аст, ки номзадии ў ба вазифаи баландтарини комсомоли ҷумҳурӣ шахсан бо Сталин мувофиқа шуда буд. Т. Ўлҷабоев қабл аз тасдиқ шудан ба ин вазифа бо ихтиёри худ барои ба фронт рафтан ба курсҳои кормандони сиёсӣ номнавис шуда, бо мақсади хондан ба Маскав рафтагор гардид. Дар арафаи хатми ин курсҳо Д. Протопопов ба Сталин муроҷиат менамояд: "Кулли ҷавонони таҳсилкарда ба фронт рафтаанд ва шахсе нест, ки ташкилоти комсомолии ҷумҳуриро роҳбар шавад. Дар курсҳои кормандони сиёсӣ Турсун Ўлҷабоеви ҷавон таҳсил карда истодааст, ки ў корманди комсомолӣ ва ҳизбӣ аст. Иҷозат диҳед, ки вай ба ҷумҳурӣ баргардад. Дар ақибгоҳ будани ў заруртар аст!"

Моҳи апрели соли 1946 Дмитрий Протопопов аз тарафи муфаттишони НКВД-и Иттиҳоди Шўравӣ дар дафтари кори худ ба ҳабс гирифта шуда, ба Маскав интиқол меёбад. Ин роҳбари рустабор дар Тоҷикистон хизматҳои шоиста намуда, дар муддати кўтоҳ ҷумҳуриро ба роҳи тараққиёт раҳнамунӣ кардааст ва шогирдони асиле тарбият намудааст. Ў то соли 1986 дар Маскав зинда будааст ва хуб мебуд, ки дар диёри мо ба номи ин марди накукор ягон лавҳаи ёдгоре гузошта мешуд.

Тавре ки муаллиф тасвир менамояд, Турсун Ўлҷабоев роҳбари комсомоли ҷумҳурӣ гардида, дар саросари ҷумҳурӣ сафар мекард ва аз гўшаю канори кишвари маҳбуб ҳамкорони оянда - дўстони зиёдеро пайдо менамуд, ки онҳо ба ў содиқ монданд.

Соли 1947 Турсун Ўлҷабоев бо тавсияи аллома Бобоҷон Ғафуров ба Мактаби Олии ҳизбии КМ ВКП (б) роҳӣ гардид. Пас аз хатми он (соли 1950) ў баъди Б. Ғафуров аз ҷиҳати маърифати сиёсӣ шахси дуюм ҳисоб мешуд.

Як нуктаро бояд ёдрас шуд, ки тибқи навиштаҳои духтари калонии Турсун Ўлҷабоев - Рассоми халқии Тоҷикистон Мавҷуда Турсуновна падараш дар хона доимо бо худомўзӣ машғул гардида, китобҳои гуногунро дақиқан меомўхтааст. Ў ҳангоми таҳсил дар Мактаби Олии ҳизбӣ низ вақтҳои холии худро дар Китобхонаи давлатии ба номи Ленин бо мутолиа ва омўзиш мегузарондааст. Бинобар ин, нисбат ба дигар ҳамсафони Бобоҷон Ғафуров ў бештар соҳибмаърифат буда, аз ин лиҳоз ба аллома наздиктар будааст.

Соли 1955 Т. Ўлҷабоев Раиси Шўрои вазирони ҷумҳурӣ таъин мешавад. Дар ин вазифа ў Ҷаббор Расуловро иваз менамояд, ки вай ҷонишини якуми вазири хоҷагии қишлоқи Иттиҳоди Шўравӣ пазируфта шуда буд.

Ҳамон навъе ки муаллифи очерк воқеъбинона тасвир менамояд, Турсун Ўлҷабоев бо хати масири устодаш аллома Бобоҷон Ғафуров пайсипарӣ намуда, дар мадди аввал ободию пешравии иқтисоди диёри азизро мегузорад.

Моҳи апрели соли 1956 пас аз Пленуми навбатии КМ КПСС Бобоҷон Ғафуров ҳамсафонаш Турсун Ўлҷабоев ва Назаршо Додхудоевро ба назди худ даъват менамояд. "Ман дар қабули Никита Хрушёв будам, - мегўяд Ғафуров, - ў ба ман пешниҳод намуд, ки Пажўҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шўравиро роҳбарӣ кунам. Ман розӣ шудам. Ба вазифаи худ Ўлҷабоевро тавсия намудам…"

Маҳз бо кўшишҳо ва ҷаҳду ҷадали котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон Турсун Ўлҷабоев лоиҳаи сохтмони неругоҳи барқи обии Норак тасдиқ гардид, ки ин бузургтарин иншооте буда, симои ҷумҳурии моро ба куллӣ тағйир дод.

Минбаъд бо насосҳои барқӣ обёрӣ намудани заминҳои бекорхобидаи водиҳои Вахшу Бешканд, Ёвону Обикиик ва минтақаҳои самти шимоли Тоҷикистон ба нақша гирифта шуд.

Обанборҳои Қайроққум ва Муъминобод бунёд гардида, обёрии ҳазорон гектар замини ноҳияҳои Хуҷанду Конибодом ва водии Кўлоб имконпазир гардид, сохтмони Неругоҳи барқи обии Сарбанд оғоз ёфт.

Заводҳои электрохимиёвии Ёвон, Алюминийи тоҷик, нуриҳои азотии Вахш, сементи Душанбе, комбинати маъдани кўҳии Анзоб, қолини Қайроққум, нассоҷию шоҳибофии Душанбе низ лоиҳаҳои пешниҳодшудаи Турсун Ўлҷабоев ва ҳамсафони ў мебошанд.

Вале ба ў имкон надоданд, ки ин лоиҳаҳои худро ба анҷом расонад.

Фаъолияти ҷасоратмандонаи роҳбари фидокори ҷумҳурӣ Турсун Ўлҷабоев ҳамагӣ панҷ сол идома ёфт ва иддае аз кормандони КМ ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шўравӣ баъзе амалҳои мустақилонаи ўро написандида,  бе ҳеҷ асос гуноҳи изофанависиро ба ў бор карданд ва аз вазифа сабукдўш намуданд.

Лекин ин марди қавирўҳ шикаста нашуд ва бо ихтиёри худ ба хоҷагиҳои қафомонда рафта, бо меҳнати оқилона ва кордонӣ ин хоҷагиҳоро ба сафи пешқадамон овард. Ва ниҳоят Турсун Ўлҷабоев бо собиқаи аслиаш ба узвияти Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шўравӣ барқарор гардид. Дар давраи зимомдории коммунистӣ ин аз гуноҳ пок шудан ба ҳисоб мерафт, аз гуноҳе, ки ба Турсун Ўлҷабоев бор карда буданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Турсун Ўлҷабоев сухан ронда, чунин гуфтаанд: "Ҳаёт ва фаъолияти ҳамдиёри бузурги моро омўхта, онро ҳамчун мисоли маънавии хизмат ба халқ дастраси умум намудан лозим аст."

Нависанда Саломиддин Мирзораҳматов дар бораи ин фарзандони фарзона асарҳои шоистае эҷод кардааст, ки ба хонанда мақбулу писанд омада, маърифати хубе эҳдо менамояд. Очеркҳои дигари ў, ки ба ҳаёт ва фаъолияти сиёсатмадорон Ҷаббор Расулов, Қаҳҳор Маҳкамов, Раҳмон Набиев, Нусратулло Махсум, олими файласуф Нодир Одилов, шоири тавоно Лоиқ Шералӣ, роҳбари содиқи хоҷагӣ Азиз Холов, ҳунарпешаи мумтоз Зафар Нозимов, соҳибкори муваффақи тоҷик дар Қазоқистон Толиб Санақулов бахшида шудаанд, низ асарҳои дилчаспу дилнишин ҳастанд. Муаллиф ин очеркҳоро ҳам бо маҳорати баланд эҷод намудааст. 

 Бахтиёр Муртазо, Корманди шоистаи Тоҷикистон

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved