• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

Қабл аз он, ки дар бораи Ваҳдати миллиамон ҳарфе гуфт, бояд аз корномаи шахсе сухан кард, ки дар таҳкими он ва дар сарнавишти миллату кишвар нақши калидӣ дорад...  

 

Қаламрави кишвари Тоҷикистон, ки 93 дар сади он кўҳ аст, роҳҳои пурбарф ва мавсимии ағбаҳои мушкилгузар дошт, ки моҳҳо баста мегардиданд.

Дар замони истиқлолият дар минтақаҳои ҷанубу шимол, қисмати шарқии кишвар ва навоҳии тобеи марказ роҳҳои мумфарш ва ҷавобгўи стандарти ҷаҳонӣ сохта ва ба истифода дода шуданд, ки омили муҳимми робитаҳои фарҳангиву иҷтимоӣ ва тиҷоративу иқтисодии минтақаҳои гуногуни кишвар ва дар навбати худ заминаи наздикшавии мардумамон гардид.

Бунёди иншоотҳои муҳимме, ба мисли НБО-и Сангтўда-1, НБО-и Сангтўда-2 ва ниҳоят суръат бахшидан ба сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун, ки имрўз рамзи пешрафту шукуфоии кишвари мо гардидааст, дар таҳкими ваҳдат ва ягонагии мардуми шарифи Тоҷикистон нақши бузург доранд. Мардуми азияткашида ва ҷангдидае, ки дар бунбасти коммуникатсионӣ ва норасоии барқ гирифтор буд, акнун умеди раҳоиро дарк намуда, дар бунёди ин иншоотҳои муҳим даҳчанд меҳнат мекард. Ин иншооти аср муаррифигари сарзамини биҳиштосои тоҷик буда, омили рушди устувори ояндаи кишвар маҳсуб меёбад.

Бунёди НБО-и Роғун    бори дигар мардумро  сарҷамъ ва муттаҳид намуда, ягонагӣ ва ваҳдати миллат ва кулли тоҷикистониёнро тақвият бахшид. НБО-и Роғун, ки  бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат  сохтмони он суръати дигар гирифта, акнун барқ истеҳсол мекунад, сабақи хештаншиносӣ ва ваҳдатофариние дар мактаби фарзонафарзанди ваҳдатовари миллат гардид. Роғун, ки ифтихори миллат аст, меҳанпарастӣ ва тафохури миллиро дар мадди аввал гузошт.

Маҳз сиёсати хирадмандонаи ин абармарди таърих мебошад, ки ваҳдат аз забон ба дилҳо ва ба кору амал гузашт.

Назари нек ва ғамхоронаи ин марди майдони сиёсат аз минтақаҳои кишвари кўҳистони мо фарохтар буда, ба масоилҳои печида ва мураккаби башарӣ дўхта шудааст.  Он рисолати бузурге, ки дар таърих анҷом дод;

 -мардуми парешону ғурбатчашидаро ба ватан баргардонд;

-бо қудрати азалӣ сулҳ овард;

-баҳри таҳкими сулҳу ваҳдат сина сипар кард;

-марҳилаи бунёдкориву созандагиро дар кишвар оғоз бахшид;

мактаби ваҳдатофаринӣ гардид...

Халқ заковати баланд дорад, ки фарзандони бонангу содиқи хешро қадр карда, номи неки онҳоро бо хати заррин дар китоби таърих сабт менамояд. Мусаллам аст, ки мардуми кишвар ба Пешвои хеш бовар дорад. Инро банда дар сафаре, ки тирамоҳ ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳин доштам, бори дигар пурра эҳсос кардам. Дар маркази ноҳия дар чойхонае дам гирифтем, то бо як пиёла чой кўфти роҳ бароварда, сафарро идома диҳем. Ҳамсари пирамарди чойхонадор - пиразани солманд аз барқ сухан ба миён овард. Ҳамсари ў, пирамарди нуроние, ки алави самоварро фурўзон мекард, ба завҷааш рў оварда, бо лаҳни худ посух дод:

-    Ҳамон ҷавонмарди худодод бошад,  ҳама кор  хуб мешавад. Мамлаката аз ҳама балоҳо ранги Сталин баровард. Тинҷиву амонӣ кард. Лимита барҳам дод.

Мо баъди нўшидани як пиёла чой роҳро давом додем. Вале дар гўши ман ҳарфи мўсафеди барнодил садо медод:

- ...ҷавонмарди худодод... Мамлаката аз ҳама балоҳо ранги Сталин баровард...

Воқеан, ин дар назари аввал суханону ибораҳои одии дар миёни  мардум маъмуланд, вале баробари шунидани ин ҳарфҳои одиву самимӣ як ҷаҳон бовар ва як осмон муҳаббати гўянда ба Сарвари мамлакат эҳсос мешуд...

Оре, дуои неки мардуми меҳани азизаш, дуои ин пирамарди чойхонадор, ки қадри амнияту осоиштагиро медонад, дуои пиразане, ки Сарвари давлат ба аёдаташ мераваду аҳволаш мепурсад, дуои мўйсафеде, ки дар ҷанги Олмон ширкат кардаву имрўз раиси ноҳия бо дастураш аз ҳолаш хабар мегирад, дуои ятиме, ки таҳти ғамхории он кас шикамаш сер, танаш пўшида аст, дуои маъюбе, ки чашминтизор асту болои сараш дасти пурнавозиши Сарвари давлатро мебинад, сипараш гардидааст.

Имрўз шоҳидем, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар гирди Сарвару Пешвои муаззами хеш ҷамъ гардида, пайи ободкориву созандагӣ талош меварзанд.

Фарҳанг, ки симои миллат буда, ҳунарҳои мардумӣ, аз он ҷумла либоси миллӣ, ки чеҳраи ҳар миллатро инъикос месозад, метавонад дар таҳкими ваҳдати миллат нақши муассир иҷро намояд. Зани ҷопониро бо ҳамон кимоное, ки хоси бонувони ин кишвар аст, ҳиндузанро бо сарӣ мешиносанд. Боиси хушнудист, ки  чакани тоҷик дар қатори ҳунарҳои олам шинохта шуда, маҳсули ин ҳунари воло ва пурзаҳмат ба берун аз кишвари мо роҳ ёфт. Ҳунари чакан дигар моли як минтақа нест ва ногуфта намонад, он хеле қадимист. Зардевориҳо, куртаҳои занона ва миёнбандҳои мардонаи чакан, ки дар хеш рамзи офтоб, рамзи ориёиҳоро таҷассум мекунанд, далели ин гуфтаҳоянд. Имрўз дигар тафовут миёни либоси миллии хоси ин ё он минтақа қариб намондааст. Пас месазад, тарроҳони мо кўшишу заҳмате кашида, либосҳои замонавии чаканро дар омезиш бо либоси шинами бадахшӣ, тоқиҳои хушдўхти шуғнониву рўшонӣ, атласу адраси миллӣ омода созанд, ки он фарҳанги ягонаи либоспўшии миллиро асос гузошта, барои таҳкими ваҳдат  хидмат намоянд.

Ваҳдат омили асосии пешрафти ҷомеа ва, муҳимтар аз ҳама, таъмини амнияти мардум маҳсуб меёбад. Шукри Яздони пок, ки моро ба шарофати Сарвари хирадмандамон Ваҳдати миллӣ насиб гардида, дар замони осоишта зиндагӣ дорем.

Ҳанифаи МУҲАММАДОХИР, нависанда

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved