• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

22 июн дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷўраев бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ ва 55-солагии ансамбли эстрадии "Гулшан" таҳти унвони "Шарораи хотираҳо" барномаи фарҳангӣ баргузор мегардад. Дар он санъаткорони маъруф, сарояндагони ансамбли овозадори эстрадии "Гулшан", аз ҷумла Баҳодур Неъмат, Мағфират Ҳамроқулова, Раҳима Шалоэр, Тамара Пўлодова, Маҳбуба Боҳирова, Исматулло Холиқов, Татяна Барило ва Бахтиёр Иброҳимов иштирок менамоянд.

 

"Гулшан" яке аз дастаҳои маъруфи ҷумҳурӣ дар замони собиқ Иттиҳоди Шўравӣ буда, моҳи майи соли 1964 дар назди Кумитаи давлатии Тоҷикистон оид ба телевизион ва радио таъсис ёфтааст.

Дар ҳайати дастаи "Гулшан" бо роҳбарии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Орифшо Орифов Тоҷиддин Муҳиддинов, Мағфират Ҳамроқулова, Муқаддас Набиева, Хурмо Ширинова, Раҳима Шалоэр, Баҳодур Неъмат, Умар Зиёев ҳунарнамоӣ намуда, натанҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он шуҳрат пайдо карданд.

Оҳангҳои халқии "Дилбари ҷон", "Сокина", "Чеҳраи зебо", "Гулумой", "Чакра чакидан гирад" ва "Эй санам" то ҳол дар байни мардум маҳбубият доранд.

Соли 1980 ин ансамбл барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи  устод Рўдакӣ шудааст. 

АМИТ «Ховар»

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved