• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

 

Мардуми Фаронса ба назму насри тоҷикӣ-форсӣ аз садаҳои қабл меҳру муҳаббати хоса доранд. Адабиёт ва санъати фаронсавиҳо низ миёни халқи мо маҳбубияти басо зиёд касб кардааст. Дар асри 19 аллома Аҳмади Дониш зимни сафар ба Петербург ҳунарнамоии санъаткори варзидаи Фаронса Аделина Паттиро тамошо карда, ҳунари операвии ўро чунин васф намудааст:

 

 Ба Аделина Патти

Потии порисӣ, он сарвқаду зуҳраҷабин,

Дар табассум сўи доман зи даҳан гул мерехт.

Зулфи пурчини хам андархами ў  дар буни гўш

Обрўи тарӣ аз ҷабҳаи сунбул мерехт.

Диданаш он ҳама кайфияти ҳайрат медод,

К-ў зи саҳбои нигаҳ дар кафи он мул мерехт.

Аз Фетербурх азимат чу ба Амрико кард,

Нолаҳо аз сару аз по ҳама ғулғул мерехт.

Дар ин порчаи манзум бар иловаи тавсифу санъатҳои олии шеър вожаҳои "Порис" (порисӣ), Фетербурх (Петербург), Амрико аз андешаи пешқадам ва маорифпарварии адиби бузургамон шаҳодат медиҳанд. Таваҷҷуҳи мардуми Бухороро ба ин васила ба санъати Фаронса ва умуман Аврупо бедору таҳрик бахшидани Аҳмади Дониш воқеан ҷасорату шуҷоати бемисл мебошад.

Дар даврони навин муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистону Фаронса  густариши тоза пайдо карданд. Чанде пеш ба муносибати Рўзи ҷаҳонии Хайём ҳамин гуна нишасти хотирмон доир шуд, ки дар он Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор Сафӣ ширкат намуд. Сафири Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бону Ясмин Гуедар дар номааш ба шоираи тоҷик аз ҷумла нигоштааст: " Гулрухсори азиз, ман барои шоми шоиронаи зебо, ки Шумо бароямон рўзи 2-юми май дар чойхонаи "Роҳат" муҳайё намудед, миннатдорам. Чунин имконият, ки гузарондани ин тадбир ҳамроҳи Шумо дар яке аз ҷойҳои рамзии Душанбе ҳузури  алоқамандони зиёдро муҳайё гардонд, барои ман мояи шодмонист. Қироати ашъор ба забонҳои тоҷикӣ, фаронсавӣ, англисӣ ва японӣ ба ҷойгоҳи баланди ин шоири бузурги тоҷику форс далолат карда, моҳияти густардаи рубоиёташро нишон медиҳад. Ин шоми тавъам бо мусиқию рақс, бовар дорам, дербоз дар хотири ҳозирин хоҳад монд. Ман итминон дорам, ки мо ҳамроҳ корҳои тозаро роҳандозӣ намуда, таввасути ҳамкориамон меҳру ихлосамонро ба назм тақвият мебахшем".

              ШАҲЁД, «АС»                ШАҲЁД, «АС»  

 

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved