• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд даври шаҳрии озмуни "Фурўғи субҳи доноӣ…" байни муҳассилини макотиби миёнаи умумии шаҳр  баргузор гардида, ғолибон муайян шуданд.

 

Дар натиҷаи баҳогузории ҳайати ҳакамон шоҳҷоиза насиби хонандаи синфи 10-уми  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №10 Фирўза Шарифова гардид. Барандаи шоҳҷоиза аз ҷониби  шуъбаи маорифи шаҳр бо маблағи пулӣ сарфароз гардонда шуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ "Ховар" хабар доданд,  17 нафар ғолибон, соҳибони шоҳҷоизаҳои макотиби шаҳри Хуҷанд  дар озмуни ниҳоии "Фурўғи субҳи доноӣ…" байни муҳассилини макотиби миёнаи умумии шаҳр дониши хешро дар назди доварон ба намоиш гузоштанд. Мавриди зикр аст, ки дар озмуни "Фурўғи субҳи доноӣ…" дар маҷмўъ аз макотиби шаҳри Хуҷанд беш аз 600 нафар хонандагон  фаъолона иштирок намуданд.

"Ҳадафи аслии озмуни "Фурўғи субҳи доноӣ…" баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ мебошад", -афзуд манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки Озмуни "Фурўғи субҳи доноӣ…", ки ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷўёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандон роҳандозӣ гардидааст, дар шаҳру навоҳии  мамлакат  бо маром ҷараён дорад.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved