• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

Боздиди Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз НБО-и Роғун, ки рӯзи 26 июли соли равон сурат гирифт, боиси шодмониву ифтихори ҳамватанон гардид. Шукуҳу шаҳомат, бузургии кохи нури Роғун, ки ҳамаи мо тавассути наворҳои телевизиони кишвар шоҳиди он гаштем, эътимоди моро ба фардои дурахшони ватан дучандон намуд. Халқи мо шукргузор аст, ки бо ғамхории Сардори давлатамон солҳои охир маҳдудияти барқ бекор гардида, шаҳру деҳоти кишварамон бемамониат бо барқ таъмин карда мешавад. Бунёди НБО-и Роғун ин дастоварди миллату давлати моро афзун хоҳад кард.

 

Сафарҳои кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба манотиқи мухталифи кишвар ҳамеша созанда буда, ба сокинон рӯҳу илҳоми тоза ва ба корҳои ободонию созандагии онон равнақи нав ато менамояд. Аз ҷумла, сафари Пешвои миллат ба шаҳри Роғун ва дидан намуданашон аз қитъаҳои гуногуни сохтмони Кохи бузурги нур - НБО-и "Роғун" ва вохӯриву мулоқотҳояшон бо бунёнгарони ин кохи бегазанд низ боиси рӯҳбаландии муттахассисону коргарони он гардид. Сарвари давлат ҷиҳати дар сатҳи баланд ва ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ анҷом ёфтани корҳои сохтмонӣ дастуру фармоишҳои мушаххас доданд, то тавонад ин неругоҳ садсолаҳо ба мардуми кишвар ва минтақа хидмати босифат намояду дар таъмини аҳолӣ бо неруи барқи арзон ва аз лиҳози экологӣ тоза саҳми босазо дошта бошад.

Воқеан, ин неругоҳро бо ҳама бузургӣ ва азаматаш метавон "бораи нангу номуси миллат" номид, зеро тӯли солҳое, ки он бунёд гашта истодааст, мардумони минтақаҳои мухталифи кишвар ба ҳам омадаву даст ба дасти ҳам дода, мехоҳанд ҳарчи зудтар он анҷом пазирад, дар рушду шукуфоии иқтисоди мамлакат саҳим бошад ва бад-ин васила барои боз ҳам беҳтар гаштани сатҳу сифати зиндагии худу ояндагонашон хидмат намояд. Пас сохмони ин неругоҳи бузург дар қатори сохтмон ва ба истифода дода шудани роҳҳои дараҷаи байналмилалии ҳудуди кишвар тавонист омили  ваҳдату якдилии тоҷикон гардад.

Сарвари давлат зимни ироаи Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии мамлакат иброз дошта буданд, ки имсол барои иҷрои корҳои сохтмонӣ дар Роғун аз буҷаи кишвар панҷ миллиард сомонӣ ҷудо мегардад, ки ин нисбат ба маблағи барои соли 2017 ҷудогардида 300 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ин арқом гувоҳӣ аз он медиҳад, ки Сарвари давлат ба анҷоми ҳарчи зудтари корҳо дар ин иншооти ҳаётан муҳим  ҷиддан муносибат менамоянд ва корҳои сохтмониву васлу насб намудани таҷҳизот дар ин ҷо суръати бештар касб хоҳад кард.

Зимни сафари навбатӣ ба Пешвои миллат муттахассисону кормандони НБО-и "Роғун" иттилоъ доданд, ки то имрӯз дар ин ҷо, хосса дар қитъаи гузариши нақбҳои сохтмонии СТ-1, СТ-2  корҳо бомаром идома дошта,  қитъаи гузариши нақби сохтмони СТ-1 то оғози фаъолияти нахустин агрегати неругоҳ пурра ба анҷом расидаву мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.

Дар ин ҷо ҳамчунин бинои махсус барои обгузаронии селобаи эҳтимолӣ муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти гидромеханикӣ бунёд шуда истодааст, ки сохтмони он дар арафаи анҷомёбист.

Корҳои нақбканӣ дар ин иншоот пурра ба анҷом расида, он комилан бетонпӯш хоҳад гашт.То кунун дар он чор адад дарвозаи таъмирию садамавӣ насб гардидааст, ки ҳар кадом 263 тонна вазн доранд. Ин таҷҳизотро ширкати "Трест - гидромонтаж"-и Русия дастрас ва насб намудааст.

То имрӯз зимни таҷҳизонидани бино барои гузаронидани селобаи эҳтимолӣ зиёда аз 9074 тонна  варақаҳои оҳанин васлу насб гардидааст, ки ин гувоҳ аз сифати баланди корҳои анҷомёфта мебошад.

Азми бунёнгузорони ин боргоҳи нур ҷиҳати ба истифода додани нахустин агрегатҳои он қатъист ва баҳри амалӣ гаштани ин амри хайр онҳоро дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илҳомбахшу роҳнамост.

Ибодулло ШАРИФ

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved