• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

Тавре қаблан иттилоъ дода будем,  субҳи имрӯз шоири маъруфи тоҷик, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Бозор Собир дар синни 79-солагӣ дар яке аз бемористонҳои шаҳри Сиэтли Вашингтон аз олам даргузашт.

Аҳли илму адаби тоҷик аз хидматҳои бузурги устод Бозор Собир дар рушду нумӯи адабиёти тоҷик ёдоварӣ карда, даргузашти ин шоири ватансароро барои халқи тоҷик, адабиёти тоҷик ва фарҳанги тоҷик талафоти бузург арзёбӣ намуданд.

 

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Саидқул Билолов аз марги ин шоири маҳбуби тоҷик сахт андӯҳгин буда, зикр кард, ки дар ин рӯз барояш сухан гуфтан бисёр душвор аст. «Дар сад сол як шоир таваллуд мешавад. Устод Бозор тасвиргари беҳамто буд. Ҳар як шеъри ӯ саҳифаи таърихи бузурги халқи тоҷик аст. Саҳми ӯ дар худшиносӣ, ҳуввияти миллӣ ва шинохти таъриху фарҳанги тоҷик бузург аст»,- иброз дошт ӯ.

Мавриди зикр аст, ки Саидқул Билолов аз ҷумлаи сарояндагони ашъори ин шоири ватансаро аст ва шояд мисли ӯ аз шеърҳои марғуби ин шоири соҳибшуҳрат тарона насохта бошад. Ин ҳунарманд борҳо бо Бозор Собир шабнишиниҳои муштараки шеъру тарона барпо кардааст.

Ба нақли ин ҳунарманд, ба зиёда аз 50 шеъри ин шоири беҳамто оҳанг офаридааст. «Дар маҷмӯъ, зиёда аз 400 суруде, ки дар хазинаи радио маҳфуз аст, ин 50 суруд ҷои хоса дорад ва барои ман бисёр азиз аст. Бозор Собир барои ман устод, дӯст ва бародар аст. Ӯ дар адабиёт ва хотираҳои мо ҳамчун тасвиргари беҳамто абадӣ мемонад. Ба қавли шоир: «ҷои ӯ дар дида буд, акнун ба дилҳо рафтааст»,-афзуд С. Билолов.

 

Шоира Гулрухсор низ даргузашти ин шоири маҳбубро фоҷиаи бузург барои мардуми тоҷик унвон кард. Номбурда изҳори таассуф кард, ки ин шоири ватандӯсту ватансаро аз Ватан дур ин дунёро падруд гуфт. «Бозор Собир ҳарчанд солҳо дур аз Ватан буд, вале ҳамеша бо Тоҷикистон мезист ва ҳушу ёдаш ҳамеша ба миллату Ватанаш буд. Имрӯз ин шахсияти бузург аз байни мо рафт, вале ашъори беназири ӯ барои наслҳои имрӯзаву оянда аҳамияти бузург дорад. Бо рафтани Бозор мо, мардуми тоҷик бисёр чизҳоро аз даст додем»,-гуфт шоираи тоҷик Гулрухсор Сафиева.

Ҳунарешаи шоистаи Тоҷикистон Муҳаррама Шарифова, ки аз замони донишҷӯияш бо устод Бозор ошноӣ дошт, мегӯяд: «Бисёр як марги такондиҳанда. Устод Бозор Собир инсони нотакрор, самимӣ, эҷодкори асил бо сухангӯиву муносибаташ аз дигарон фарқ мекард.  Ҳангоми суҳбат бо ӯ масрур мегардидаму илҳом мегирифтам. Ашъори намакини ӯро зиёӣ ҳам меписандиду деҳқони барзгар ҳам. Ҷойи ӯ дар дили дӯстон ва шогирдон холӣ мемонад».

Бародарзодаи шоири шаҳир Мақсуд Собир ва хоҳараш Бибикалон Собирова дар суҳбат бо мо  ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсан ба Пешвои миллат барои дастгирии ҳамешагӣ изҳори ташаккур гуфтанд: «Дастгириҳои Пешвои миллат буд, ки бародари мо дар давлати бегона худро танҳо ҳис накард. Ҳамеша таҳти назорати шахсони масъул қарор дошт. Афсус, ки бародари шоирам дар баҳори нозанин, дар фасли дӯстдоштааш, ба дидори Ватан ва ёру дӯстон ва ягона хоҳари муштипар нарасида, ин дунёро падруд гуфт. Бародарам Бозор баҳору боронро дӯст медошт. Имруз Бозори Ватанро баҳору борон аз мо рабуд. Мутаассифона, бинобар беморӣ зебоиҳои имсолаи баҳорро дида натавонисту ба зиндагӣ падруд гуфт. Табиат ҳам баробар бо халқи тоҷик барои бародари шоирам, бародари ватандӯстам мегиряд» — мегӯяд Бибикалон Собирова.

Дар хами пуштаҳои Файзобод

Чашм дар роҳи куҳна шому саҳар

Кудакиям ҳануз гирён  аст,

Дар кафи ӯ хати сиёҳи падар

Журналисти шинохта Сайрам Бақозода дар суҳбат бо мо гуфт: «Аз марги устод Бозор сахт андӯҳгинам. Устод Бозор, устоди сухани баланд, устоди шеър, шоири ватансарои миллат буд ва хоҳад монд. Ин талафоти сангинест барои  миллат, барои халқи тоҷик, барои ҳаводорони шеъру сухани баланд. Ин мусибатест  басо сангин ва бузург. Бо устод Бозор якчанд суҳбатҳои телевизионӣ доштам, хеле пурдард аз ватану ватанхоҳӣ ва ҳифзи ҳувияти миллӣ дар замони ҷаҳонишавӣ сухан карда, такрор ба такрор таъкид мекарданд, ки замони ҳифзи ватану забони тоҷикӣ расидааст ва мо бояд мисли устод Айнӣ дар муқобили ин ҳуҷумҳо ва таҳдидҳои ҷаҳонишавӣ мусаллаҳ бошем, дифо аз забону ватану ҳастии ҷовидонаи миллат намоем. Устод Бозор Собир шоири халқ буд ва хоҳад монд дар қалби ҳазорон  ҳаводорони шеъраш».

                                                                                                                                                                                              http://khovar.tj

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved