• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

Таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода гурӯҳи таблиғотӣ бо шумули роҳбарони як зумра вазорату идораҳо, аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Шӯрои ҷамъиятӣ, Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, шоирон, нависандагон, рассомон, ходимони театр ва кино, рӯзноманигорон, ҳунармандони Филармонияи давлатии Тоҷикистон ҷиҳати мулоқоту суҳбат бо сохтмончиёни НБО-и "Роғун" аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Роғун рафтанд.

 

Дар шаҳри Роғун ҳайати таблиғотӣ ба се гурӯҳ ҷудо шуда, бо сохтмончиёну муҳандисон, кормандони  техникӣ, ронандагон, нақбканон дар майдонҳои сохтмонӣ суҳбату мулоқоти самимӣ анҷом доданд. Дар баробари ин, аъзои гурӯҳ бевосита бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар сарбанди неругоҳ, толори мошинҳо, озмоишгоҳи марказии сохтмонӣ, инчунин ҳолати нақбҳо ва дигар иншооти техникӣ-муҳандисӣ аз наздик шинос шуданд. Тавре муҳандисону сарварони қитъаҳои корӣ иттилоъ доданд, корҳо дар ҳамаи самтҳо ва бахшҳои сохтмонии НБО-и "Роғун" бо сифати баланд ва тибқи реҷаи тасдиқшуда идома доранд.

Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим дар бораи саҳми адибони мамлакат дар тарғибу тасвири ободкорӣ ва созандагии Ҳукумати ҷумҳурӣ, асарҳои манзуму мансури иникоскунандаи бунёдкориҳои халқамон сухан ронда, шеърҳои тозаашро қироат кард. Адибон  Гулназар, Камол Насрулло, Бароти Абдураҳмон, Зулфия Атоӣ, Муҳтарам Ҳотам, Ато Мирхоҷа, Парда ҳабиб, Раънои Мубориз, Озар, Сафар Айюбзодаи Маҳзун бо сохтмончиён суҳбат ороста, аз ашъорашон намунаҳо хонданд.

Шоирон зимни суҳбат бо сохтмончиён дар мавзӯъҳои ифтихор аз Ватану ватандорӣ, васфи баҳори наву Наврӯзи ҷаҳонӣ, инчунин қаҳрамониҳои коргарону сохтмончиёни неругоҳи "Роғун" шеъру ғазалҳо қироат карданд.

Ҳунармандони маъруфи ҷумҳурӣ бо суруду навои фараҳбахшу дилнишин ба фазои сохтмонӣ рӯҳияи идонаи наврӯзӣ бахшиданд.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved