• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

-Паёми навбатии Президенти кишвар "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурии Тоҷикистон" чун ҳамеша миллатро ба сӯи дастовардҳои бузург ҳидоят месозад. Суханроии худро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо чунин ҳарфҳои илҳомбахш оғоз мекунанд: "Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба василаи таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад." Воқеан чунин аст, дар чанд соли охир Тоҷикистони азиз ба дастовардҳои бузурге ноил гардид ва мегардад, ки зиндагии мардум беш аз пеш хубтару беҳтар мешавад. Асли ин дастовардҳо бар пояи сулҳ ва оромии кишвар аст, вақте миллат дар сулҳу оромиш зиндагӣ мекунад, метавонад барномаҳои стратегӣ, орзуву ниятҳои худро бароварда бисозад. Ҷавҳару асли Паёми Президенти кишвар низ аз ҳамин ҷо маншаъ мегирад, яъне ободиву созандагӣ ва муҳайё кардани зиндагии шоиставу сарбаландона барои халқ. Дар Паёми навбатӣ нуктаҳои муҳим ва заруру омӯзанда бисёр аст ва ҳар бахши сохторҳои давлатӣ, вазорату идораҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бояд аз он оқилонаву содиқона истифода бубаранд. Бетардид, дар сурати бардоштҳои амиқу дақиқ аз  нукоти Паём халқи тоҷик дар соли равон ҳам уфуқҳои тозаву навро дар ҳама самтҳо барои худ мекушояд.

 

Бо вуҷуди он ки мардуми тоҷик дар сулҳу салоҳ ба сар мебарад, Пешвои миллат дар андешаи боз ҳам мустаҳкаму устувор кардани марзҳои кишваранд. Аз тарафи дигар, барои ҳамаи  сайёҳону меҳмононе, ки ба Тоҷикистон ворид мешаванд, муҳлати ба қайдгирӣ дароз карда мешавад. Чунин аст, ки дар Паёми худ Сарвари давлат вазифадор мекунанд, ки ҳар чи зудтар шабакаи ягонаи сарҳадӣ сомон дода шавад. Дар ин бора Президенти Тоҷикистон чунин мефармоянд: "Тамоми гузаргоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба шабакаи ягона пайваст карда, низоми идоракунӣ такмил дода шавад. Ҳукумати мамлакат вазифадор карда мешавад, ки масъалаи мазкурро дар муҳлати ду моҳ ҳаллу фасл намояд" Ин масъала чун ҳалли худро пайдо кунад, бо итминон метавон гуфт, он имконият медиҳад, ки вуруду хуруҷи сайёҳону меҳмонон ба Тоҷикистони нозанин бамаротиб осонтару роҳаттар гардад. Аз самтҳои бисёр муҳимми дигар, ки барои рушди кишвар ва зиндагии сазовори мардум такони бузург медиҳад,  таъсиси бештари минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар кишвар мебошад. Роҳбари давлат дар бораи аҳаммияти  моддиву фарҳангии таъсиси бештари минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Паёми хеш чунин мефармоянд: "Фаъолияти минтақаи озоди иқтисодӣ вобаста ба ҷалби сармоя ва ташкили инфрасохтор бояд тақвият дода шавад. Ҳукумати кишвар бояд мушкилоти ҷойдоштаи минтақаҳои озоди иқтисодиро омӯхта, барои тақвият бахшидан ба фаъолияти онҳо ва ташкили дигар минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар ҳудуди мамлакат тадбирҳои иловагиро амалӣ намояд".

 Аз масъалаҳои дигари умда ва ниҳоят барои миллат зарур, ки Пешвои миллат дар тозапаёми худ мавриди баррасӣ қарор дод, амнияти озуқаворӣ аст. Дар робита ба ин масъала Роҳбари давлат соҳибкорону воридкунандагони ин колоро шадидан ҳушдор медиҳад: " Ҷиҳати пешгирии воридоти молу маҳсулоти пастсифат ва ғайристандартӣ мақомоти ваколатдорро зарур аст, ки доир ба риояти ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон" чораҳои таъхирнопазир андешанд ва дар ин самт барномаи бехатарии маҳсулоти озуқавориро таҳия ва амалӣ намоянд". Дар ҳошияи ҳамин ҳушдори бамаврид Сарвари кишвар дар идомаи нишон додани роҳҳои ҳаллу фасли мавзӯъ дар мавриди амнияти озуқаворӣ супориш доданд: "Ҳукумати кишвар вазифадор карда мешавад, ки бо дарназардошти талаботи воқеии аҳолии мамлакат ба маводи озуқа ва дастрасии сокинон ба ғизои хушсифат барномаи нави давлатии амнияти озуқавориро таҳия ва татбиқ созад".

  Тозапаёми Президенти кишвар марбут ба тамоми самтҳои зиндагии маънавиву фарҳангӣ ва  иқтисодии кишвар буда, ҳар фардро вомедорад, ки дар татбиқу амалӣ гардидани он саҳм бигзорад. Тарбияти насли ҷавон, стратегияи рушди сайёҳӣ то соли 2030, воридоти технологияи пешрафта ба кишвар, зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ, содироти он, ҳифзи суннату фарҳанги миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маориф ва илм ва дигар масъалаҳои аввалиндараҷа дар Паёми Пешвои миллат равшану возеҳ нишон дода шудааст. Танҳо лозим аст, ки барои амалӣ гардидани он ҳама масъалаҳои дарҷшуда, даст ба даст дар канори ҳам барои рушди Тоҷикистони азиз саъю азм намоем.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved