• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

"Санъати сухан"-и Тӯрақул Зеҳнӣ яке аз муҳимтарин ва арзишмандтарин китобҳои илмиву адабӣ дар шинохти асари бадеист, ки солҳост барои навомӯзони роҳи шеъру донишандӯзони ҷавони риштаҳои адабиётшиносӣ ва умуман барои донишгоҳу донишкадаҳо дар соҳаи адабиёт ва забони адабии тоҷикӣ ҳамчун дастур хидмат карда истодааст. Бахшида ба панҷоҳсолагии ин асари пурарзиш бо ибтикори ДМТ ва ИНТ бо иштироки донишмандону адабиётшиносон ва адибон маҳфили илмӣ-адабӣ баргузор гардид.

 

Декани факултети филологияи ДМТ Сироҷиддини Эмомалӣ маҳфилро ҳусни оѓоз бахшида, бо мулоҳизаронии мухтасар дар бораи арзишҳои илмии "Санъати сухан"-и Тӯрақул Зеҳнӣ риштаи суханро ба шоир, мунаққид ва адабиётшинос Рустам Ваҳҳобзода дод.

Рустам Ваҳҳобзода зимни баромади худ дар мавриди муҳимтарин масъалаҳои шеършиносӣ ва саҳми "Санъати сухан" дар ин раванд ибрози назар намуда гуфт: "Санъати сухан" китобест, ки дар навъи худ камназир аст ва ба ин хотир як донишгоҳеро мемонад, ки ҳар кас ба таври мустақил, бидуни раҳнамои махсус ҳам метавонад аз он дарс бигирад. "Санъати сухан" ҳанӯз ҷойгоҳи амалии худро ҳифз кардааст, дар ҳоле, ки баъди ин китоб чандин китобҳои дигар дар мавзӯи матраҳи китоби мазкур рӯи чоп омадаанд. Яке аз вижагиҳои барҷастаи ин китоб ин аст, ки бо шеваи бисёр амалӣ ва бо баёни бисёр муфассалу сода барои мо улуми адабиро бозгӯ мекунад, санъатҳои бадеиро ёд медиҳад ва мисолҳое, ки барои ин санъатҳо меорад, аз назари васеъ, дақиқ ва огоҳиҳои бисёр амиқи соҳиби ин китоб гувоҳӣ медиҳанд".

 Ато Мирхоҷа, муовини аввали раиси ИНТ низ аз арзиши илмиву адабии китоби мазкур  сухан гуфта, чанд лаҳзаи аҷибу омӯзандаеро аз солҳои дар донишгоҳ дарс гуфтанаш марбут ба китоби "Санъати сухан" нақл кард. Мавсуф аз ҷумла иброз дошт: "Вақте дар солҳои сахту мушкил дар Донишгоҳи Хоруѓ дарс мегуфтам, китоби "Санъати сухан"-ро дар даст доштам ва маҳз аз рӯи он бо донишҷӯёни риштаи суханшиносӣ дар мавзӯъи шеър ва саноеъи бадеӣ суҳбатҳо мекардам. Ѓайри як нусхаи дар дастдоштаи ман аз ин китоб, ки ҷилди сурхи мунаққашу дилрабо дошт, нусхаи дигаре набуд. Ин китоб ба ҳадде миёни донишҷӯён аз даст ба даст мегашт, ки фарсуда гардид. Азбаски ин китоб ҳамон замон китоби рӯимизии ман ва роҳнамои бисёре аз донишҷӯёни риштаи суханшиносии Донишгоҳи Хоруѓ буд, онро бо тамоми фарсудагияш чун нусхаҳои муътабари хаттӣ, ки аввалу охирашон афтодааст, дар китобхонаи шахсии худ ҳифз менамоям ва бароям хеле азиз аст".

Абдураҳмон Абдуманнон, адабиётшинос ва мунаққиди варзида низ чанд назари ҷолиби худро оид ба китоби мазкур баён намуд ва лаҳзаҳои хотирмонеро аз ҳаёти Тӯрақул Зеҳнӣ, ки бевосита худ шоҳиди онҳо будааст, нақл намуд. Ба ин восита симои воқеии Тӯрақул Зеҳниро ҳамчун инсони наҷибу хоксор ва донишманди ѓамхору фарҳехта ба донишҷӯён шиносонид.

Муртазо Зайниддинов, устоди донишгоҳи мазкур аз фаъолияти тарҷумониву рӯзноманигории Тӯрақул Зеҳнӣ сухан ба миён оварда, дар баробири китоби "Санъати сухан" аз фаъолияти забоншиносӣ ва дигар паҳлуҳои илмиву эҷодии ӯ низ ёдоварӣ намуд. Ба қавли номбурда, Тӯрақул Зеҳнӣ дар ҳама бахшҳо тавфиқи тамом ёфтааст.

Дар охир гуфта шуд, ки гиромидошти ин китоб дар ДМТ аз он ҷиҳат мантиқӣ ва муфид аст, ки он маҳз барои донишҷӯёни риштаи суханшиносӣ барномаи асосӣ ва китоби рӯимизист.

 

 

Муҳриддин САБУРӣ

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved