• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

Таърихи ба вуҷуд омадани ҳафтаномаи “Адабиёт ва Санъат” ба таъсиси ҳафтаномае бо номи “Маориф ва Маданият” бармегардад. Ҳафтаномаи “Маориф ва маданият” дар таърихи 2 апрели соли 1959 аввалин бор нашр шуд. Баъди се даҳсолаи фаъолият, дар таърихи 1-уми январи соли 1959 ба ҷои ҳафтаномаи “Маориф ва маданият” ду ҳафтанома- “Маданияти Тоҷикистон” ва “Газетаи муаллимон” таъсис ёфт. Баъдтар соли 1984 ҳафтаномаи “Маданияти Тоҷикистон” ба “Адабиёт ва Санъат” тағйири ном кард ва то имрӯз бо ҳамин ном нашр мешавад.

Ҳафтаномаи “Адабиёт ва Санъат” минбари эҷодкорони Тоҷикистон буда, дар таъсис ва нашри он чеҳраҳои матраҳи илму адаби тоҷик саҳми хоса доранд. Ҳафтанома асосан ба нашри осори адибон ва ҳунармандони тоҷик машғул буда, дар охирҳои солҳои бақои Шӯравӣ нақши муҳим дар бедории руҳияи миллӣ ва худшиносии миллӣ гузоштааст. Дар охирҳои солҳои 80-ум ва аввали солҳои 90-ум ҳафтаномаи “Адабиёт ва Санъат” як силсила мақолаҳои муҳим дар ҳимояти забони тоҷикӣ нашр намуда, дар мақоми расмӣ гирифтани забони тоҷикӣ нақши муҳим бозидааст. Дар он солҳо ҳафтаномаи “Адабиёт ва Санъат” яке аз серхонандатарин ҳафтаномаҳои ҷумҳурӣ буд. Шумораи нашраш аз 100 ҳазор нусха бештар буд.

Ҳафтаномаи “Адабиёт ва Санъат” дар солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ низ нашраш қатъ нашуд ва бо инъикоси ҳаводиси адабиву фарҳангӣ ва иҷтимоии кишвар чароғи маърифатро фурӯзон нигоҳ медошт.

Рубликаҳои хоси ин ҳафтанома “Наср”, “Назм”, “Ҷашнома”, Бозёфт”, “Рӯйдодҳои адабӣ ва фарҳангӣ”, “Тадқиқот”, “Нақди адабӣ”, “Тақриз” “Мероси ниёгон”, “Баҳсу андеша”, “Нигористон”, “Гулбоғи адаб”, “Фарҳанг”, “Шодбошӣ”, Мушфиқӣ", "Тарҷума" "Гулшани адаб" "Чеҳраи ҳунар" "Авроқи таърих" ва ғайра мебошад.

Дар ҳафтанома шеърҳои тозанашри шоирони номдори мо Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Муъмин Қаноат, Мастон Шералӣ, Ҳабибуллоҳ Файзулло, Ғоиб Сафарзода,  Убайд Раҷаб, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор, Гулназар, баъдтар шоирони он вақт ҷавон Рустами Ваҳҳоб, Фарзона, Сиёвуш, Низом Қосим ва дигарон нашр мешуд.

Ҳафтаномаро чеҳраҳои номдори адаб ва журналистикаи тоҷик раҳбарӣ кардаанд. Ҳафтанома дар замони раҳбарии Мазҳабшо Муҳаббатшоев мавқеи муҳим дар байни матбуоти тоҷик пайдо карда, шумораи нашраш рӯз ба рӯз меафзуд. Мурури иҷмолӣ ба шумораҳои он солҳо далел бар он аст, ки ҳафтанома ба нашри  матолиби ҷиддӣ мағул буда, бо тарҳи мушкилот ва проблемаҳои  фарҳангу адаб ва пешниҳоди роҳҳои ҳалли он ба пешрафти ин соҳа мусоидат кардааст. Дар замони раҳбарии Аскар Ҳаким низ мавқеи ҳафтаномаи “Адабиёт ва Санъат” устувор буд. Дар ин давра низ ҳафтанома бо нашри мақолаҳои дар мавзуҳои дар он замон муҳим-таърихи тоҷик, забон, фарҳанг, худшиносии миллӣ ва ғайра ҷойгоҳашро дар фазои матбуоти тоҷик ҳифз кардааст.

Давраи мушкили фаъолияти ҳафтаномаи “Адабиёт ва Санъат”, ки ҷанги шаҳрвандӣ ҷараён дошт ва вазъият буҳронӣ буд, ба давраи роҳбарии Гулназар Келдӣ рост меояд. Дар ин солҳо шумораи нашри ҳафтанома ба далели вазъияти бади иқтисодӣ кам шуда, бо вуҷуди мушкилоти зиёд ҳафтанома нашр мешуд.

Дар замони сармуҳарририи Кароматулло Мирзо, ки алакай Тоҷикистон ба фазои осуда ва ваҳдати миллӣ баргашта буд, ҳафтаномаи “Адабиёт ва Санъат” бо нашри мақолаҳо дар мавзуҳои сулҳу ваҳдат, худшиносии миллӣ, истиқлол ва ватандустӣ дар таҳкими фазои сулҳу ваҳдат ва боло бурдани руҳияи худшиносӣ ва ватандӯстӣ нақш бозидааст.

Дар давраи сармуҳарририи Мансур Суруш ҳафтаномаи “Адабиёт ва Санъат” бо нашри мақолаҳои ҷолиб ва хондани мақеияшро ҳифз кард. Ҳоло Парда Ҳабиб сармуҳаррири ҳафтанома буда, дар давраи роҳбарии ӯ теъдоди хонандагони он афзуда, теъдоди нашраш ба беш аз 9 ҳазор расидааст.

Муассисони ҳафтанома: Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати эҷодии ҳафтномаи “Адабиёт ва Санъат” мебошанд. Ҳайати таҳририяи ҳафтанома Асадулло Раҳмон, Нуриддин Саид, Шамсиддин  Орумбекзода, Аскар Ҳаким, Юнус Юсуфӣ, Муҳриддин Сабурӣ буда, ҳайати мушовара Абдуҷаббор Раҳмонзода, Қурбон Ҳакимзода, Раҷабой Аҳмадзода, Ёдгор Файзов, Маҳмадюсуф Имомзода мебошанд.

Нархи ҳафтанома озод буда, нархи обуна барои як сол бо иловаи хидмати почта 145 сомонӣ, 08 дирам мебошад

Телфонҳо:

Сармуҳаррир: 2-24-13-24

Қабулгоҳ: 2-24-57-39

Муовини сармуҳаррир;2-28-9611

Котиби масъул: 2-24-12-41

Мудирони шуъбаҳо: 224-33-43,2-28-99-71

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved