• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

РАВОБИТИ АДАБӢ – ОМИЛИ РУШДИ АДАБИЁТ

Робитаҳои адабии тоҷик таърихи куҳан дошта, марҳилаи аввали рушди он ба асрҳои миёна рост меояд. Дар ин марҳилаи густариш омўзиши қиёсии адабиёти тоҷик бо халқҳои арабу турк ва ҳинду Юнон ҷараён гирифта, андешаҳои марбут ба таъсиру таъсирпазирии онҳо дар китобу тазкираҳо ва рисолаҳои алоқаманд  ба накди назму наср баён шудаанд. Марҳилаи дигари рушди равобити адабии тоҷик пас аз солҳои бистуми асри ХХ оғоз гардида, таҳаввули он ба фаъолияти  муҳаққиқони шинохта ба гунаи С. Айнӣ, А. Мирзоев, Р. Ҳошим, Ш. Ҳусейнзода, Х. Мирзозода, М. Шакурӣ, А. Сайфуллоев, В. Самад, А. Нуралиев, Ҳ. Шодиқулов, С. Воҳидов, Ш. Мухтор, А. Саидов, А. Давронов ва дигарон иртиботи қавӣ дорад. Пешрафту дастовардҳои имрўзии пайвандҳои мутақобилаи адабиёти тоҷик ба ақвоми дигар, ки ба замони Истиқлолият бастагӣ дорад, ба пажўҳишу ковишҳои насли дигари робиташиносон аз қабили Ҳ. Раҷабов, Т. Мардонӣ, А. Абдусаттор, Умеда Ғаффорова, Замира Ғаффорова, М. Зайниддинзода, А. Худойдодов, А. Аминов вобаста мебошад.

Равобити адабӣ аз муҳимтарин масъалаҳои илми адабиётшиносӣ буда, ҳар андоза бардошти адибон аз адабиёти дигар халқҳо, бахусус аз осори бузургони адаби ҷаҳон бештар бошад, ҳамон андоза арзиш ва моҳияти адабиёт волотар мешавад. Бешак, барои адабиёт натанҳо таъсиргузорӣ, балки таъсирпазирӣ низ муҳим аст, зеро он барои таҷаддуди қолаб ё маъниҳои тоза имкон фароҳам меорад ва минбаъд ин шаклу матолиби нав, агар барои хонанда хушоянд бошад, аз навоварӣ ба суннат бадал мешавад. Ин аст, ки равобити мутақобилаи адабиёти мо бо адабиётҳои арабу ҳинд, фаронсаву олмон, инглису рус, озарбойҷону арман, ўзбеку туркман, қазоқу қирғиз, тотору доғистон, белорусу украин ва ғайра аз пайвандҳои қавии маънавии мардуми ҷаҳон бо мо дарак дода, ҷойгоҳи адабиёти моро дар миёни ақвоми башар бештар таъкид ва таъйин менамояд.

Вобаста ба масъалаҳои равобити адабии гузашта ва имрўзии халқи тоҷик бо халқҳои дигар санаи 20-уми  декабри соли равон Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалии «Равобити адабӣ–омили рушди адабиёти миллӣ» баргузор намуд, ки дар он устодону донишмандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б. Ғафуров, Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи А. Рўдакӣ, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н. Хусрав, Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва намояндагони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ширкат намуданд.

Конфронс аз ҷаласаи ифтитоҳӣ ва ду бахш: “Масъалаҳои умумии робитаҳои адабӣ” ва “Робитаҳои адабӣ ва рушди адабиёти миллӣ” иборат буд. Дар ҷаласаи ифтитоҳӣ академик Имомзода М. С., Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, профессорон А. Кўчарзода, А. Абдусаттор, А. Маҳмадаминов, А. Худойдодов, Б. Мақсудов, Р. Раҳмонов, М. Муродӣ, М. Низомов, нависанда Ато Ҳамдам ва дотсентон  М. Зайниддинзода,  Г. Зулфиев суханронӣ намуданд.

Дар бахши аввал гузоришу маърўзаҳои донишмандон З. ўлмасова, М. Солеҳов, Р. Ваҳҳобзода, А. Шоев, Н. Қаландаров, Ҳ. Раҳмонов, Қ. Нурқаев, муҳаққиқони ҷавон И. Бобомаллаев, Р. Зоирова, Ф. Бадахш ва дар бахши дуюм суханронии устодону пажўҳандагон А. Мирализода, С. Аъзамзод, Б. Раҷабов, Ҳ. Дўстов, С. Қосимов, С. Гулзод, Б. Дўстмурод, Н. Усмонова, Б. Мўсоева, А. Шомирсаидов, Ф. Мирзоёров, Ш. Мавлонзода, М. Ҳайдаров, М. Ниёзӣ, З. Ёрова, Б. Ғиёсӣ шунида шуд.   

Зимни қироати маърўзаву гузоришҳо қайд гардид, ки робитаҳои адабии халқҳо як шохаи арзишманди адабиётшиносӣ буда, эҳтиёҷи таърихии баҳамдоштаи адабиётҳо ва халқҳо  мебошад. Ба сифати масъалаҳои меҳварӣ дар конфронс робитаҳои адабии халқҳои тоҷику тотор ва паҳлуҳои ҷудогонаи робитаҳои адабии тоҷикон ба халқҳои дигар – русҳо, ўзбекон, туркманҳо, қирғизҳо, украинҳо, гурҷиҳо, арманҳо мавриди баҳсу баррасиҳо қарор гирифт. Ҳамзамон дар маърўзаҳои иштирокдорон андешаҳо оид ба тарҷумаи бадеӣ ва нақши он дар рушди адабиёти миллӣ баён гардид. Ҳангоми арзишдовариҳои донишмандон фаъолияти тарҷумонҳо чун василаи муҳимми таҳкимбахши робитаҳои адабӣ қайд шуда, таъсирпазирии асарҳои тарҷумашуда дар шинохти адабиётҳои халқҳои Шарқу Ғарб таъкид гардид.

Гузашта аз ин, дар гузоришу маърўзаҳо нақши муҳаққиқи пайвандшинос Муртазо Зайниддинзода дар таҳқиқу баррасии робитаҳои адабии халқи тоҷик бо соири халқҳо муҳим арзёбӣ шуд. Қайд гардид, ки Муртазо Зайниддинзода дар робиташиносии кунунӣ аз муҳаққиқони пешгом  дар таҳқиқу баррасии пайвандҳои адабии халқи тоҷик бо соири халқҳо маҳсуб ёфта, бо андешаву мулоҳизаҳои муҳимми илмии хеш на фақат миёни аҳли илму адаби тоҷик, балки дар ҳавзаҳои илмиву адабиётшиносии халқҳои тотору ўзбек, русу Қафқоз ҳам ба гунаи пажўҳишгари таърихи адабиёт, риштаи робитаҳои адабӣ ва нақди адабии он шинохта мебошад.

Риштаи таҳқиқи Муртазо Зайниддинзода масоили гуногуни таърихи адабиёт, равобити адабӣ, назария ва танқиди адабӣ, ҳамчунин адабиётшиносии муқоисавиро фаро мегирад. Вай то ба имрўз муаллифи зиёда аз 400 мақолаи илмӣ, илмиву оммавӣ ва публитсистӣ мебошад. Мақолаву асарҳои таълифнамудаи ў оид ба осору аҳволи адибони тотор Қаюм Носирӣ, Шаҳобуддин Марҷонӣ, Абдулло Туқай, Шариф Камол, Олимҷон Иброҳимов, Мўсо Ҷалил, адибони рус Л. Толстой, А. Пушкин, А. Гайдар, К. Паустовский, А. Чаковский, адиби қазоқ Мухтор Авезов, адибони ўзбек Алишер Навоӣ, Ҳамза Ҳакимзода, Ғафур Ғулом, Аширмат Назаров, қирғиз Т. Сотилғанов, Ч. Айтматов, литвонӣ Э. Межелайтес, украин М. Бажан, адиби Куба Николас Гилиен ба хонандагони тоҷик шинос буда, муаллиф дар ташаккули дунёшиносии хонандаи тоҷик саҳм гузоштааст. Ин муҳаққиқи ҷўё вобаста ба пайвандҳои адабии халқҳои тоҷик бо халқҳои дигар китобу рисолаҳои “Қайюм Носирӣ. Абўалӣ Сино”, “Ёде аз бузургон”, “Пайванди халқҳо ва тамаддунҳо”, «Ҳақиқатро бараҳна бояд дид», «Суруди Ваҳдат» (Песня единство) ба чоп расонидааст, ки дар адабиётшиносии тоҷик арзиши баланди илмӣ доранд.

Пажўҳиши Муртазо Зайниддинзода фақат бо таҳқиқи робитаҳои адабӣ маҳдуд намешавад. Ин роздону пайвандгари адабиётҳо ба масъалаву муаммоҳои адабиёти давраи нави тоҷик, назария ва накди адабӣ ва тарҷумаву тарҷумашиносӣ диди хоси худро дорад. Таҳқиқу баррасии  рўзгору осори адибони давраи нави тоҷик чун С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, М. Турсунзода, Ҳ. Юсуфӣ, А. Пирмуҳаммадзода, С. Улуғзода, Ҷ. Икромӣ, А. Қаҳҳорӣ, Ибод Файзуллоев, М. Ҳайдаршо, Қ. Киром ва  дигар чеҳраҳои намоёни илму ҳунари тоҷик дар навиштаву офаридаҳои ў ҷолиб матраҳ шудаанд, ки аз мунаққиди сухансанҷу дақиқназар будани номбурда дарак медиҳанд.

Муртазо Зайниддинзода дар баробари пажўҳишҳои ҷиддиву арзишманд ба ҳайси устоди донишгоҳ дар таҳияву тадвин ва таълифи китобҳои дарсиву дастурҳои таълим низ нақши муассир дорад. Барномаи таълимии «Адабиёти ҷаҳон» барои синфҳои 10-11 (1995), «Барномаи таълимии адабиёти Иттиҳод» (2005), «Барномаи таълимии адабиёти хориҷӣ» (2005), китоби дарсии «Адабиёти ҷаҳон» барои синфҳои 10-11 (2001),  дастури таълимии «Таърихи адабиёти хориҷӣ», китоби 1. (2005), «Таърихи адабиёти хориҷӣ», китоби 2 (2014)  ва ғайра ҳосили таҷрибаи хуби омўзгорӣ буда, барои устодону донишҷўёни муассисаҳои таълимоти ҳамагонӣ ва олӣ муфиду арзишманд мебошанд.

Конфронс ба робиташиносии адабии муосир такони тоза бахшид.

 Қарор Нурқаев

ХОКИ МАРО ҶАЗИРАИ ХУШКЕ ГУМОН МАБАР

 

Бори нахуст дар боби хидмати Бузургзода дар муайян намудани мазори устод Рўдакӣ устод Айнӣ дар мақолаи “Қабри устод Рўдакӣ ва деҳаи Рўдак” сухан ба миён оварда ва ба ин кори Бузургзода баҳои баланд дода буд. Натиҷаи сафар ва таассуроти худро Лутфулло Бузургзода дар мақолае бо унвони “Дар ҷустуҷўи мазори Рўдакӣ” сабт намудааст, вале то ҳол ин мақола ба касе аз муҳаққиқон дастрас нашудааст” – таъкид кард дар маърўзаи худ Муҳриддин Низомов, ки дар нишасти илмӣ-адабӣ бахшида ба 110-солагии ёдбуди Лутфулло Бузургзода хонда шуд .

Идомаи: ХОКИ МАРО ҶАЗИРАИ ХУШКЕ ГУМОН МАБАР

ҚИССАҲОИ ХУДОГОҲӢ ВА ХУДШИНОСӢ

Дар Иттифоқи нависандагони Тољикистон 20 ноябр нишасти илмиву адабӣ дар мавзўи "Инкишофи жанри қисса дар замони Истиқлол" баргузор гардид. Дар маҳфил Раиси Иттифоқи нависандагони Тољикистон Низом Қосим, Нависандагони халқии Тољикистон Кароматуллоҳи Мирзо, Абдулҳамид Самад, нависандаи шинохта Қодири Рустам, профессор Мисбоҳиддин Нарзиқул ва дигарон суханронӣ намуданд.  

Идомаи: ҚИССАҲОИ ХУДОГОҲӢ ВА ХУДШИНОСӢ

ПАМИР ВА ФОТЕҲИ ҚУЛЛАИ ЭҶОД

Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 90-солагии нависанда ва публитсисти маъруф Масъуд Муллоҷонов маҳфили ёдбуд баргузор шуд, ки он ба  70-солагии маҷаллаи руссзабони ИНТ "Памир" рост омад.  Масъуд Муллоҷонов адибест,  ки дар пешравии кори маҷаллаи мазкур саҳми зиёд гузоштааст. Адибони маъруфи кишвар дар маҳфил аз рўзгор ва осори Масъуд Муллоҷонов ва ҳафтод соли нашри маҷаллаи "Памир" сухан карданд. Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим маҳфилро ҳусни оғоз бахшида, чунин ибрози назар намуд:

Идомаи: ПАМИР ВА ФОТЕҲИ ҚУЛЛАИ ЭҶОД

ТАРҶУМАИ БАДЕӢ — РУКНИ МУҲИМИ АДАБИЁТ

28 ноябр дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили эҷодии нависанда, тарҷумон, драматург Абдуғаффор Абдуҷаббор таҳти унвони «Тарҷумаи бадеӣ — рукни муҳими адабиёт» баргузор гардид.

Идомаи: ТАРҶУМАИ БАДЕӢ — РУКНИ МУҲИМИ АДАБИЁТ

БАҲРОМ ФИРӮЗ – НАВИСАНДАИ ШОИР

 

 

 Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 80-солагии шоир ва нависандаи тоҷик Баҳром Фирўз маҳфили илмиву адабӣ баргузор шуд.

Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим изҳор дошт, ки Баҳром Фирўз тамоми зинаҳои камолотро ҳамчун як адиб тай карда буд. Бештар дар кори нашриёт заҳмат кашид. Ҳам адлу инсоф дошт ва ҳам сахтгиру масъулиятшинос буд. Мутаассифона, бар асари марг дар соҳаи наср ҳамагӣ 20-22 сол фаъолият кардаасту халос. Лекин беш аз панҷоҳ ҳикоя, ҳашт  қисса, як роман, мақолаҳои зиёди публитсистию адабиётшиносию ҷомеашиносӣ навиштааст.

Зимни гузориши худ доктори илми филология Умар Сафар иброз дошт, ки осори адабии Баҳром Фирўз аз вижагиҳои хосе бархўрдор мебошад.

"Вақте ки мо ҷавон будем, номи Баҳром Фирўз аллакай дар баробари номҳои шоирони машҳурамон Лоиқ Шералӣ, Ғоиб Сафарзода, Ҳабибулло Файзулло, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ ва дигарон шуҳрат дошт. Устод Бозор Собир баъдтар ба майдони адабиёт омад. Баҳром Фирўз ҳарчанд ки баъдҳо қиссаву ҳикоя, мақолаҳои зиёд ва роман навишт, тамоми умр шоир монд", - изҳор дошт зимни суханрониаш Гулназар Келдӣ, Шоири халқии Тоҷикистон.

Тавре Гулназар Келдӣ гуфт, Баҳром Фирўз дар вақташ ҳикояе навишта буд, ки ба зиндагӣ ва фаъолияти  Ленин вобастагӣ дошт. Чун он ҳикоя дар моҳномаи "Садои Шарқ" чоп шуд, устод Мирсаид Миршакар ва баъд устод Мирзо Турсунзода тавсия доданд, ки ў бештар ба кори нависандагӣ машѓул шавад. Баъдан ҳикояву қиссаҳои зиёд навишт. Ў, ки пеш аз ҳама шоир буд, забони муъҷаз ва зебоии шеърро дар наср ҷо карда тавонист. Қиссаву ҳикояҳояш шоирона эҷод шуданд. Дар асарҳояш хаёлоти бадеӣ баланд аст ва нависанда бо донишу маҳорати зиёд аз як чизи одӣ асари олиҷаноб меофарид.

Шоирону нависандагони халқии Тоҷикистон  Гулрухсори Сафӣ, Кароматуллоҳи Мирзо, Абдулҳамид Самад, Аскар Ҳаким, нависанда  Мирзонасриддин, шоир Муҳтарам Ҳотам, фарзандони Баҳром Фирўз ва дигарон хотираҳои ҷолибро аз рўзгор ва фаъолияти эҷодии адиби маъруф нақл карданд. 

Чанде аз донишҷўёни фаъоли Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз шеърҳои Баҳром Фирўз қироат намуданд. Сарояндаи ҷавон Хуршед Иброҳимов бо шашмақомсароии худ хотири ҷамъомадагонро болидатар кард. Фарзандони Баҳром Фирўз - Марворид ва Искандар аз падари худ хотираҳо нақл намуданд. Маҳфил бо таассуроти зиёд аз гуфторҳои адибон ба охир расид.

 Бузургмеҳри ТОҶИДДИН, "АС"

ТАРҶУМА ЗАБОНИ ДИЛ АСТ

29 октябр дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон нишасти илмӣ-адабӣ баргузор шуд, ки дар он масъалаҳои тарҷумаву тарҷумонӣ баррасӣ гардиданд. Муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа дар оѓоз аз фаъолияти Маркази тарҷума сухан карда, иброз дошт, ки барои пешравии кори тарҷумонӣ бояд дар ин соҳа як қатор дигаргуниҳо ворид карда шаванд. Аз ҷумла, тариқи озмун ба кор пазируфтани тарҷумонҳо, тарҷума кардани асарҳо ба забонҳои русӣ, англисӣ, арабӣ, ўзбекӣ ва ѓайраҳо, ба воситаи тарҷума муаррифӣ кардани асарҳои дар замони Истиқлол батабърасида ба мардуми кишварҳои дигар.

Идомаи: ТАРҶУМА ЗАБОНИ ДИЛ АСТ

ТАҶЛИЛ АЗ 80-УМИН СОЛРӮЗИ БАҲРОМ ФИРӮЗ

 

Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ёдбуди  шоир ва нависанда  Баҳром Фирӯз таҷлил гардид.

Бахшида ба 80 солагии адиби тоҷик Баҳром Фирӯз 1 ноябри соли ҷорӣ дар толори иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили адабӣ фарҳангӣ баргузор гардид. Дар хонаи адибон нависандагону шоирон, муҳаққиқону пажуҳишгарон, ҳунармандон, пайвандон ва ҳаводорони осори ин нависандаи зиндаёд ҷамъ омада аз фаъолият ва хизматҳои арзандааш ёд карданд. Ҳангоми ифтитоҳия аз тарафи Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (ИНТ) шоир Низом Қосим фаъолияти эҷодии ин адиби пурмаҳсул зикр шуда, таъкид гашт, ки Баҳром Фирӯз дар тӯли фаъолияти на он қадар тӯлониаш дар ҳамаи унсурҳои адабиёт муваффақ буда дар рушду равнақи забону адабиёт нақши муассире гузоштааст.

Идомаи: ТАҶЛИЛ АЗ 80-УМИН СОЛРӮЗИ БАҲРОМ ФИРӮЗ

МАВЛОНО: “ДАВЛАТИ ҶОВИДОН МАНАМ!”

Дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзодаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон  ба муносибати Рўзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ базми шеъру суруд баргузор гардид. Муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа чорабиниро ҳусни оғоз бахшид. 

Идомаи: МАВЛОНО: “ДАВЛАТИ ҶОВИДОН МАНАМ!”

МАРДИ РОҲИ ШЕЪР

"Марди роҳ" китоби шоирест, ки воқеан худ марди роҳи шеър буд ва кўлвори пур аз дастовардҳои бузург дошт. Китобест, ки нафақат дар эҷодиёти устод Лоиқ, умуман дар адабиёти мо мавқеи бисёр равшан дорад. Устод Лоиқ завқи баланди шоирӣ, ҳувияту ифтихори дурахшони милливу ватандорӣ дошт. Мавзўъҳои муҳимтарини рўз, ки ба ҳар дил мерасанд, дар шеърҳои устод корбаст шудаанд. Бинобар ин, шеъру мактаби адабиаш ҷовидона аст".

Идомаи: МАРДИ РОҲИ ШЕЪР

“КИЛКИ ЗАРРИН” БА ШОИРИ ТОҶИК

Дар толори хурди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили шеъри шоири тоҷик Озар Салим бо ширкати шоирон ва навиисандагони тоҷик ва ҳамчунин меҳмонон аз сафорати Афғонистон баргузор гардид.

Идомаи: “КИЛКИ ЗАРРИН” БА ШОИРИ ТОҶИК

ҶИЛОИ АДАБИЁТИ КИШВАРИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ

 

Бори аввал дар таърихи адабиёти муосир аз ҷониби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо номи "Литературный Таджикистан" (бо забони русӣ) алманахи солона нашр гардид.  "Литературный Таджикистан" таҳти таҳрири Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим дар матбааи «Сухан» бо сифати баланд ба зевари табъ ороста шуд.

Идомаи: ҶИЛОИ АДАБИЁТИ КИШВАРИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ

ТАРАННУМИ ВАҲДАТ

31 май дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки адибони номвари кишвар ва алоқамандони адабиёт базми шеъру сухан баргузор гардид. Гардонандаи маҳфил муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа аз дастовардҳои адабиёти даврони истиқлол ёдовар шуд.

Идомаи: ТАРАННУМИ ВАҲДАТ

ҚУДРАТИ ҶОНОФАРИНИ СУХАН

Аз санаи нашри достони "Сурўши Сталинград"-и устод Муъмин Қаноат 40-сол сипарӣ шуд. Ба ин муносибат 7 май дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон конфронси илмӣ-адабӣ баргузор гардид. Муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа чорабиниро ифтитоҳ намуда, дар бораи достони "Сурўши Сталинград" андешаронӣ кард. 

Идомаи: ҚУДРАТИ ҶОНОФАРИНИ СУХАН

70 СОЛИ «ВАФО»-И ФОТЕҲ НИЁЗӢ

"Ин роман дар вақташ яке аз пурхонандатарин ва машҳуртарин асарҳои Тоҷикистон ҳам дар арсаи Иттиҳоди Шўравӣ ва ҳам дар арсаи байналмилалӣ буд. Ҳатто дар соли 1954 ба забони хитоӣ ҳам тарҷума шудааст, ки кам асарҳо ба ин забон тарҷума мешаванд". Бо чунин суханронии муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа дар арафаи Иди Ғалаба ба муносибати 70-солагии романи "Вафо"-и Нависандаи халқии Тоҷикистон Фотеҳ Ниёзӣ дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо иштироки адибону олимон, рўзноманигорону донишҷўён маҳфили илмию адабӣ оғоз гардид.

Идомаи: 70 СОЛИ «ВАФО»-И ФОТЕҲ НИЁЗӢ

ИНТЕРНЕТ ВА ҶОНКАНИҲОИ ТАШКИЛОТҲОИ ТЕРРОРИСТӢ

 Моҳи гузашта аз саҳифаҳои расонаҳои электронӣ иддае аз ғаразандешагон пиромуни боло рафтани нархи коргирӣ аз интернет сарусадоҳое пахш карда, ба истилоҳ «пироҳани усмонӣ» бардоштанд (ибораи «пироҳани усмонӣ» ишора ба саргузашти Усмони саҳоба дорад, ки бар асари хилофатро соҳиб шудан, аз тарафи мухолифон кушта мешавад ва ҳамсафонаш пироҳани хунолуди ӯро сари найза бардошта, ба ҷанги ҳамдигаркушии мусалмонон даъват мекунанд).

Идомаи: ИНТЕРНЕТ ВА ҶОНКАНИҲОИ ТАШКИЛОТҲОИ ТЕРРОРИСТӢ

ҶАМШЕД ШАНБЕЗОДА – ЧАҲОРУМИН РАИСИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОН

Агар хонандаи закӣ диққат дода бошад, дар мақолаву таърихчаҳое, ки дар бораи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон таълиф ёфтаанд, дар боби сарварони созмони мазкур дар фосилаи байни солҳои 1937 – 1944 халое вуҷуд дорад, яъне равшан нест, ки Иттифоқро аз соли 1937 то соли 1944 киҳо роҳбарӣ кардаанд. Ҳафт сол муддати кам нест ва ба чунин муддати тӯлонӣ бесардор мондани ниҳоди барои давлати шӯроҳо ниҳоят зарурие чун Иттифоқи нависандагон ба мантиқи солим рост намеояд. Бахусус дар солҳое, ки давлати ҷавони Шӯравӣ бо баъзе давлатҳои аврупоии ҳамҷавораш дар ҳоли ҷанг қарор дошт, ба ҳоли худ вогузоштани дастгоҳи пуртаъсири таблиғотие, ки шоирону нависандагони оташинсуханро барои дифоъ намудан аз Ватан сафарбар менамуд, ҳеҷ мумкин нест.

Идомаи: ҶАМШЕД ШАНБЕЗОДА – ЧАҲОРУМИН РАИСИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОН

«ЁДДОШТҲО» - ҶАҲОНӢ

22 феврал дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон 70-солагии асари мондагори устод Садриддин Айнӣ "Ёддоштҳо" таҷлил карда шуд.  Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим маҳфилро оғоз карда, зимни суханронии худ изҳор дошт:

- Имрўз як маҳфили хоса бахшида ба 70-солагии нашри "Ёддоштҳо"-и устод Садриддин Айнӣ баргузор мегардад. "Ёддоштҳо"-и устод Садриддин Айнӣ мисли дигар асарҳояшон асаре ҳаст, ки дуру дароз дар дилу ҷони устод пухта расид ва оқибат рўйи коғаз омад. Ҳарчанд, мутаассифона, ба охир нарасид.

Идомаи: «ЁДДОШТҲО» - ҶАҲОНӢ

ГИРОМИДОШТИ 110-СОЛАГИИ А. МИРЗОЕВ ДАР ДОНИШГОҲИ МИЛЛӢ

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба хотири гиромидошти 110-солагии донишманди фақиди тоҷик академик Абдулғанӣ Мирзоев бо ширкати адибон, муҳаққиқон, устодон ва донишҷӯёну рӯзноманигорон конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

      Дар ин нишасти илмӣ Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, профессор Абдунабӣ Сатторзода, Муртазо Зайниддинов, Сироҷиддин Эмомалӣ, декани факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон df  устодону донишҷӯён ширкат ва суханронӣ намуданд.

Идомаи: ГИРОМИДОШТИ 110-СОЛАГИИ А. МИРЗОЕВ ДАР ДОНИШГОҲИ МИЛЛӢ

ДАР ХОНАИ АДИБОН 80-СОЛАГИИ ШОИРИ ЗИНДАЁД БОЗОР СОБИР ПУРШУКӯҲ ТАҶЛИЛ ГАРДИД

Устод Бозор Собир чанд насли алоқамандони шеърро тавассути ҷузъиёти дилпарвару дилофари табиати нотакрори диёр ва расму оинҳои пандомӯзу рӯҳафрӯзи аҷдодӣ ҷовидона бо  ин обу хок, сарзамини муқаддас,  Ватани зебову дилоро пайваст ва ин пайванд бо сатрҳои зиндаву равон, ки нусхаҳои шарёни гарму ҳаётбахши худи шоиранд,   ҷовидонаанд. Ин нуктаро Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (ИНТ) Низом Қосим имрӯз зимни ифтитоҳи ҷамъомади адабӣ- фарҳангие, ки дар Хонаи адибони Иттифоқи нависандагон бахшида ба 80-солагии шоири маъруфи  тоҷик, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ устод Бозор Собир баргузор гардид, баён дошт.

Идомаи: ДАР ХОНАИ АДИБОН 80-СОЛАГИИ ШОИРИ ЗИНДАЁД БОЗОР СОБИР ПУРШУКӯҲ ТАҶЛИЛ ГАРДИД

ИЗҲОРОТИ РАЁСАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН

 

 

Адибон, чун кулли зиёиёни миллат, ҳама умр дар орзӯи Истиқлолият, шукуфоии кишвар ва беҳбуди воқеии рӯзгори моддию маънавии мардуми хеш буданду ҳастанд.

Яъне, он чиро мехостанд, ки инак аз шарофати сиёсати созандагию бунёдкории давлату ҳукумати Тоҷикистон муҳайё шудааст. Имрӯз вазифаи ҳар фарди ҷомеа, пеш аз ҳама, барои бештар шудани дастовардҳои Истиқлолият, таҳкими ваҳдату муттаҳидии халқамон, афзудани обрӯю эътибори мамлакат дар арсаи ҷаҳон ҷаҳду талош намудан мебошад.

Идомаи: ИЗҲОРОТИ РАЁСАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved