• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

Ба муносибати 80-солагии шоири зиндаёд Ғоиб Сафарзода дар толори ИНТ маҳфили ёдбуд баргузор гардид. Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим маҳфилро ифтитоҳ намуд. Гулрухсор Сафӣ, Камол Насрулло, Абдулҳамид Самад, Муҳаммад Ғоиб, Рустам Ваҳҳобзода, Ато Ҳамдам, Мансур Суруш ва дигарон дар бораи рўзгор ва осори Ғоиб Сафарзода андешаҳояшонро иброз доштанд.

 

Тавре Низом Қосим гуфт, солҳои 60 давраи бисёр муҳим буд, зеро шурўъ аз ин айём зиёиёни мо мардумро ба бедориву ҳушёрӣ ва поси забони миллӣ даъват мекарданд. Дар ҳамон давра Ғоиб Сафарзода ҳамчун рўзноманигори чирадаст ва боҷуръат муаррифӣ шуд, ки нафақат масъалаҳои фарҳангӣ, балки мавзўъҳоеро ба миён мегузошт, ки зикрашон ҳам тақрибан имконнопазир  буд. Ўро ҳамчун шахси бедори ҷомеа, шоири соҳибдил, рўзноманигори андешаманд масъалаҳои бисёр ба ташвиш меовард, ки ислоҳашон ба манфиати ҷомеа буд. Силсилаи мақолаҳояш дар бораи забони модарӣ, дуруст навиштани номҳои ҷуғрофии Тоҷикистон, ки ба забони маъмули давр  таҳриф мешуданд ва шакли хандаовар мегирифтанд, дар рўзномаҳо ба нашр расиданд. Ва баъди 20-25 соли даргузашти шодравон зиёиён аз пайи  ислоҳаш шуданд. Ба наздикӣ ман барои мураттаб кардани маҷмўаи «Шеъри сад соли охири Тоҷикистон» бори дигар шеърҳои тақрибан ҳамаи шоирони шинохтаву маъруфамонро бодиққат хондам. Аз яке се-чор, аз дигаре панҷ-шаш, ё даҳ-дувоздаҳ шеър интихоб шуд. Баъзе шеърҳо ба таҳрир ниёз доштанд. Лекин дар интихоби шеъри Ғоиб Сафарзода ягон душворӣ накашидам, зеро шеъри ў бисёр мустаҳкам буда, ҳадафу ғоя дорад. Ғоиб Сафарзода як шахси андешаманд, дар мавқеи худаш устувор буд. Дар шеъри вай тамоми унсурҳо ва паҳлуҳои шеър мустаҳкам корбаст шудаанд. Дар солҳои 60  дигар шоирон ҳам рубоӣ навиштаанд, аммо  ин жанр бо эҷодиёти Ғоиб Сафарзода зинда шуд. Рубоии муосир бо ҳамон талаботе, ки рубоии классикӣ дорад, яъне чор сатри дорои фикри баланд ва ғояи муҳим дар эҷодиёти Ғоиб Сафарзода эҳё гардид. Мавзўъҳои ватандорӣ, худшиносӣ он солҳо бештар, бо оҳанги қавӣ дар эҷодиёти Ғоиб Сафарзода зикр шудаанд ва баъдан ин мавзўъҳоро шоирони шинохтаамон  Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир  идома додаанд.

Мудири бахши нақд ва адабиётшиносии ИНТ Муҳриддин  Сабурӣ оид ба зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии Ғоиб Сафарзода маърўзаи хешро пешкаши ҳозирин кард.

-Солҳои ҳафтодум ҳадафи эҷодӣ ва мавзўъҳои чанде аз шоирони мо, ба монанди Лоиқ Шералӣ, Ғоиб Сафарзода, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Ҳабибулло Файзулло як буданд, лекин ҳеҷ кадоми онҳо дар гуфтани шеър ба якдигар пайравӣ накардаанд. Ҳар яки онҳо сухани худро бо тарзу шеваи худ гуфта тавонист. Баъдтар Лоиқу Бозор ба ин роҳ жарфтар рафтанд ва барои адабиёт хизматҳои шоиста карданд, - иброз дошт Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад. Номбурда бо овардани намуна аз шеърҳои Ғоиб Сафарзода андешаҳои хешро тақвият бахшид.

Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор Сафӣ низ дар навбати худ гуфт:

-Мегўянд, ки одамро то як нафар ёд мекунад, зинда аст. Ба ҳамин хотир, вақте ки дар бораи шоирон сухан мекунем, сухан қадру қимати бештар пайдо мекунад. Ғоиб Сафарзода, Ҳабибулло Файзулло, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ дар ҳамон замон ҳам аз шоирони дўстдоштатарини мо буданд. Касе, ки Ғоиб Сафарзодаро надидааст, метавонад симои ўро дар шеъри Лоиқ бинад. Ўро дар 32-солагиаш аз даст додем. Агар ҷиддӣ фикр кунем, ҳар як шоир, нависанда, ки Худо ба вай ҳунар, истеъдод додааст, меҳнат карда тавонад, аз китоби сеюмаш оғоз меёбад. Ғоиб  китоби сеюмашро омода карда натавонист. Мехост чизи дигаре ҳам бигўяд, вале марг фурсат надод. Он чи ҳам гуфт, хонданӣ ва монданӣ аст. Ў ба мо ошиқиву шоириро омўзонд ва зуд рафт.  Китоби сеюмашро мо бояд нависем ва ҳамин маҳфил ҳам маҳфили китоби сеюми Ғоиб Сафарзода аст.

Ато Ҳамдам, мудири бахши робитаҳои адабӣ, тарҷума ва драматургияи ИНТ аз он ёд кард, ки замоне бо Ғоиб Сафарзода ҳамкор будааст ва аз ў нозукиҳои касби рўзноманигориро омўхтааст:

-Барои ман мояи ифтихор аст, ки чанд сол бо Ғоиб Сафарзода ҳамкор будам. Соли 1970 донишҷўи бахши сеюм будаму ба рўзномаи бонуфузи «Тоҷикистони советӣ» ба кор омадам. Пеш аз ҳама, маро Ғоиб Сафарзода бо чеҳраи кушод  истиқбол гирифт. Ҳар чӣ менавиштам, қабл аз он ки ба чоп супорам, аввал аз назари Ғоиб Сафарзода мегузарондам. Ҳама корашро як тараф монда, онро мехонд, таҳрир мекард ва барои чоп тавсия менамуд. Ў натанҳо рўзноманигори забардаст буд, инчунин устод, мураббӣ, насиҳатгар буд ва ҳар чизи хубу баде, ки мо, рўзноманигорони ҷавон менавиштем, мехонду маслиҳат медод.

Ба андешаи Рустам Ваҳҳобзода, сармуҳаррири моҳномаи «Садои Шарқ»,  Ғоиб Сафарзода аз замони ба роҳи эҷод қадам мондан масир, ҳадаф ва мақсади равшан доштааст.

- Муҳимтарин натиҷаҳое, ки мо дар эҷодиёти Ғоиб Сафарзода мебинем, аз шахсияти воқеии ў маншаъ мегиранд, - гуфт Рустам Ваҳҳобзода. Тавре номбурда афзуд, таваҷҷуҳи Ғоиб Сафарзода ба масъалаҳои миллӣ махсус буда, аз ибтидои фаъолияташ ошкор аст. Ҳатто дар сафарномае, ки баъд аз сафари Булғористон навиштааст, мебинем, ки худро намояндаи яке аз кишварҳои мустақил, намояндаи тамаддуни ҷудогона муаррифӣ мекунад. Ва хеле хушҳол аст, ки дар Булғористон ҳайати онҳоро бо ҷомаву тоқии миллӣ хуб истиқбол мегиранд.

Маҳфили ёдбуд бо зикри муҳимтарин паҳлуҳои эҷодиёти Ғоиб Сафарзода ба поён расид. 

Марҷона МАҲМАДАЛИЕВА

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved