• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 


Муқаррароти умумӣ

Иштирокчиёни озмун ба се гурўҳ тақсим карда мешаванд:

-тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ;

-хонандагон ва донишҷўёни таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо);

 

-калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (омўзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар).

Озмун аз рўйи панҷ номинатсия баргузор карда мешавад:

-адабиёти классикӣ;

-адабиёти муосир;

-адабиёти бачагона;

-адабиёти ҷаҳон;

-шоирӣ.

Тартиби баргузории озмун

Озмун аз чор давр иборат буда, аз моҳи феврали соли 2020 то моҳи декабри соли 2020 ба таври зайл ташкил ва гузаронида мешавад:

- даври якум - моҳи апрел дар муассисаҳои таълимӣ, ташкилоту муассисаҳои деҳот ва шаҳрак;

-даври дуюм - моҳи июн дар маркази ноҳия ва шаҳрҳо (ба истиснои шаҳри Душанбе);

-даври сеюм - нимаи дуюми моҳи сентябр дар маркази Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе;

-даври чорум - ҷумҳуриявӣ  барои ғолибони даври сеюм то 10 декабр дар муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон».

Барои ҳавасмандгардонии ғолибони ҳамаи даврҳои озмун ва омўзгорони онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалби сарпарастон иҷозат дода мешавад.

Тартиби иштирок дар даври ниҳоии озмун

Барои иштирок дар даври чоруми озмун ба комиссия ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешавад:

-маълумоти мухтасар дар бораи иштирокчӣ;

-рўйхати асарҳои мутолиашуда;

-миқдори ашъори азёдшуда;

-нусхаи чопӣ ва ё дастхати ашъори азёдкарда ва мазмуни мухтасари китобҳои мутолиакарда бо зикри муаллиф ва номи асар;

-суратҷаласаи ҳайати ҳакамони даври сеюми озмун.

Тартиби пешниҳод барои дарёфти Шоҳҷоиза

Барои дарёфти Шоҳҷоиза довталабоне метавонанд иштирок намоянд, ки дар даври ҷумҳуриявӣ аз рўйи номинатсияҳои пешниҳодшуда ҷойи аввалро сазовор гардидаанд.

Муқаррароти хотимавии озмун

Шоҳҷоиза ба иштирокчие дода мешавад, ки аз чор номинатсия беш аз 70 фоизи осори назмию насриро мутолиа ва ҳифз намудааст.

Ҳайати

комиссияи озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст»

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, раиси комиссия;

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси комиссия;

Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси комиссия;

Директори муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон»,  муовини раиси комиссия;

Сардори раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, котиби комиссия.

Аъзои комиссия:

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Раиси Иттифоқи нависандагон;

Сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ»;

Сармуҳаррири нашриёти «Адиб»;

Сармуҳаррири маҷаллаи «Помир»;

Сармуҳаррири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат»;

Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;

Директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абўабдуллоҳ  Рўдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Мудири кафедраи адабиёти навини тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;

Мудири кафедраи таърихи адабиёти тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;

Мудири кафедраи адабиёти ҷаҳони Донишгоҳи славянии  Тоҷикистон ва Россия;

Мудири шуъбаи насри Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон;

Мудири кафедраи адабиёти Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода;

Мудири кафедраи адабиёти Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ.

 

Барои ғолибони озмун ҷоизаҳои зерин аз рўйи чаҳор гурўҳ ва панҷ номинатсия муқаррар карда мешаванд:

1. Миёни тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ.

Номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик:

ҷойи якум 30 000, ҷойи дуюм  20 000, ҷойи сеюм 15 000 сомонӣ.            

Номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик

ҷойи якум 25 000, ҷойи дуюм 20 000, ҷойи сеюм 15 000 сомонӣ.

Номинатсияи хондан ва  аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик:

ҷойи якум 25 000, ҷойи дуюм 20 000, ҷойи сеюм 15 000 сомонӣ.

Номинатсияи хондан ва  аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон

ҷойи якум 25 000, ҷойи дуюм 20 000, ҷойи сеюм 15 000 сомонӣ.

2. Миёни донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо).

Номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик:

ҷойи якум 30 000, ҷойи дуюм 20 000, ҷойи сеюм 15 000 сомонӣ.

Номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик

ҷойи якум 25 000, ҷойи дуюм 20 000, ҷойи сеюм 15 000 сомонӣ.

Номинатсияи хондан ва  аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик:

ҷойи якум 25 000, ҷойи дуюм 20 000, ҷойи сеюм 15 000 сомонӣ.

Номинатсияи хондан ва  аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон

ҷойи якум 25 000, ҷойи дуюм 20 000, ҷойи сеюм 15 000 сомонӣ.

3. Дар байни калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (омўзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақҳои аҳолии кишвар).

Номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик:

ҷойи якум 30 000, ҷойи дуюм  20 000, ҷойи сеюм 15 000 сомонӣ.

Номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик:

ҷойи якум 25 000,  ҷойи дуюм 20 000,  ҷойи сеюм 15 000 сомонӣ.

Номинатсияи хондан ва  аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик:

ҷойи якум 25 000,  ҷойи дуюм 20 000,  ҷойи сеюм 15 000 сомонӣ.

Номинатсияи хондан ва  аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон:

ҷойи якум 25 000, ҷойи дуюм 20 000, ҷойи сеюм 15 000 сомонӣ.

4. Миёни довталабони номинатсияи шоирӣ

ҷойи якум 25 000, ҷойи дуюм 20 000, ҷойи сеюм 15 000 сомонӣ.

5. Шоҳҷоиза

Шоҳҷоизаи озмун 60 000 сомонӣ.

 

Рўйхати адабиёти тавсияшаванда барои иштирокчиён

1. Номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик:

- ғазал - на кам аз 100 ғазал (аз Абўабдуллоҳи Рўдакӣ ва ҳамасрони ў, Саноии Ғазнавӣ, Шайх Фаридаддини Аттор, Адиб Собири Тирмизӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдии Шерозӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Фахриддини Ироқӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Хоҷуи Кирмонӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мир Алишер Навоӣ, Камолиддини Биноӣ, Бадриддини Ҳилолӣ, Абдураҳмони Мушфиқӣ, Абдулқодири Бедил, Зебуннисо, Соиби Табрезӣ, Саййидои Насафӣ, Абдулқодирхоҷаи Савдо, Шамсиддин Шоҳин ва дигарон);

- рубоӣ ва дубайтӣ - на кам аз 120 рубоӣ ва дубайтӣ (аз Абўабдуллоҳи Рўдакӣ ва ҳамасрони ў, Абўалӣ ибни Сино, Адиб Собири Тирмизӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Бобо Тоҳири Урён, Абўсаиди Абулхайр, Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ, Умари Хайём, Аттори Нишопурӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мир Алишер Навоӣ, Абдулқодири Бедил, Соиби Табрезӣ ва дигарон);

- қасида - на кам аз 100 байт (аз Абўабдуллоҳи Рўдакӣ ва ҳамасрони ў, Кисоии Марвазӣ, Абулқосим Унсурӣ, Анварии Абевардӣ, Абулҳасан Фаррухии Сиистонӣ, Абунаҷм Манучеҳрии Домғонӣ, Адиб Собири Тирмизӣ, Масъуди Саъди Салмон, Носири Хусрав, Хоқонии Шервонӣ, Ҳаким Саноии Ғазнавӣ, Камолиддин Исмоили Исфаҳонӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдии Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Абдулқодири Бедил, Шамсиддин Шоҳин ва дигарон);

-порча аз достон - на кам аз 150 байт (аз Абўабдуллоҳи Рўдакӣ ва ҳамасрони ў, Абўмансури Дақиқӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Саноии Ғазнавӣ, Аттори Нишопурӣ, Низомии Ганҷавӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Ҳоҷуи Кирмонӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Бадриддин Ҳилолӣ, Абдулқодири Бедил, Камолиддини Биноӣ, Фитрати Зардўзи Самарқандӣ, Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ, Мирзо Содиқи Муншӣ, Шамсиддин Шоҳин ва дигарон);

- дигар навъҳои шеърӣ (қитъа, мухаммас, мусаммат, мусаллас, тарҷеъбанд, таркиббанд ва ғайра) - 100 байт аз шоирони классик;

- осори мансури (насрии) классикӣ - «Томирис ва Куруш», «Шерак», «Авасто», «Ёдгори Зарирон», «Дарахти Ассурик», «Корномаи Ардашери Бобакон», «Калила ва Димна», «Ёдгори Бузургмеҳр», «Андарзи доноён ва маздоясно», «Андарзи Хусрави Ковадон», «Андарзи Пурйуткешон», «Бундаҳишн», «Динкард», «Сафарнома»-и Носири Хусрав, «Қобуснома»-и Унсурмаолии Кайковус, «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ, «Баҳористон»-и Абдураҳмони Ҷомӣ, «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Зайниддин Маҳмуди Восифӣ, «Ахлоқи Муҳсинӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ, «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш ва ғайра;

-намунаҳои насри ривоятӣ: «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт», «Чаҳор дарвеш», «Ҳазору як шаб», «Тўтинома», «Синдбоднома», «Калила ва Димна», «Самаки айёр», «Марзбоннома», «Абўмуслимнома» ва ғайра.

2. Номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик

- ғазал - на кам аз 100 ғазал (аз Садриддин Айнӣ, Туғрали Аҳрорӣ, Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Мирзо Турсунзода, Аминҷон Шукуҳӣ, Боқӣ Раҳимзода, Мирсаид Миршакар, Абдусалом Деҳотӣ, Ҳабиб Юсуфӣ, Аскар Ҳаким, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Ҳақназар Ғоиб, Гулрухсор Сафиева, Гулназар Келдӣ, Сайидалӣ Маъмур, Ҳабибулло Файзулло, Ғаффор Мирзо, Муъмин Қаноат, Қутбӣ Киром, Ашўр Сафар, Ғоиб Сафарзода, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Ширин Бунёд, Камол Насрулло, Низом Қосим, Муҳаммад Ғоиб, Ҳадиса Қурбонова, Меҳринисо, Фарзона, Рустам Ваҳҳобзода, Искандари Хатлонӣ, Озарахш, Озар ва дигарон);

- рубоӣ ва дубайтӣ - на кам аз 120 рубоӣ ва дубайтӣ (Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Аминҷон Шукуҳӣ, Боқӣ Раҳимзода, Аскар Ҳаким, Лоиқ Шералӣ, Ҳақназар Ғоиб, Гулрухсор Сафиева, Гулназар Келдӣ, Ҳабибулло Файзулло, Муъмин Қаноат, Қутбӣ Киром, Ашўр Сафар, Ғоиб Сафарзода, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Ширин Бунёд, Камол Насрулло, Низом Қосим, Муҳаммад Ғоиб, Ҳадиса Қурбонова, Меҳринисо, Фарзона, Рустам Ваҳҳобзода, Искандари Хатлонӣ, Озарахш, Озар ва дигарон);

- порча аз достон - на кам аз 150 байт (аз Садриддин Айнӣ, Туғрали Аҳрорӣ, Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Аскар Ҳаким, Ҳақназар Ғоиб, Гулрухсор Сафиева, Сайидалӣ Маъмур, Ғаффор Мирзо, Муъмин Қаноат, Сафармуҳаммад Аюбӣ ва дигарон);

- дигар навъҳои шеърӣ-100 байт аз шоирони муосири тоҷик.

- осори мансури (насрии) муосир - роман – 30 номгўй, повест - 40 номгўй, ёддоштҳо - 5 номгўй, ҳикояву новелла - 50 номгўй (аз Садриддин Айнӣ, Ҳаким Карим, Пулод Толис, Ҷалол Икромӣ, Раҳим Ҷалил, Сотим Улуғзода, Фотеҳ Ниёзӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Абдумалик Баҳорӣ, Ҷумъа Одина, Муҳиддин Хоҷаев, ўрун Кўҳзод, Сорбон, Кароматулло Мирзоев, Саттор Турсун, Абдулҳамид Самад, Юсуф Акобир, Ҷонибек Акобир, Бароталӣ Абдураҳмон, Баҳманёр, Сайф Раҳим, Маҷид Салим ва дигарон).

3. Номинатсияи хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона

ва афсонаҳои халқи тоҷик:

- осори насрӣ - 50 номгўй, осори назмӣ - на кам аз 1000 байт (аз эҷодиёти Мирсаид Миршакар, Гулчеҳра Сулаймонова, Аминҷон Шукўҳӣ, Абдумалик Баҳорӣ, Нуъмон Розиқ, Убайд Раҷаб, Акобир Шарифӣ, Мавҷуда Ҳакимова, Алӣ Бобоҷон, Нозирҷон Боҳирӣ, Ҷўра Ҳошимӣ, Латофат Кенҷа, Юсуфҷон Аҳмадзода, Азизи Азиз ва дигарон, инчунин афсонаҳои халқи тоҷик, чистону латифаҳо ва ғайраҳо).

4. Номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони ҷаҳон:

- осори насрӣ - 70 номгўй, осори назмӣ - на кам аз 1000 байт (аз эҷодиёти Ҷек Лондон, Виктор Гюго, Ги де Мопассан, Марк Твен, Эрнест Ҳеменгуэй, Ромен Роллан, Виллям Шекспир, Томас Майн Рид, Мигел де Сервантес, Даниел Дефо, Оноре де Балзак, Гёте, Алигери Данте, Франсуа Рабле, Рюноскэ Акутагава, Александр Дюма, Александр Пушкин, Лев Толстой, Юрий Лермонтов, Антон Чехов, Максим Горкий, Владимир Маяковский, Сергей Есенин, Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, Абдулло Қодирӣ, Ғафур Ғулом, Мухтор Авезов, Олжас Сулаймонов, Чингиз Айтматов, Расул Ғамзатов, Теодор Драйзер, Олес Гончар, Янн Купала, Якуб Колас, Самад Вурғун, Нодар Думбадзе, Оттар Чилладзе, Грант Матевосян, Ҷуброн Халили Ҷуброн, Рашод Нури, Робендранат Тагор, Стефан Тсвейг, Иқболи Лоҳурӣ, Муртазо Мушфиқ Козимӣ, Фурўғи Фаррухзод, Парвини Эътисомӣ, Содиқ Ҳидоят, Нимо Юшиҷ, Нодири Нодирпур, Аҳмади Шомлу, Суҳроби Сипеҳрӣ, Муҳаммад Иқбол, Эраҷ Мирзо, Халилуллоҳи Халилӣ, Нусрати Раҳмонӣ, Бориқ Шафеӣ, Восифи Бохтарӣ, Маликушшуаро Баҳор, Мо Ян (Гуан Мое) ва дигарон).

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved