• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

Робитаҳои адабии тоҷик таърихи куҳан дошта, марҳилаи аввали рушди он ба асрҳои миёна рост меояд. Дар ин марҳилаи густариш омўзиши қиёсии адабиёти тоҷик бо халқҳои арабу турк ва ҳинду Юнон ҷараён гирифта, андешаҳои марбут ба таъсиру таъсирпазирии онҳо дар китобу тазкираҳо ва рисолаҳои алоқаманд  ба накди назму наср баён шудаанд. Марҳилаи дигари рушди равобити адабии тоҷик пас аз солҳои бистуми асри ХХ оғоз гардида, таҳаввули он ба фаъолияти  муҳаққиқони шинохта ба гунаи С. Айнӣ, А. Мирзоев, Р. Ҳошим, Ш. Ҳусейнзода, Х. Мирзозода, М. Шакурӣ, А. Сайфуллоев, В. Самад, А. Нуралиев, Ҳ. Шодиқулов, С. Воҳидов, Ш. Мухтор, А. Саидов, А. Давронов ва дигарон иртиботи қавӣ дорад. Пешрафту дастовардҳои имрўзии пайвандҳои мутақобилаи адабиёти тоҷик ба ақвоми дигар, ки ба замони Истиқлолият бастагӣ дорад, ба пажўҳишу ковишҳои насли дигари робиташиносон аз қабили Ҳ. Раҷабов, Т. Мардонӣ, А. Абдусаттор, Умеда Ғаффорова, Замира Ғаффорова, М. Зайниддинзода, А. Худойдодов, А. Аминов вобаста мебошад.

Равобити адабӣ аз муҳимтарин масъалаҳои илми адабиётшиносӣ буда, ҳар андоза бардошти адибон аз адабиёти дигар халқҳо, бахусус аз осори бузургони адаби ҷаҳон бештар бошад, ҳамон андоза арзиш ва моҳияти адабиёт волотар мешавад. Бешак, барои адабиёт натанҳо таъсиргузорӣ, балки таъсирпазирӣ низ муҳим аст, зеро он барои таҷаддуди қолаб ё маъниҳои тоза имкон фароҳам меорад ва минбаъд ин шаклу матолиби нав, агар барои хонанда хушоянд бошад, аз навоварӣ ба суннат бадал мешавад. Ин аст, ки равобити мутақобилаи адабиёти мо бо адабиётҳои арабу ҳинд, фаронсаву олмон, инглису рус, озарбойҷону арман, ўзбеку туркман, қазоқу қирғиз, тотору доғистон, белорусу украин ва ғайра аз пайвандҳои қавии маънавии мардуми ҷаҳон бо мо дарак дода, ҷойгоҳи адабиёти моро дар миёни ақвоми башар бештар таъкид ва таъйин менамояд.

Вобаста ба масъалаҳои равобити адабии гузашта ва имрўзии халқи тоҷик бо халқҳои дигар санаи 20-уми  декабри соли равон Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалии «Равобити адабӣ–омили рушди адабиёти миллӣ» баргузор намуд, ки дар он устодону донишмандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б. Ғафуров, Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи А. Рўдакӣ, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н. Хусрав, Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва намояндагони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ширкат намуданд.

Конфронс аз ҷаласаи ифтитоҳӣ ва ду бахш: “Масъалаҳои умумии робитаҳои адабӣ” ва “Робитаҳои адабӣ ва рушди адабиёти миллӣ” иборат буд. Дар ҷаласаи ифтитоҳӣ академик Имомзода М. С., Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, профессорон А. Кўчарзода, А. Абдусаттор, А. Маҳмадаминов, А. Худойдодов, Б. Мақсудов, Р. Раҳмонов, М. Муродӣ, М. Низомов, нависанда Ато Ҳамдам ва дотсентон  М. Зайниддинзода,  Г. Зулфиев суханронӣ намуданд.

Дар бахши аввал гузоришу маърўзаҳои донишмандон З. ўлмасова, М. Солеҳов, Р. Ваҳҳобзода, А. Шоев, Н. Қаландаров, Ҳ. Раҳмонов, Қ. Нурқаев, муҳаққиқони ҷавон И. Бобомаллаев, Р. Зоирова, Ф. Бадахш ва дар бахши дуюм суханронии устодону пажўҳандагон А. Мирализода, С. Аъзамзод, Б. Раҷабов, Ҳ. Дўстов, С. Қосимов, С. Гулзод, Б. Дўстмурод, Н. Усмонова, Б. Мўсоева, А. Шомирсаидов, Ф. Мирзоёров, Ш. Мавлонзода, М. Ҳайдаров, М. Ниёзӣ, З. Ёрова, Б. Ғиёсӣ шунида шуд.   

Зимни қироати маърўзаву гузоришҳо қайд гардид, ки робитаҳои адабии халқҳо як шохаи арзишманди адабиётшиносӣ буда, эҳтиёҷи таърихии баҳамдоштаи адабиётҳо ва халқҳо  мебошад. Ба сифати масъалаҳои меҳварӣ дар конфронс робитаҳои адабии халқҳои тоҷику тотор ва паҳлуҳои ҷудогонаи робитаҳои адабии тоҷикон ба халқҳои дигар – русҳо, ўзбекон, туркманҳо, қирғизҳо, украинҳо, гурҷиҳо, арманҳо мавриди баҳсу баррасиҳо қарор гирифт. Ҳамзамон дар маърўзаҳои иштирокдорон андешаҳо оид ба тарҷумаи бадеӣ ва нақши он дар рушди адабиёти миллӣ баён гардид. Ҳангоми арзишдовариҳои донишмандон фаъолияти тарҷумонҳо чун василаи муҳимми таҳкимбахши робитаҳои адабӣ қайд шуда, таъсирпазирии асарҳои тарҷумашуда дар шинохти адабиётҳои халқҳои Шарқу Ғарб таъкид гардид.

Гузашта аз ин, дар гузоришу маърўзаҳо нақши муҳаққиқи пайвандшинос Муртазо Зайниддинзода дар таҳқиқу баррасии робитаҳои адабии халқи тоҷик бо соири халқҳо муҳим арзёбӣ шуд. Қайд гардид, ки Муртазо Зайниддинзода дар робиташиносии кунунӣ аз муҳаққиқони пешгом  дар таҳқиқу баррасии пайвандҳои адабии халқи тоҷик бо соири халқҳо маҳсуб ёфта, бо андешаву мулоҳизаҳои муҳимми илмии хеш на фақат миёни аҳли илму адаби тоҷик, балки дар ҳавзаҳои илмиву адабиётшиносии халқҳои тотору ўзбек, русу Қафқоз ҳам ба гунаи пажўҳишгари таърихи адабиёт, риштаи робитаҳои адабӣ ва нақди адабии он шинохта мебошад.

Риштаи таҳқиқи Муртазо Зайниддинзода масоили гуногуни таърихи адабиёт, равобити адабӣ, назария ва танқиди адабӣ, ҳамчунин адабиётшиносии муқоисавиро фаро мегирад. Вай то ба имрўз муаллифи зиёда аз 400 мақолаи илмӣ, илмиву оммавӣ ва публитсистӣ мебошад. Мақолаву асарҳои таълифнамудаи ў оид ба осору аҳволи адибони тотор Қаюм Носирӣ, Шаҳобуддин Марҷонӣ, Абдулло Туқай, Шариф Камол, Олимҷон Иброҳимов, Мўсо Ҷалил, адибони рус Л. Толстой, А. Пушкин, А. Гайдар, К. Паустовский, А. Чаковский, адиби қазоқ Мухтор Авезов, адибони ўзбек Алишер Навоӣ, Ҳамза Ҳакимзода, Ғафур Ғулом, Аширмат Назаров, қирғиз Т. Сотилғанов, Ч. Айтматов, литвонӣ Э. Межелайтес, украин М. Бажан, адиби Куба Николас Гилиен ба хонандагони тоҷик шинос буда, муаллиф дар ташаккули дунёшиносии хонандаи тоҷик саҳм гузоштааст. Ин муҳаққиқи ҷўё вобаста ба пайвандҳои адабии халқҳои тоҷик бо халқҳои дигар китобу рисолаҳои “Қайюм Носирӣ. Абўалӣ Сино”, “Ёде аз бузургон”, “Пайванди халқҳо ва тамаддунҳо”, «Ҳақиқатро бараҳна бояд дид», «Суруди Ваҳдат» (Песня единство) ба чоп расонидааст, ки дар адабиётшиносии тоҷик арзиши баланди илмӣ доранд.

Пажўҳиши Муртазо Зайниддинзода фақат бо таҳқиқи робитаҳои адабӣ маҳдуд намешавад. Ин роздону пайвандгари адабиётҳо ба масъалаву муаммоҳои адабиёти давраи нави тоҷик, назария ва накди адабӣ ва тарҷумаву тарҷумашиносӣ диди хоси худро дорад. Таҳқиқу баррасии  рўзгору осори адибони давраи нави тоҷик чун С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, М. Турсунзода, Ҳ. Юсуфӣ, А. Пирмуҳаммадзода, С. Улуғзода, Ҷ. Икромӣ, А. Қаҳҳорӣ, Ибод Файзуллоев, М. Ҳайдаршо, Қ. Киром ва  дигар чеҳраҳои намоёни илму ҳунари тоҷик дар навиштаву офаридаҳои ў ҷолиб матраҳ шудаанд, ки аз мунаққиди сухансанҷу дақиқназар будани номбурда дарак медиҳанд.

Муртазо Зайниддинзода дар баробари пажўҳишҳои ҷиддиву арзишманд ба ҳайси устоди донишгоҳ дар таҳияву тадвин ва таълифи китобҳои дарсиву дастурҳои таълим низ нақши муассир дорад. Барномаи таълимии «Адабиёти ҷаҳон» барои синфҳои 10-11 (1995), «Барномаи таълимии адабиёти Иттиҳод» (2005), «Барномаи таълимии адабиёти хориҷӣ» (2005), китоби дарсии «Адабиёти ҷаҳон» барои синфҳои 10-11 (2001),  дастури таълимии «Таърихи адабиёти хориҷӣ», китоби 1. (2005), «Таърихи адабиёти хориҷӣ», китоби 2 (2014)  ва ғайра ҳосили таҷрибаи хуби омўзгорӣ буда, барои устодону донишҷўёни муассисаҳои таълимоти ҳамагонӣ ва олӣ муфиду арзишманд мебошанд.

Конфронс ба робиташиносии адабии муосир такони тоза бахшид.

 Қарор Нурқаев

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved