• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

 

Бори нахуст дар боби хидмати Бузургзода дар муайян намудани мазори устод Рўдакӣ устод Айнӣ дар мақолаи “Қабри устод Рўдакӣ ва деҳаи Рўдак” сухан ба миён оварда ва ба ин кори Бузургзода баҳои баланд дода буд. Натиҷаи сафар ва таассуроти худро Лутфулло Бузургзода дар мақолае бо унвони “Дар ҷустуҷўи мазори Рўдакӣ” сабт намудааст, вале то ҳол ин мақола ба касе аз муҳаққиқон дастрас нашудааст” – таъкид кард дар маърўзаи худ Муҳриддин Низомов, ки дар нишасти илмӣ-адабӣ бахшида ба 110-солагии ёдбуди Лутфулло Бузургзода хонда шуд .

 

Ҳамин буд мазмуни асосии нишасти илмӣ-адабӣ бахшида ба 110-солагии ин олими варзидаи тоҷик, ки чанде пеш бо иштироки донишмандону муҳаққиқон ва донишҷўёну устодони ДМТ ва ДДОТ дар толори хурди ИНТ таҳти унвони “Дар ҷустуҷўи Рўдакӣ” баргузор гардид.  

Дар ифтитоҳи ин нишаст Ато Мирхоҷа, муовини аввали раиси ИНТ, саҳми Лутфулло Бузургзодаро дар пайдо намудани зодгоҳ ва мазори устод Рўдакӣ бузург арзёбӣ намуда, арҷгузорӣ ба ин бахши корномаи олими ҷавонмаргро қарзу фарзи шогирдон ва соҳибони фарҳангу забони пурғановати тоҷик донист. Мавсуф бо зикри чанд нуктаи муҳим аз ҳаёти адабии Лутфулло Бузургзода аз донишмандон ва устодон даъват ба амал овард, ки андешаҳои худро дар ин бора ироа намоянд.

Нахуст мунаққид ва адабиётшиноси варзида устод Абдунабӣ Сатторзода бо баёни андешаҳои ҷолиб аз ҳаёти Лутфулло Бузургзода саҳми донишмандон Валӣ Самад ва Субҳони Аъзамзодро дар таҳқиқи осори ин донишманд, ба вижа хидмати ў дар муайян кардани мазори Рўдакӣ, хуб арзёбӣ намуд. Бо таъкиди ў, баъд аз устод Айнӣ, Абдулғанӣ Мирзоев, Камол Айнӣ ва чанде дигар, ин донишмандон дар шинохти Бузургзода талошҳои зиёде намудаанд. Ў гуфт:  “Бузургзода, мутаассифона, ҳамон тавре, ки ин ҷо ишора шуд, умри зиёд надид, ҷавонмарг шуд. Мисли чанд тан аз адибони ҷавонмарге чун Ҳабиб Юсуфӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Пўлод Толис, Ҳаким Карим ва ғайра, ки агар зинда мебуданд, як шохаи адабиёти моро пурбор мекарданд. Бо вуҷуди ин, дар ҳамин умри кўтоҳе, ки доштанд,  самтҳои ҷиддиеро асос гузоштанд, ки боиси рушди бахшҳои гуногуни забон ва адабиётамон гардидааст. Корҳои бузургеро ҳам, ки Лутфулло Бузургзода оғоз кардааст, то имрўз ному мақоми ўро ҳифз менамоянд. Бегумон, як бахши фаъолияти Бузургзода ҳамин рўдакишиносӣ буд, ки дар баробари саҳм доштанаш дар муайян кардани мазори ин саркардаи адабиёт, маводу материалҳои зиёдеро дар иртибот ба Рўдакӣ ҷамъоварӣ намуд, ки имрўз ҳам дар бахши фолклоршиносӣ, шевашиносӣ ва бахшҳои гуногуни забоншиносӣ арзиши адабии худро гум накардаанд”.

Сипас, Муртазо Зайниддинзода, устоди ДМТ, суханронӣ намуда, бо арзи ташаккур аз раёсати ИНТ ҷиҳати баргузории чунин як нишасти илмӣ-адабӣ бахшида ба ёдбуди ин донишманд таъкид дошт, ки “Лутфулло Бузургзода ба сифати як тан зиёии хеле дилсўз ва ғамхор доир ба илму адаби тоҷик ва ҳаёти саромадони адабиётамон ва фарҳангу адаби халқи худ хидматҳои арзандаеро анҷом додааст. Дар баҳс бо донишманди машҳур Семёнов, бо Бертелс дар мавриди забони ашъори Носири Хусрав, ки яке аз онҳо иддао дошт, ки дар эҷодиёти Носири Хусрав калимаҳои архаистӣ аз ҳад зиёд аст ва дигараш иброз дошта буд, ки калимаву таъбиру ибораҳои бадахшонӣ дар осори ў бештар дида мешавад, ҷавоб додану баҳси шадидро ба миён гузоштан дар он замон қаҳрамонӣ буд. Бузургзода бо далелҳои хеле муътамад собит кард, ки Носири Хусрав аз ҷумлаи ҳамон адибоне аст, ки то ҳадди имкон аз истифодаи калимаҳои арабӣ парҳез кардааст ва кўшиш намудааст, ки тозагии забони тоҷикиро нигоҳ дорад. Фикр мекунам, дар бахши бузургзодашиносӣ ҳанўз корҳои накарда хеле зиёд аст, мақолаи таълифкардааш “Дар ҷустуҷўи мазори Рўдакӣ” ва китоби дар бахши забон ва шевашиносӣ  таълиф кардаашро, ки ба нашриёт супорида асту бо сабабе чоп нашуда, ғайб задааст, ба ин боварем, ки дар оянда пайдо хоҳем кард”.

Хуршеда ҳошимова, адабиётшинос, и. в. директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакӣ дар суҳбати худ чанд нуктаи муҳиммеро оиди пажўҳиш ва ба нашр расидани осори Лутфулло Бузаргзода таъкид кард. Мавсуф иброз дошт, ки “Айни замон дар осорхонаи Айнӣ тамоми мактубҳое, ки миёни устод Айни ва Бузургзода ва дигар донишмандони бахши забон ва адабиётшиносӣ радду бадал шудаанд, дастраси пажўҳандагон гардида, омўхта шуда истодаанд. Мо мутмаъинем, ки аз миёни ин мактубҳо тозагиҳои зиёде вобаста ба корҳои Бузургзода рўнамо хоҳад шуд. Гузашта аз ин, мактубҳои худи Бузургзода ҳам мавриди омўзиш қарор доранд, ки дар сурати рўи чоп омадан печидагиҳои зиёдеро дар бахши бузургзодашиносӣ боз менамоянд”.

Алии Муҳаммадии Хуросонӣ дар ёдоварӣ аз суҳбатҳои худ бо  Шароф Муҳаммадиев чанд нуктаи ҷолиберо зикр намуд, ки яке аз онҳо ин буд: “Як чизи нозуке, ки ин ҷо дар маърўзаи асосӣ садо дод, омўзишу таҳқиқи мазори устод Рўдакӣ буд. Дар баробари Бузургзода роҳбарияти даври ноҳияи онвақтаи “Колхозчиён”, котиби аввали ҲКТ-и он Шароф Муҳаммадиев низ хидмати шоиста кардаанд. Ман дар суҳбатҳои эшон борҳо будам. Он кас бо муҳаббат ва меҳри зиёд аз Бузургзода ёд мекарданд ва мегуфтанд, ки мо дар якҷоягӣ ҳамроҳи устод Садриддин Айнӣ тавонистем, ки зодгоҳи Рўдакиро муайян кунем. Мақолаҳои Шароф Муҳаммадиев ҳамон замонҳо дар маҷаллаи адабии “Садои Шарқ” вобаста ба муайян кардани зодгоҳи Рўдакӣ ва мазори ў интишор шудаанд, ки бештар аз ҳамкориҳояш дар ин бахш бо устод Айнӣ ва Лутфулло Бузургзода ҳикоят мекунанд. Аз он мақолаҳо низ маводи зиёдеро вобаста ба омўзиши ин бахши фаъолияти Бузургзода метавон ба даст овард”.    

Адабиётшинос ва мунаққид Абдураҳмони Абдуманнон ба фаъолияти забоншиносии Лутфулло Бузургзода таваҷҷуҳ намуда, аз мақолаҳои ин донишманд дар бахши забоншиносӣ, ки бори аввал дар мизи кори Маъсумӣ дидааст, ёдовар шуд. Бо ёдоварӣ аз хотираҳои неки Маъсумӣ ва Муҳаммадҷон Шакурӣ дар бораи Лутфулло Бузургзода чанд нуктаи ҷолиберо зикр намуд, ки барои донишҷўён бисёр омўзанда ва ибратбахш буданд.

Бо таъкиди Ато Мирхоҷа, ки гуфт: - Имрўз зарур аст дар бораи бузургоне чун Ҳабиб Юсуфӣ, Лутфулло Бузургзода, Ҳаким Карим, Пайрав Сулаймонӣ, Пўлод Толис ва даҳҳо тани дигар, ки барои фарҳангу адаби тоҷик ҷоннисориҳо кардаанд, очерк ва асарҳои бадеӣ таълиф намоем, то барои хонандагон кору пайкори ин бузургон бештар рўнамо шавад, - маҳфили илмӣ-адабӣ ба поён расид.

Лутфулло Бузургзода, ин забоншинос ва адабиётшиноси муосири тоҷик,  маълумоти миёнаро дар Исфараю Қазон ва олиро дар Самарқанду Ленинград гирифтааст. Мавсуф чанд вақт муҳаррири нашриёт ва асосан муаллими ИДПД буд ва ба сифати ходими илмии Базаи Тоҷикистонии АИ СССР ҳам кор кардааст. Узви ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Шарқи Сурх», раиси бахши танқид ва адабиётшиносии ИН Тоҷикистон, раиси кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқҳои касабаи ходимони илм ва мактабҳои олии Тоҷикистон будааст. Мавсуф соли 1941 ихтиёран ба ҷанг рафта, дар майдони муҳориба ҳалок мегардад. Осори таълифнамудаи ин марди шариф ёду хотираи ўро ҳамеша миёни ҳаводорони илму адаб зинда медорад.

 Муҳриддин Сабурӣ, “АС”

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved