• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 90-солагии нависанда ва публитсисти маъруф Масъуд Муллоҷонов маҳфили ёдбуд баргузор шуд, ки он ба  70-солагии маҷаллаи руссзабони ИНТ "Памир" рост омад.  Масъуд Муллоҷонов адибест,  ки дар пешравии кори маҷаллаи мазкур саҳми зиёд гузоштааст. Адибони маъруфи кишвар дар маҳфил аз рўзгор ва осори Масъуд Муллоҷонов ва ҳафтод соли нашри маҷаллаи "Памир" сухан карданд. Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим маҳфилро ҳусни оғоз бахшида, чунин ибрози назар намуд:

 

"Дар замони шўравӣ ба ҳар ҷо, ки мерафтему бо касе ҳамсуҳбат мешудем, маҷаллаи "Памир"-ро медонист, ки ин боиси ифтихори мо буд. Муҳокимаҳое, ки дар Иттифоқи нависандагони ИҶШС сурат мегирифтанд, дар "Литературная газета" нашр мешуданд. Ман чанде аз онҳоро варақ задаам, ки маҷаллаи "Памир" дар шумори беҳтарин маҷаллаҳои адабии Иттифоқҳои нависандагони ҷумҳуриҳои шўравӣ номбар мешуд ва ҳамеша баҳои баланд мегирифт.

Панҷоҳ сол қабл маҷалла номи "Памир"-ро гирифт. Дар ин муддат мушкилиҳои зиёд дар роҳи на фақат сифати нашрия, балки дар роҳи нигоҳ доштани он вуҷуд доштанд. Бо вуҷуди ин, боиси хушнудист, ки адибон маҷалларо натанҳо аз вартаи нобудӣ нигоҳ доштанд, инчунин рўз аз рўз маҳбубияташ бештар гардид. Яке аз эҳёгарону нигоҳдорандагони он Масъуд Муллоҷонов буд".

Ба андешаи Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо Масъуд Муллоҷонов ҳамеша дастгири адибони кишвар дар тамоми Иттиҳоди Шўравӣ буд ва барои тарғиби навиштаҳои онҳо дар байни хонандаҳои шўравӣ саҳми зиёд гузоштааст. Ҳамеша навиштаҳояшонро тарҷума ва нашр мекард. Ба ҷуз ин, хонандагони тоҷикро бештар бо адабиёти рус ошно месохт:

"Солҳои панҷоҳум фаъолияти эҷодии Масъуд Муллоҷонов оғоз ёфт, ки ў ба забони русӣ менавишт. Навиштаҳояш дар ҷумҳурӣ ва берун аз он чоп мешуданд ва доираи хонандагонаш васеъ буд. Дар чанд ҷо кор кардааст. Аз ҷумла, дар нашрияҳои "Тоҷикистони советӣ", "Шарқи сурх", дар киностудияи "Тоҷикфилм" ва дар маҷаллаи "Памир" аз соли1968 қариб 30 сол заҳмат кашидааст. Инчунин мухбири махсуси "Литературная газета" буд, ки эҷодиёти адибонии моро бо забони русӣ тарғиб мекард. Мавриди ёдоварист, ки дар тамоми ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шўравӣ маҷаллаи "Памир" паҳн мешуд ва теъдодаш ба 15 ҳазор расида буд. Вақте ки ҷавон будам, бори аввал бо дастгирии сармуҳаррири вақти маҷаллаи "Памир" Масъуд Муллоҷонов чанде аз ҳикояҳову қиссаҳоям ба русӣ тарҷумаву дар маҷалла чоп шуданд".

Гулназар Келдӣ, Шоири халқии Тоҷикистон гуфт, ки Масъуд Муллоҷонов адабиёти русро хуб медонист. Дар доираҳои Москва, Ленинград, Киев, Минск ошноҳои зиёд дошт. Вақте мо ба Иттифоқи нависандагон ба кор омадем, ин маҷалла бо номи "Гулистон" дар се моҳ як бор чоп мешуд. Ў маҷалларо дар саросари шўравӣ машҳур кард. Дар баробари ҳамаи публитсистони Москваю Ленинграду Киеву Минск баҳс мекард, мақолаҳо менавишт.

Тавре зимни суханронӣ Саидалӣ Маъмур, Шоири халқии Тоҷикистон ишора намуд, сухани Масъуд Муллоҷонов ҷозиба дошт. Дар бораи Маяковский ва дигарон мақолаҳои навиштааш хеле омўзандаанд. Дар китоби ў "Ҳамқадами замон, ҳамнафаси халқ", ки соли 1962 нашр шуда буд, дар бораи адабиёти кўдак сухан меравад. Хеле дилсўзонаву меҳрубонона навишта шудааст. Худи ў ҳам ҳамқадами замону ҳамнафаси халқ буд. Имрўзҳо масъалаи хушк шудани баҳри Арал, кам шудани пиряхҳои Тоҷикистон мардумро ба ташвиш овардааст ва Президенти муҳтарами мо низ борҳо дар ин бора дар маҷлисҳои ЮНЕСКО ва СММ сухан кардаанд. Масъуд Муллоҷонов солҳои ҳаштодум оид ба ин масъалаҳо мақолаҳо навиштаву мизи мудаввар ташкил карда буд. Ў натанҳо ҳамқадами замон, балки пештар аз замон буд. Медонист, ки оянда ин мушкилиҳо бештар мешаванд.

Сармуҳаррири маҷаллаи "Памир" Ҷумъа Қуддус дар бораи фаъолияти дирўзаву имрўзаи маҷалла маърўза карда, барои беҳтар шудани сифати он ва бештар шудани теъдоди нашраш пешниҳодҳои ҷолиб кард. Нависанда Мансур Суруш дар маърўзаи хеш аз зиндагӣ ва эҷоди Масъуд Муллоҷонов андешаронӣ намуд. Зикр гардид, ки ёд кардан аз адиб, публитсист ва муаррифгари адабиёти тоҷик дар ИДМ Масъуд Муллоҷонов ва маҷаллаи русзабони "Памир" саривақтист.

Бузургмеҳри ТОҶИДДИН, "АС

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved