• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

Дар толори хурди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили шеъри шоири тоҷик Озар Салим бо ширкати шоирон ва навиисандагони тоҷик ва ҳамчунин меҳмонон аз сафорати Афғонистон баргузор гардид.

 Дар оғози маҳфил ба Озар Салим ҷоизаи “Килки заррин” тақдим карда шуд, ки чанде қабл аз сӯйи Академияи ҷоизаи “Килки заррин”-и Ҷумҳурии Исломии Афғонистон шоири тоҷик ба сазовор гардидааст. Дар нишаст Шарофиддин Имом, сафири Тоҷикистон дар Афғонистон ва Сайидмаъсум Бадахш, кордори сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон мукофотро ба соҳибаш супурданд.

Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар оғози маҳфил таъкид намуд, ки кишвари Афғонистон ҳамсояи дерин ва ҳамзабону ҳамфарҳанги Тоҷикистон аст, ки бо мо робитаҳои дерини адабию фарҳангӣ дорад. Се сол қабл дар Тоҷикистон Ҳамоиши адибони ҳавзаи Наврӯз баргузор шуд ва як гуруҳи бисёр бузург аз Афғонистон ба кишвари мо ташриф оварда, дар кори он ширкати фаъол доштанд. Ин ҳама аз қаробати руҳӣ ва қалбии мо дарак медиҳад. Шеъри муосири Афғонистон шеъри хуби форсист. Шоирони Афғонистон ҳам ҳунари шеърсозии Эрон ва ҳам ҳунари мушаххасгӯиву иҷтимоъгароии Тоҷикистонро доранд. Ин аст, ки таваҷҷӯҳи мо ба шеъри Афғонистон ва шоирони ин кишвар рӯзафзун аст. Соли 2006 банда аз шеъри муосири Афғонистон як китобро бо номи “Як сарзамин муҳаббат”мураттаб карда будам ва ҳадаф чопи китоб ҳамин буд, ки аҳли адаб ва дигар хонандагон бо намунаҳои шеъри Афғонистон ошно бишаванд. Ва ҳамчунин, бо ҳамроҳии шодравон Камол Айнӣ як маҷмӯаи дигаре бо номи “Баёзи меҳр” мураттаб кардем, ки қисмати бузурги он ба шеъри Афғонистон оид буд”.

Дар идома Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим аз номи Раёсат ва ҳамаи ҳамқаламон Озар Салимро бо дарёфти ҷоиза табрик намуда, дар робита ба махсусияти шеъри ин шоир иброз дошт, ки дар аксар мавридҳо вақте ки номи Озар зикр мешавад, чанд шеъри ӯ ба хотир меояд. Озар шоири муваффақ аст. Бо муҳаббат ва масъулият мегӯям: яке аз шоирони хуби  мост.

Шарофиддин Имом, сафири Тоҷикистон дар Афғонистон зимни суҳбат иброз дошт, ки “Килки заррин” ҷоизаи эътирофшудаи адабӣ ва фарҳангии Афғонистон аст. Академия ҳамасола осори адабӣ ва фарҳангиро амиқ баррасӣ мекунад ва ба адибон барои дастовардҳои адабӣ ҷоиза медиҳад. Барои мо ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон боиси ифтихор аст, ки соли дуюм ҷоизаи “Килки заррин” тақрибан ба тариқи истисно фақат ба шоирони Тоҷикистон тақдим мешавад. Ин баёнгари эътироф ва қадр кардани шеъри мо, ва аз ин муҳимтар, шинохти шеъри мо аст, ки дӯстони мо бо вуҷуди ҳама мушиклоти амниятиву иқтисодӣ ба он таваҷҷӯҳ доранд. Тавре маълум аст дар Афғонистон “Масъуднома”-и устод Муъмин Қаноат, маҷмӯаҳои шеърии бисёр шоирони дигарамон нашр шуда, шеърҳои зиёди шоиронамон нашр шуда, мавриди истиқболи доираҳои адабиву фарҳангӣ қарор гирифтанд. Вале ман фикр мекунам корҳои бузург ва асосӣ дар пешанд”.

Сайидмаъсуми Бадахш, кордори Сафорати Афғонистон бо таъкиди  равобити ҳасанаи сиёсӣ ва фарҳангии Афғонистон бо Тоҷикистон гуфт: “Шеъри “Модар фаришта буд”-и Озар яке аз беҳтарин шеър дар васфи модар шинохта шудааст. Ин шеър дар маҳофили адабии Афғонистон овоза ва ҳангома бапо кард. Аз сӯйи бархе мунтақидин ва суханшиносони Афғонистон мавриди нақд ва баррасӣ қарор гирифт. Шуҳрат ва маҳбубияти шеъри “Модар фаришта буд” дар Афғонистон камтар аз Тоҷикистон нест. Номи Озар дар канори номи шахсиятҳои маъруфи Афғонистон ва Тоҷикистон ба як номи ошно табдил шудааст, ки имрӯзҳо дар маҳофили адабиву фарҳангии Афғонистон, ҳар ҷо ки сухан  аз пешкисватони шеъри дариву форсӣ ва тоҷикӣ гирифта мешавад, дар қатори дигарон мусалламан ёд мегардад. Дар охир ин нуктаро шоёни зикр медонам, ки Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон омодаи ҳамкорӣ бо фарҳангиёну адибони тоҷик мебошад”.

Аскар Ҳаким, Шоири халқии Тоҷикистон дар робита ба шеъри муосири Тоҷикистону Афғонистон ва шеъри Озар андешаҳои худро баён намуда, аз ҷумла ёдовар шуд: “Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар солҳои ноороми 90-ум дар вилояти Хатлон, дар шаҳри Қурғонтеппа як конфронси адабӣ бо ҷалби адибони ҷавон баргузор карда буд. Дар конфронс тақрибан 40-50 нафар шоирони вилоят ҷамъ омада буданд. Шоирони ҷавон шеърҳои худро дар он конфронс пешниҳод карда буданд ва ман он вақт гуфта будам, ки аз байни ҳамаи навқаламони ин конрфонс се нафар шоири хуб мешаванд. Аввалин касе, ки ном бурда будам, Озар буд. Мо бояд қоил шавем, ки шеъри Эрон ва Афғонистон пешрафта ва баланд аст. Махсусан аз ҷиҳати ҳунар, забон ва сохтори шеър. Дар баробари ин мо ҳарфи Ниморо медонем, ки гуфта буд: “шеъри тоҷикӣ яке аз пешқадамтарин шеърҳои забони форсӣ аст”. Мо бештар дар он вақт ба масъалаҳои иҷтимоӣ таваҷҷӯҳ доштем.”

Гулнзар Келдӣ, Шоири халқии Тоҷикистон дар робита ба махсусияти шеъри Озар чанд нуктаи муҳимро иброз дошта, таъкид намуд, ки мавсум шоири донишманд аст. Эҷодиёти Озар бори дигар талқин мекунад, ки барои шоири хуб шудан дониш даркор аст. Шоирӣ фақат донистани вазну қофия нест. Дар эҷодиёти Озар пероиши шеър, ки он муҳтаворо зебову дилнишин мекунад, нақши барҷаста дорад”.

“Як нуктаи муҳиме, ки имрӯз дар шеъри мо нигаронкунанда аст, нагузаштан аз мактаби аруз мебошад. Ҳар шоире, ки аз мактаби шеъри классикӣ нагузашта бошад, воқеан дар баёни андеша, дар таносуби маъно, дар балоғати фикр ҳатман камбудҳо ва нақсҳои фаровон дорад. Бурди Озар он аст, ки аз мактаби арӯз, ҳамон мактаби шеъри классикӣ ошност ва аз ин рӯ, вақте имрӯз шеър мегӯяд, ҳамон мактаби дирӯзро бо мактаби имрӯз хеле хуб метавонад пайванд бидиҳад”-иброз дошт Муҳаммадалӣ Аҷамӣ, ноқид ва шоири шинохтаи тоҷик.

Сипас саркотиби илмии Академияи илмияи илмҳои Тоҷикистон Қосимшоҳ Искандаров, Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб, Шоири халқии Тоҷикистон Зулфия Атоӣ, Сафар Айюбзодаи Маҳзун ва дигарон бардоштҳои худро дар бораи шеъри Озар баён намуданд.

Дар поёни маҳфил таъкид гардид, ки минбаъд низ ҷониби Тоҷикистон омодааст робитаҳои адабии худро бештар аз пештар бо кишварҳои ҳамзабон ва ҳамсоя ба роҳ монад.

Сипеҳри Кароматулло

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved