• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

31 май дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки адибони номвари кишвар ва алоқамандони адабиёт базми шеъру сухан баргузор гардид. Гардонандаи маҳфил муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа аз дастовардҳои адабиёти даврони истиқлол ёдовар шуд.

 

Сипас адибон, ки аз ҳар гўшаву канори мамлакат ҷамъ омада буданд, ба монанди Гулназар Келдӣ, Фарзона, Ўрун Кўҳзод, Сорбон, Саидалӣ Маъмур, Рустам Ваҳҳобзода, Алӣ Бобоҷон, Зулфия Атоӣ, Ҳақназар Ғоиб, Муҳаммадалии Аҷамӣ, Додохон Эгамзод, Раънои Мубориз, Шаҳрия, Лаълҷубаи Мирзоҳасан ва дигарон дар ситоиши истиқлол, ваҳдат, ватан ва дигар арзишҳои миллӣ шеърхониву суханронӣ карданд.

Ҳамагон аз он изҳори шодиву шукр карданд, ки давлати мосоҳибистиқлол асту ба маънои том ин дастоварди худро ҳифз мекунад. Дар охири маҳфил шоири ҷавон Бузургмеҳри Баҳодур бо як шеъри ватандўстонаи худ хотири иштирокдоронро болидатар гардонд. 

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved