• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

"Ин роман дар вақташ яке аз пурхонандатарин ва машҳуртарин асарҳои Тоҷикистон ҳам дар арсаи Иттиҳоди Шўравӣ ва ҳам дар арсаи байналмилалӣ буд. Ҳатто дар соли 1954 ба забони хитоӣ ҳам тарҷума шудааст, ки кам асарҳо ба ин забон тарҷума мешаванд". Бо чунин суханронии муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа дар арафаи Иди Ғалаба ба муносибати 70-солагии романи "Вафо"-и Нависандаи халқии Тоҷикистон Фотеҳ Ниёзӣ дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо иштироки адибону олимон, рўзноманигорону донишҷўён маҳфили илмию адабӣ оғоз гардид.

 

Профессор Абдунабӣ Сатторзода дар бораи ҷойгоҳи ин асар дар адабиёти муосири тоҷик маърўзаи пурмуҳтаво карда, аз ҷумла, чунин гуфт: "Фотеҳ Ниёзӣ дар ҳақиқат ҷангноманавис буд ва ин асараш ҳамон тавр, ки шодравон Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ фармудааст, якумин ҷангномаи калон дар адабиёти муосири тоҷик аст. Ҷангноманависиро Фотеҳ Ниёзӣ барои худ пешаи асосӣ интихоб карда, муҳимтарин асарҳои худро қабл аз романи "Вафо" ва баъд аз он дар ҳамин мавзўъ навиштааст. Мисли маҷмўаи ҳикояву очеркҳои муаллиф бо номи "Интиқоми тоҷик" (1947), "Ҳисса аз қиссаҳои ҷанг" (1962), "Ҳар беша гумон мабар, ки холист" (1974).

Устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муртазо Зайниддинзода аз навиштаҳои адабиётшиносоне, ки дар бораи романи "Вафо" ва дигар асарҳои Фотеҳ Ниёзӣ пажўҳиш анҷом додаанд, ёд карда, иброз дошт:

"Хидмате, ки Фотеҳ Ниёзӣ кардааст, дар се романаш - "Вафо, "Сарбозони бесилоҳ", "Ҳар беша гумон мабар, ки холист" аён аст. Ин се асарро як навъ асари сегона дар мавзўи ҶБВ номидан мумкин аст. Баъд аз асарҳои Фотеҳ Ниёзӣ ҳам насри ҳарбии мо идома ёфт ва минбаъд кори Фотеҳ Ниёзиро Раҳмон Сафар, Ҳоҷӣ Содиқ, Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, Ҷумъа Одина, Ҳазратқул Файзиев идома додаанд".

Ато Ҳамдам аз он изҳори хурсандӣ кард, ки бо нависанда аз наздик ошноӣ дошт ва ёдовар шуд, ки ҳангоми дар радиои "Тоҷикистон" кор кардан, бо Фотеҳ Ниёзӣ мусоҳибаи доманадоре анҷом додааст ва сабти он ҳоло ҳам дар хазинаи тиллоии радио маҳфуз аст.

Мудири бахши назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Муҳаммадалии Аҷамӣ зимни суханронии худ хостор шуд, ки асарҳои дар мавзўи ҷанг навиштаи Фотеҳ Ниёзӣ дар қисмҳои ҳарбиву низомӣ бояд истифода шаванд ва сарбозон аз онҳо дарси мардонагӣ омўзанд.

Нависанда Шодӣ Раҷабзод изҳор намуд, ки имрўз романи "Вафо" ва дигар асарҳои нависандаро мардум кам мутолиа мекунанд. Бояд тамоми асарҳои Фотеҳ Ниёзӣ бознашр шаванд ва пешкаши хонандаҳо гарданд. Тариқи тевизионҳои кишвар ҳам бояд оид ба рўзгору осори нависанда барномаҳо пешниҳод шаванд.

Мудири бахши насри ИНТ Равшан Махсумзод ҳам паҳлуҳои гуногуни романи "Вафо"-ро мавриди андешаронӣ қарор дода, чунин изҳор кард:

"Агар мо донистан хоҳем, ки дар замони ҷанг мардуми мо дар ақибгоҳ чӣ ҳол доштанд, бояд романи "Вафо"-ро хонем. Романи "Ҳар беша гумон мабар, ки холист" ҳам давоми романи "Вафо" буда метавонад. Чунки воқеаҳои дар фронт дар бешазорони Беларус ба амаломада, ки дар романи "Вафо" тасвир ёфтаанд, дар романи "Ҳар беша гумон мабар, ки холист" пурратар инъикос гардидаанд.

Адибон Азизи Азиз, Абдуғаффори Партав ва Шералӣ Мўсо низ дар бораи романи "Вафо" андешаҳои худро баён доштанд.  

 

Бузургмеҳри ТОҶИДДИН, "АС"

 

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved