• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

 Моҳи гузашта аз саҳифаҳои расонаҳои электронӣ иддае аз ғаразандешагон пиромуни боло рафтани нархи коргирӣ аз интернет сарусадоҳое пахш карда, ба истилоҳ «пироҳани усмонӣ» бардоштанд (ибораи «пироҳани усмонӣ» ишора ба саргузашти Усмони саҳоба дорад, ки бар асари хилофатро соҳиб шудан, аз тарафи мухолифон кушта мешавад ва ҳамсафонаш пироҳани хунолуди ӯро сари найза бардошта, ба ҷанги ҳамдигаркушии мусалмонон даъват мекунанд).

 Сарусадоҳо аз беруни марзҳои Тоҷикистон бад - он сон гӯшхарош буданд, ки гумон меравад, агар нархи нон меафзуд, аъзои ҳар гуна ҳаракатҳои аз номи миллат суиистифодагар, чунин ғавғо барнамедоштанд. Пеш аз ҳама, сарварони ба ном «паймони миллӣ», ғуҷова (бухси гиря) дар гулуву чашмони пуробу чеҳраи ғамбор аз гарон шудани нархи интернет ба азо даромада буданд. Онҳо либоси азо ба бар, ҳай шевану нола мекарданд, ки дастрасӣ ба интернет набошад, миллат бесавод мемонад, миллат дунёбехабар мешавад, миллат аз ҷаҳони тамаддуни муосир вопас мемонад... Албатта, як марди боандеша ба зудӣ пай мебурд, ки ин ҳазёнҳо ҳамон нолаҳои дурӯғини мӯягарони фармоишӣ буданд, ки аслан ғами шахсиву гурӯҳии худро мехӯрданд. Ҳатто ба як шахси ноогоҳ равшан аст, ба ташвиш афтодани «паймонгарони миллат» аз он мебошад, ки бо маҳдуд шудани коргирӣ аз шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳарзаофариниҳои андакхондагони аз сиёсат дур, ононе, ки аз манораҳои кишварҳои аврупоӣ ба сӯйи давлати тоҷикон сангпартоӣ мекунанд, ба гӯши ҷавонони содаву камхонда намерасад. Нолаву нӯлҷокҳои онҳо (зузакашиҳои онҳо) аз бими камранг шудани василаи ҷалби камхирадон ба сафҳояшон, ба сони ташкилотҳои террористии дигар, аз он ҷумла ДОИШ, яъне шабакаҳои интернетӣ мебошанд.

Инҷониб мардумони бодонишу бохиради зиёдеро медонам, ки бо таҳлили мӯбинона ва арзёбии воқеии шабакаҳои иҷтимоӣ натиҷагирӣ кардаанд, ки шумори зиёди маводи аз интернет пахшшуда бар ҳадафҳои рабудани ҳуши ҷавонон аз ҳақиқат, майли наврасон ба зӯроварӣ ва шаҳватпарастӣ, таблиғи модигароиву худпарастӣ ва монанди он падидаҳои ношоиста нигаронида шудаанд. Бисёре аз маводи илмигуна ба он равона гаштаанд, то пояҳои кашфиётҳои илмии садсолаҳои пешинро нотавон сохта, ихтирооти донишмандони бузург ҳеҷ дониста шаванд.

Солҳои ахир ҷавонони тоҷик чашму ҳуш ба саҳифаи интернетии телефонҳояшон, аз хондани асарҳои адабӣ, гӯш фаро додан ба гуфторҳои падару модару падарбузургу модарбузург бозмондаанд. Шабу рӯз ба акспартоӣ, нишон додани саҳнаҳои музҳик ва дур аз фарҳанги баланд шуғл меварзанд. Дар Аврупову Амрико ва Япония падару модарон коргирии фарзандонашонро аз намоишҳои телевизионӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ маҳдуд мекунанд. Дар он кишварҳои пешрафта пеш аз пахши тугмаи интернет, маблағҳои кисаи худро шуморида, ба арзиши вақт аҳамияти хосса медиҳанд. Барои ба кор даровардани интернет дар соатҳои кориву омӯзишӣ касро аз кор ё таҳсил меронанд. Инҷониб бисёре аз оилаҳои тоҷиконро медонам, ки шабонарӯз 4 - 5 «Смартфон» дар хидматашон қарор дошта, моҳе ҳар кадом то 40 сомонӣ дар ин росто, харҷ мекунанд ва дар маҷмӯъ, вақтгузаронии онҳо беш аз 200 сомонии хароҷоти хонаводаро бар  ҳадар медиҳад.

Пеш аз навиштани ин сатрҳо огоҳ шуда будам, ки хидмати интернетӣ ба нархҳои пешин баргардонда шуд ва набояд гумон равад, ки ин амр аз ақибнишинӣ ва пушаймонии Ҳукумат сар задааст. Ин тадбир гӯёи он аст, ки ҷомеаи мо мебояд дар мавриди коргирӣ аз маводи дар шабакаҳои иҷтимоӣ бомулоҳиза ва бохирад бошанд. Бидонанд он давлатситезоне, ки дар кишварҳои дигар пинҳон шуда, аз номи пешинаи хеш, калимаи «ислом» - ро хат задаанд ва дар ҷояш вожаи «миллат» - ро сабт кардаанд, рӯйи сиёҳи худро бо кадом тобиши дигаре рангомезӣ накунанд, пиру ҷавони кишвар таърихи нокасиҳояшонро медонанд. Медонанд, ки чӣ гуна «озодихоҳон» - и ҲНИ ва ҳоло аъзои Паймони миллӣ, асирони худ - ҳамдиёрони бесилоҳро дар бушкаҳои оҳанин ҷой карда, бо таҳқири фашистона ва ранҷи мудҳиш ба куштан дода буданд. Ба пиндори мо симои ҳақиқӣ ё ҳолномаи онҳоеро, ки дар кишварҳои дур қарор гирифта, сохти давлатдории моро меситезанд, корномаҳои Пешвои муаззами миллати тоҷикро зери савол мегузоранд, пешравиҳои афсонавии Меҳани моро нодида мегиранд, ба таври густурда рӯйи рӯзномаҳо, шабакаҳои телевизионӣ, расонаҳои электронӣ мебояд бознамоён сохт. Чунончи Зафари Сӯфӣ, ки дар байни ифротгароёни исломии Фарғона ба воя расидааст, ба истилоҳи мардум «душман, ки айбатро наёфт, мегӯяд думи сагат каҷ аст..», мебояд бо ин суханҳои иғвобарангези дар интернет ба чоп расондааш ҷавоби ҷиддӣ бидиҳад:·

Эълон!Эълон!

Рӯзи сешанбе 16 апрел соати 12 дар рӯ ба рӯи бинои Маҷлис ва муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, ки назди бинои Кумитаи алоқа аст, ҷамъ шуда...

Чунин куниш дасиса - провокатсия ном дорад ва шахсе, ки мехоҳад ба оромиву осудагии мамлакат панҷа ёзонад, бояд гирифтори кайфари сахт гардад. Ин унсури гумроҳ ва бадкуниш худ дар кишвари дигар пинҳон шуда, аз он ҷо мехоҳад одамони камхираду содаро ба майдон бикашад. Ӯ медонад, ки ба монанди солҳои 90 - уми садсолаи гузашта, дар сурати майдонбозии камхирадон, дигарандешоне пайдо хоҳанд шуд, ки ба онҳо лаънат фиристода, кӯшиши аз майдон ронданашонро мекунанд ва дар натиҷа тухми зиддияту ҳамдигарситезиро корида, ба харобкориҳои гулистонҳову чаманистонҳои акнун бунёдшуда, мепардозанд. Пайдост, ки Зафари Сӯфӣ ин эълони худро дасисакорона ва аз рӯйи нақшаи тартибшуда пахш кардааст.

Унсури дигаре, ки талош дорад аз роҳи саҳифаҳои интернетӣ олимнамоёна мардумро ба гумроҳӣ тела диҳад, Саидюнуси Истаравшанӣ мебошад, ки тахаллуси Истаравшанӣ – ин сарзамини одамони сарбаланд ва дар «Шоҳнома» - и Ҳаким Фирдавсӣ тавсиф шуда, ба ному амали ӯ нораво ва нозебо мебошад. Ҳамин пораи зиндагиномаи ӯ гувоҳӣ медиҳад, ки пеш аз сар задани ошӯбҳои Сурия ба он ҷо сафар карданаш ҳадафнок будааст. Хунрезиҳои кишвари Сурия аз баҳсу мабасҳои равияҳои бо ҳам мухолифи таассубгароии динӣ сар зада буданд ва чуноне медонем, дар байни 4 - 5 сол дар ин кишвар дарёи хуни бегуноҳон ҷорӣ гашт. «Саидюнуси Истаравшанӣ  соли 2001 вориди Донишгоҳи Димишқи Сурия дар риштаи «Фалсафа ва ҳикмат» шуд ва то соли 2007 машғули таҳсил дар ин маркази илмӣ буд ва ноил ба дарёфти мадраки коршиносии аршад (фавқуллисонс)-и ҳамин ришта шуд».

Дар расонаҳои иҷтимоии электронӣ, ба навишторҳое дучор меоем баёнгари озодиситезии Ҳукумат. Яъне, муаллифони он навишторҳо гила мекунанд, ки ба онҳо имконият намедиҳанд, то ба минбарҳои баланд баромада, ҳамаро зери танқид қарор диҳанд, шамшери адолатро ба дасташон бидиҳанд, то ҳама порахӯрон, бадкорон ва умуман, онҳоеро, ки дилхоҳи Ҳукумат нестанд, сар бибуранд. Занони аҳдшиканро сангсор кунанд, дастони дуздро дар пеши омма бо табар аз тан ҷудо кунанд. Агар чунин бошад, шеваи ҳукуматронии норизоиёни гуреза, пас шеваи сиёсати онҳо баргашт ба асри XIV – XV мебошад.

Ҳама медонем, ки наҳзатиёни дар сиёсати давлатдории демократӣ ноком монда, бо ёрии кишварҳои томгаро даст ба силоҳ заданд ва дар яки он саркӯб шуданд. Ба пиндори муаллифони ғайбатсарои расонаҳои электронӣ, ки аз роҳи Ютуб ва Фейсбуку радиоҳои ҳангомахоҳи хориҷӣ суханфурӯшӣ мекунанд, барои давлати демократии намунавӣ пазируфта шудани Тоҷикистон, Ҳукумат мебояд иҷоза диҳад, ки ифротгароёни диниву мазҳабӣ дар даст Калашников ақидаҳои худро бар сари ҳукуматронон таҳмил кунанд. Ва Ҳукумат бояд ба пешипозаниҳои Конститутсияи мамлакат оромона нигариста, ба бенизомиҳои аҳмақонаи дигарандешон вокунише нишон надиҳад? Ин монанд ба он аст, ки шахсе дар хиёбон ё ҷода бо автомобилронии хатарнок ҷони дигаронро ба хатар меандозад ва дарнамеравад, ки ӯ аҳмақ аст ва аҳмақ будани худро комилан рад мекунад. Корманди бехатарии роҳ мехоҳад ба ӯ бифаҳмонад, ки рафтораш хатарнок буда, ба дигарон осеб мерасонад. Чун ронанда аҳмақии худро напазируфта, мехоҳад ба ҳаракаташ идома диҳад, корманди бехатарӣ бояд бо истифода аз зӯрӣ ҳатман ӯро боздошт намояд ва ҷазо низ таъйин кунад, вагарна аҳмақ будан ба як эпидемия табдил шуда, ҳамаро фаро мегирад. Ҳамоқат мисли бозии кӯдак бо туфанг  - милтиқ мебошад; мумкин аст худаш ва соҳиби туфангро ба куштан диҳад.

Ба назар мерасад чунин ҳамоқатро майдоннишинони солҳои 90 - уми садсолаи гузашта дар сар доштанд, ки ҷомеаро ба вартаи беҳокимиятӣ расонда, боиси кушта шудани даҳҳо ҳазорон одамони бегуноҳ шуданд. Ин Сӯфиҳову Саидюнусҳо, ки аз гузашти рӯзгор, аз шикастҳои шармандавори худ, паёмади аблаҳиҳои худ ва сарварону устодонашон панд нагирифтаанд, пайдост дигар аз ягон омӯзгоре фаросат нахоҳанд омӯхт.

Зафар МИРЗОЁН,

мушовири  ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Манбаъ: Рӯзномаи "Ҷумҳурият"

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved