• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба хотири гиромидошти 110-солагии донишманди фақиди тоҷик академик Абдулғанӣ Мирзоев бо ширкати адибон, муҳаққиқон, устодон ва донишҷӯёну рӯзноманигорон конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

      Дар ин нишасти илмӣ Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, профессор Абдунабӣ Сатторзода, Муртазо Зайниддинов, Сироҷиддин Эмомалӣ, декани факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон df  устодону донишҷӯён ширкат ва суханронӣ намуданд.

 Низом Қосим, раиси Итттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар мавзӯи “Фаъолияти адабии А. Мирзоев” суханронӣ карда таъкид намуд, ки оид ба корномаи адабии академи Абдуғанӣ Мирзоев чизи нав гуфтан бисёр кори сангин мебошад. Низом Қосим аз таърихи шиносоӣ ва ҳамкориҳояш бо академик Абдуғанӣ Мирзоев ёдовар шуда, нуктҷасанҷӣ, борибинӣ ва амиқназарии ин донишманд махсус таъкид кард.

Ҳамчунин, дар ин нишасти илмӣ маърӯзаҳои муҳаққиқони дигар, аз ҷумла профессор А. Сатторзода, мудири шуъбаи адабиёти тоҷики Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии АИ ҶТ, ("Нақши А. Мирзоев дар рушди адабиётшиносии тоҷик"), М.Муллоаҳмадов, узви вобастаи АИ ҶТ, ("А.Мирзоев муҳаққиқи А. Дониш"), профессор А. Кӯчаров, узви вобастаи АИ ҶТ, ("Сайидои Насафӣ дар тадқиқи Абдулғанӣ Мирзоев"), Д. Хоҷаев, профессори кафедраи таърихи забон ва типологияи ДМТ ("Афкори забоншиносии А. Мирзоев"), А. Маҳмадаминов, профессори кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии ДМТ ("А. Мирзоев идомабахши мактаби илмии устод Айнӣ") шунида шуд. Ин гуруҳи муҳаққиқон доир ба нақш ва фаъолиятҳои илмии академик Абдуғанӣ Мирзоев суханронӣ намуда, арзиши илмӣ ва хизматҳои шоёни ӯро таъкид намуданд.

Қобили зикр аст, ки  дастандаркорони ин нишасти илмӣ Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved