• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

 

 

Адибон, чун кулли зиёиёни миллат, ҳама умр дар орзӯи Истиқлолият, шукуфоии кишвар ва беҳбуди воқеии рӯзгори моддию маънавии мардуми хеш буданду ҳастанд.

Яъне, он чиро мехостанд, ки инак аз шарофати сиёсати созандагию бунёдкории давлату ҳукумати Тоҷикистон муҳайё шудааст. Имрӯз вазифаи ҳар фарди ҷомеа, пеш аз ҳама, барои бештар шудани дастовардҳои Истиқлолият, таҳкими ваҳдату муттаҳидии халқамон, афзудани обрӯю эътибори мамлакат дар арсаи ҷаҳон ҷаҳду талош намудан мебошад.

 

Амри воқеист, ки қомат рост кардани халқи заҳматкаши кишвари биҳиштосо, афзудани обрӯю эътибори кишвари соҳибистиқлол, дар сархати барномаҳои созмонҳову расонаҳои ҷаҳонӣ зикр шудани ташаббусҳои бузурги башардӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари заминиву замонии он ба мухолифини безамину безамина, дарбадару лаббайгӯи бозигарони бешарафи хориҷӣ намефорад. Онҳо боз ҳам обро лойкарда, моҳӣ гирифтан мехоҳанд, лекин халқи шарифи Тоҷикистон заҳри найрангҳои онҳоро, ки зери парчами ислом амалӣ мекунанд, борҳо чашидаву бадасливу бадбунёдиашонро хуб фаҳмидааст.

Дар ин замина кишвар ба кишвар гаштани ватангадоёни Ҳизби наҳзати ислом ва бо як мушт ашхоси берушди баддилу ҳангомахоҳ ба қавли худашон “конфаронс”-у “сампозюм”-ҳо баргузор намудану бозори туҳмату ғайбатҳои берўёнаро нисбат ба Тоҷикистон гарм карданашон ҳайратовар нест, чунки ҳам неши ин ақрабон аз пайи кин асту ҳам муқтазои табиаташон ин. Ҳайратовар он аст, ки Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, ки тибқи номашу барномааш бояд муҳофизи амнияти кишварҳо бошад, халалбахшону вайронкунандагони касифнияти амнияти давлати соҳибистиқлолеро, ки узви ҳама созмонҳои муътабари ҷаҳонӣ, аз ҷумла худи САҲА аст, гӯш медиҳаду барояшон ҷаласаҳои ҳангомахоҳона меорояд.

Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонин дастгирии бешарафонаи ҳизби мутассибону вайронкоронро, ки бисёркишварҳо ва ташкилотҳои муътабари байналмилалӣ дар асоси санаду далелҳои раднопазир барҳақ террористиву экстремистиаш донистаанд, қотеъона маҳкум намуда, пешниҳод менамояд, ки масъала ҷиддан ба муҳокимаи ҷаласаи сарони ШОС пешниҳод бигардад ва то ба тавқифи узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар САҲА- ин созмони бемавқеъ, дурӯя ва поймолкунандаи принсипу омилҳои амнияти давлатҳову миллатҳо масъалагузорӣ сурат бигирад.

Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved