• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

29-уми июн дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳисоботи эҷодии як зумра шоирон оид ба осори дар се соли охир нашршудаашон шунида шуд. Ҳисоботро мудири бахши назми ИНТ Муҳаммадалии Аҷамӣ ба самъи ҳозирон расонид.

Муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа изҳор дошт, ки мақсад аз ин тадбир огоҳ шудан аз ҷараён ва натиҷаи фаъолияти адабии аъзои ИНТ аст. Ба гуфтаи номбурда, аъзои ИНТ масъулияти хоссае доранд ва тибқи оиннома онҳо вазифадоранд, ки дар муҳити адабӣ фаъол бошанду осори дархури ниёзи имрӯзаи адабиёт эҷод кунанд.

Дар рафти баррасии ҳисоботи эҷодӣ иштироки адибон дар амри тарғиби арзишҳои замони Истиқлол махсус таъкид гардид ва дар ин маврид Ато Мирхоҷа иброз намуд, ки ҳар аъзои ИНТ дар ҷавоб ба ғамхориҳои Ҳукумати кишвар бояд мавқеи устувори шарвандӣ дошта бошад,  дастоварҳои миллату давлатамонро миёни мардум тарғиб намояд.

М. Аҷамӣ ҳисоботи панҷоҳ шоирро, ки ба ҳозирон ироа намуд, қаноатбахш дониста, изҳор дошт, ки дар оянда ҳисоботи эҷодии аъзои дигари ИНТ низ баррасӣ хоҳад шуд.

Муовини раиси ИНТ Юнус Юсуфӣ   ба иштирокдорони ҷаласа дастури Иттифоқи нависандагонро оид ба ҳисоботи эҷодӣ шарҳу тавзеҳ дод. 

Баъди ироаи ҳисобот шоирон Сайидалӣ Маъмур, Зулфия Атоӣ, Алӣ Муҳаммади Хуросонӣ, Шаҳрия, Сафар Аюбзодаи Маҳзун, Иззатбек Идизода роҷеъ ба масъалаи мавриди назар изҳори андеша намуданд.

 Мавриди зикр аст, ки дар оянда аз бахшҳои дигари адабиёт низ ҳисобот пешниҳод ва таҳлилу баррасӣ хоҳанд шуд. 

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved