• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

 

1 июли соли равон дорандаи ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, коргардони театр ва синамо, ҳаҷвнигори саршиноси тоҷик, устоди ҳунар, шахсияти бисёр маҳбубу маъруфи Тоҷикистон Убайдулло Раҷабов дар синни 80-солагӣ аз олам даргузашт.

 

Убайдулло Раҷабов дар оромгоҳи Лучоб ба хок супорида шуд. Номбурда 20 марти 1941 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Фаъолияти кории худро дар Театри вилоятии драмаи мусиқии ба номи С. Вализодаи шаҳри Кўлоб оғоз кардааст (1968-70). Солҳои 1970-89 ҳунарпешаи Театри давлатии академии дра- маи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ, солҳои 1990-2000 роҳбари бадеии Театри намунавии миниатю- рии «Оина», солҳои 2000-2004 раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Аз соли 2004 вазифаи директори кулли Муассисаи давлатии фарҳангию фароғатии «Пойтахт-80» ва роҳбари бадеии Театри намунавии миниатюрии «Оина»-ро ба уҳда дошт. Убайдулло Раҷабов хушбахттарин ҳунарпешае буд, ки мардум ўро дар рўи саҳна меёфтанду мепазируфтанд ва риштаи ихлосро ба домони ҳунари ў мепайвастанд. Ў фидоии касби хеш буд ва тамоми ҳастиашро ба рушди театр ва рўҳбаландии тамошобин бахшидааст. Убайдулло Раҷабов ҳунарро не, балки ҳунар ўро пайдо кард, ў тамошобинро не, тамошобин эшонро ёфт, мавсуф театрро не, баръакс, театр ўро кашф кард. Нақшҳои офаридаи мавсуф такрорнашуданист, яъне Убайдулло Раҷаб ҳунарпешаи нотакрор аст.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved