• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

 

Масъалаи дар давраи пандемияи коронавирус қатъ шудани фаъолияти масҷидҳо назарҳои гуногунро ба бор овард. Хусусан, мухолифини ифротӣ дар атрофи ин масъалаи ҳассос моҳҳо иғвоандозӣ карда, хостанд, ки бо истифода аз эҳсосоти динии мардум афкори ҷомеаро ба инҳироф бикашанд. Аммо ҷолибтар ин аст, ки бо вуҷуди аз 1-уми феврал кушода шудани масҷидҳо даҳони бадхоҳон баста нашуд, балки иғвою фитнаҳои онҳо дар ин масъала ба шакли дигар идома дорад. Мушоҳидаи мавқеъ ва рафтори гурўҳҳои ифротӣ дар ин масъалаи мушаххас моҳияти асосии онҳоро пурра нишон медиҳад:

 

1. Пандемияи коронавирус - ҷашн барои мухолифини давлат. Аз рафтору гуфтори мухолифони давлат метавон дид, ки онҳо бемории коронавирусро ҳамчун фурсати ғанимат истифода намуда, дар ин давра ҳуҷумҳои худро ба ҳукумат ва миллат чанд баробар афзоиш доданд. Онҳо аввал масъалаи гўё пинҳон дошта шудани ин беморӣ, баъдан масъалаҳои гўё набудани ҷой дар бемористонҳо, нарасидани доруворӣ ва воситаҳои антисептикӣ, нодуруст будани омори фавтидагон, вазъияти иқтисодию иҷтимоии вобаста ба давраи пандемия ва ғайраро ба роҳҳои иғвоангез шарҳ дода, хостанд, ки дар ин давраи ҳассос бо эҳсосоти мардум бозӣ карда, фоидаи сиёсӣ ба даст биёранд. Онҳо ҳатто дар чунин давраи барои давлату миллат мураккаб дар пайи манфиати сиёсии худ шуда, мардумро рўирост ба бетартибиву эътироз, ба қавли худашон, ба «қиём» даъват карданд. Хушбахтона, сухани онҳо дар ҷомеа харидоре надораду мардум дар пайи зиндагии осудаи худ аст.

Ба ибораи дигар, ин фоҷиаи инсонҳо барои мухолифон ба як ҷашн табдил шуд. Зеро ки ҳар қадар вазъият мураккабтар ва аҳволи мардум вазнинтар бошад, онҳо имконияти бештари таблиғоту фитна хоҳанд дошт.

2. Масҷид - баҳонаи таблиғотии ифротиён бо мақсади сиёсӣ. Яке аз масъалаҳое, ки дар давраи пандемияи коронавирус баъзе гурўҳҳои мухолифон аз он холи сиёсӣ гирифтанӣ шуданд, мавзўи масҷидҳо буд. Тавре маълум аст, бо паҳн шудани ин беморӣ ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо коронавирус фаъолияти муассисаҳои хидмати маишӣ ва ҷойҳои ҷамъиятии серодамро маҳдуд карда, баргузории ҷамъомадҳоро ба танзим даровард. Мақсади ягонаи ин чораҳо пешгирии паҳн шудани бемории хатарнок ва ҳимояи саломативу ҳаёти мардуми кишвар буд. Ин чораҳо дар тамоми ҷаҳон амалӣ мешаванд ва доираҳои солим онро бо ақли солим мефаҳманд. Дар ин давра ҳатто зиёрати Каъба ҳам манъ шуда буд! Баробари ба эътидол омадани вазъият, бо қарори ситоди мазкур ба фаъолияти ин муассисаҳо иҷозат дода шуд ва ҳоло аксаран ба фаъолияти одии худ баргаштаанд.

Аммо бадхоҳон ин мавзўъро махсусан интихоб намуда, ҳар рўз дар бораи он барномаю фитна мекоштанд ва ба хотири наҷоти ҷони мардум муваққатан дар масҷид баргузор нашудани намозҳоро гўё «мухолифати ҳукумат ба дин» ҷилва доданӣ мешуданд. Онҳо бешармона савол мегузоштанд, ки чаро фаъолияти «дискоклубҳо» иҷозат асту масҷидҳо не? Онҳо ҳатто одитарин қоидаи замони пандемияро донистан намехоҳанд, ки меъёри асосии маҳдудсозии ин ё он ҷой ҷамъшавии теъдоди одамон аст. Масҷид бошад, калонтарин ҷойи ҷамъшавии одамон мебошад. Масалан, агар дар ҳамон «дискоклуб»-и гуфтаи мухолифон дар як вақт 30-50 кас ҷамъ биёянд, дар як намози ҷумъа дар масҷид ҳазорон нафар ҷамъ шуда, соате дар як толор паҳлуи ҳамдигар меистанд. Дар намози ҷумъаи масҷиди марказӣ шояд ҳатто даҳ ҳазор нафар ҷамъ бишавад. Бинобар ин, агар дар масҷид ҳодисаи сироятшавӣ аз ҳам- дигар пеш биёяд, он бо суръати ҳазорон баробар бештар аз як сартарошхона, тарабхона ё «дискоклуб» паҳн мешавад. Маҳз бо ҳамин мантиқ кори масҷидҳо то пурра ба эътидол омадани вазъияти эпидемиологӣ маҳдуд буд.

Имрўз, ки бо тадбирҳои роҳбарияти кишвар ва талошҳои табибон ин беморӣ дар Тоҷикистон ба нестӣ расидааст, дари масҷидҳо боз шуданд ва хоҳишмандон озодона машғули ибодати худ мебошанд. Аммо маълум аст, ки бадхоҳон аз ин хел сурат гирифтани кор боз ҳам хеле нороҳатанд, зеро яке аз мавзўъҳои сербинандаю серхолро аз даст доданд ва ин мавзўъ барои онҳо на аз назари динӣ, балки маҳз барои имтиёзи сиёсӣ муҳим буд.

3. «Исломиҳо» худашон ба масҷид намераванд. Дар ин давра маълум гашт, ки барои мухолифон ягон муқаддасот вуҷуд надорад. Онҳо рўирост фаъолияти масҷидҳоро бо «дискоклубҳо» баробар карда, ҳамеша саволи дўстдоштаашон ин буд, ки чаро ин иҷозат шуду он не? Сабабашро дар боло гуфтем. Аммо ҷолиб ин аст, ки чаро онҳо масҷидҳоро ҳамеша бо клубҳои шабона ва дискотекаҳо ё ба қавли худашон «фаҳшхонаҳо», муқоиса мекунанд? Магар онҳо аҳли дискотека ҳастанд, ки фаъолияти онҳоро ба чунин ҷузъиёт баён карда, онро бо масҷид қиёс менамоянд? Умуман ин муқоиса аз назари ахлоқӣ ҳам хеле зишт аст.

Дигар ин ки онҳо ҳамчун гурўҳи сиёсӣ динро бо мақсадҳои сиёсӣ барои расидан ба қудрат истифода мебаранд, аммо дар асл худашон дар зиндагии шахсӣ на аҳли динанду на аҳли намозу на аҳли масҷид. Маълумотҳои фаровон мавҷуданд, ки аксари ин даъвогарони ислом, махсусан, фарзандони онҳо рўзи дароз дар шабакаҳо «ислом, ислом» мегўянд, аммо худашон умуман намоз намехонанд ва ба корҳои фаҳшу бадахлоқӣ машғуланд. Ҳамчунин, солҳои охир дар расонаҳо даҳҳо маводи исботкунандаи зиндагии ғайриахлоқӣ ва ғайриисломии роҳбарону фаъолони ин гурўҳи ба ном «исломӣ» чоп шудааст, ки умуман ба ислом ягон робита надоштани ин гурўҳро нишон медиҳад. Бинобар ин, исрорашон оид ба «фаъолияти масҷидҳо» аз исломдўстии онҳо нест, балки бозӣ бо эҳсосоти мардуми мусулмони кишвар аст ва пурра мақсади сиёсӣ дорад.

Агар ба тартиби иҷозат дода шудани фаъолияти ҷойҳои ҷамъиятӣ аз тарафи ситоди ҷумҳуриявӣ нигарем, дурўғи маҳз будани даъвои мухолифон дар бораи гўиё «аз ҳама охир кушода шудани масҷидҳо» исбот мешавад. Зеро ситод ҳанўз ҳам ба иштироки оммавии мухлисон дар майдонҳои футбол, баргузории ҷашнҳои оммавӣ, баргузории тўйҳо бо иштироки беш аз 40 нафар ва дигар чорабиниҳои оммавӣ иҷозат надодааст. Оё инро бадхоҳон чун «мухолиф будани ҳукумат» бо варзиш ё бо тўй шарҳ медода бошанд?

4. Чаро масҷидҳо кушода шуданду даҳони мухолифон баста нашуд? Тавре эълон шуд, баъди ба эътидол омадани ваъияти эпидемиологии кишвар бо қарори ситоди ҷумҳуриявӣ аз 1-уми феврал ба фаъолияти масҷидҳо иҷозат дода шуд. Гўё масъала тамом ва ҷамъбаст гашт. Аммо, тавре гуфтем, мухолифон аз ин ки чунин мавзўи муфтро аз даст додаанд, хеле нороҳатанд. Бинобар ин, акнун ин масъаларо ба таври дигар тоб дода, иғвои наверо оғоз кардаанд. Ин сиёсати нопоки онҳоро дар ду масъалаи мушаххас дидан мумкин аст:

Якум, онҳо акнун ба мавзўи риояи меъёрҳои санитарию гигиенӣ дар масҷидҳо часпида, ба ҷойи истиқбол кардани риояти ин меъёрҳо, боз муғризона савол гузоштаанд, ки чаро дар «дискотека» ниқоб ҳатмӣ несту дар масҷид ҳатмист? (Боз ҳам «дискотека», меъёр ва мавзўи муқоисаи ба ном исломиён!) Онҳо талаботи қоидаҳои беҳдоштӣ дар масҷидҳоро «таҳдиди ҳукумат ба масҷидҳо» номида, боз бо эҳсосоти динии мардум бозӣ мекунанд. Магар ин аз ақли солим аст? Магар онҳо дарк намекунанд, ки агар беморӣ дубора паҳн бишавад, ҷони ҳазорон ҳамватани мо дар хатар меафтад? Магар барои онҳо як холи сиёсӣ гирифтан болотар аз ҷони мардум аст? Магар онҳо намебинанд, ки дар ҳамон кишварҳои аврупоие, ки худашон паноҳ бурдаанд, ҳанўз ҳам мактабу донишгоҳҳо бастаанд ва дарсҳо фосилавӣ ба роҳ монда шудаанд? Магар бо меъёри мухолифон ин давлатҳо, ки барои наҷоти мардумашон чунин чораҳо мебинанд, давлатҳои «зидди илманд»?

Дуюм, акнун ифротгароён «дар масъ- алаи масҷидҳо» баҳонаи тамоман нави эродгирӣ ва фитнаро ёфтаанд, ки чаро дар масҷидҳо хатибон аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдоварӣ мекунанд? Ин танқиди онҳо ҳам пурра як мавқеи ғайриисломӣ ва аломати бехабарии онҳо аз дину мазҳаби ислом, аз ҷумла мусулмонони тоҷик аст. Зеро аз давраи аввали ислом ҳама вақт дар ҳамаи хутбаҳои намози ҷумъа илова бар мавъизаи динӣ, хатибон дар бораи вазъияти кишвар ва масъалаҳои муҳимтарини ҷомеа ба мардум андаке маълумот дода, онҳоро ба самти дуруст ҳидоят мекарданд. Дар тамоми давраҳои таърихи ислом дар хутбаи намози ҷумъа зикр шудани номи роҳбари давлат ҳатмӣ буд ва эълони фармонҳои муҳими оммавии ў як амри маъмул ба ҳисоб мерафт.

Бинобар ин, агар имомхатибе бо чанд ҷумла мардумро ба Паёми роҳбари давлат ошно кунад ва ё дар бораи талаботи ҳукумат ба риояи меъёрҳои санитарию эпидемиологӣ суҳбат кунад, ҳаргиз хилофи талаботи ислом ё мухолифи суннати хутбаи намози ҷумъа нест. Балки баръакс, суннати хутбаи ҷумъа дар мазҳаби аҳли суннат ҳамеша ин бахшро дар бар мегирад.

Яъне, бо кушода шудани масҷидҳо, акнун ифротиён аз мавзўъ маҳрум монда, ба ин масъалаҳои нав часпидаанд ва мехоҳанд боз ҳам мардумро ба гумроҳӣ бибаранд.

5. Мақсади ифротгароён танҳо фитна ва низоъ аст. Хулоса, агар тамоми фаъолият ва мавқеи ифротгароён дар давраи пандемияи коронавирусро таҳлил кунем, як ҳақиқати бебаҳс ошкор мешавад: мақсади ин гурўҳ фақат фитна ва низоъ аст. Барои онҳо на ислом даркору на дину на масҷид, балки фақат мавзўъ лозим аст, фоҷеа лозим аст, то онҳо фитнаашонро идома бидиҳанд. Махсусан масъалаи масҷидҳо ин ҳақиқатро пурра исбот намуд.

Аммо муҳимтар аз инҳо, муносибати мухолифон бо буҳрони коронавирус он ҳақиқати бузургтарро исбот мекунад, ки ин гурўҳҳо на гурўҳи динӣ, балки як гурўҳи пурра сиёсӣ буда, мақсадашон фақат гумроҳ кардани мардум, халалдор намудани суботу оромии кишвар, заиф сохтани ҳукумат ва дар натиҷа, расидан ба қудрати сиёсӣ мебошад. Яъне мақсади асосӣ, ғояи фаъолият, дин ва мазҳаби ифротгароён фақат қудрат ва ҳокимияти сиёсист.

Бинобар ин, ҷомеаи мо бояд фиреби исломгўӣ ва исломбозии ин гурўҳи сиёсиро нахўрда, ба доми таблиғоташон гирифтор нашавад. Зеро таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки онҳо ба ҷуз фоҷиа ва хунрезӣ ба сари давлатҳо ва халқҳо чизи дигаре оварда наметавонанд. Фаҳмидан ва ба мардум фаҳмондани ин ҳақиқат вазифаи ҳар шахси огоҳ ва ватандўсти кишвар мебошад.

Иброҳим ХАЛИЛОВ

 

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved