• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

ЭЪЛОН:ДАЪВАТИ АНҶУМАНИ ПОНЗДАҲУМИ АДИБОН

Маҷлиси фосилавии Садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ки рӯзҳои 27-29 май аз роҳи пурсидани раъйи аъзои Садорат тавассути василаҳои бесими алоқа барпо шуд, қарор кард, ки Анҷумани 15-уми адибони Тоҷикистон 30 ноябри соли 2020 дар ш. Душанбе даъват карда шавад.

Агар вазъи эпидемӣ имкон надиҳад, ба вақти дигар мононда шавад.

 

НИЗОМ ҚОСИМ УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛӢ ТАЪЙИН ГАРДИД

15 апрели соли 2020 бо фармони  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим Пури Ҷаҳонгир узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

Аҳли адаби мамлакат барои  сазовори чунин боварии баланд гардиданаш устод Низом Қосимро самимона табрик намуда, барояшон дар ин вазифаи пурмасъулият комёбиҳои бузург таманно доранд.

“САДОИ ШАРҚ” ДАР СОЛИ 2019

3 апрел дар толори хурди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон фаъолияти яксолаи Нашрияи миллии адабии «Садои Шарқ» натиҷагирӣ шуд. Муовини раиси ИНТ Юнус Юсуфӣ ба он оғоз бахшид.

Идомаи: “САДОИ ШАРҚ” ДАР СОЛИ 2019

ПАЙВАНДИ АДАБИЁТ – ПАЙВАНДИ БАРОДАРОН

 

 

Аз 13 то 15 март ҳайати адибони Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои иштирок дар чорабиниҳо бахшида ба ёдбуди Шоири халқии Ӯзбекистон, Қаҳрамони Ӯзбекистон, арбоби сиёсии ӯзбек Эркин Воҳидов дар Тоҷикистон қарор доштанд. 13 март меҳмонон - Аҳмадҷон Мелибоев - нависанда ва олим, сармуҳаррири маҷаллаи «Жаҳон адабиёти», Салим Ашӯр - шоир ва тарҷумон, сармуҳаррири ҳафтаномаи Ӯзбекистон «Адабиёт ва санъати», Паймон - шоир ва тарҷумон, мудири шуъбаи адабиёти рӯзномаи «Овози тоҷик», Хуршед Воҳидов - писари Эркин Воҳидовро роҳбарияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пешвоз гирифтанд. Рӯзи аввал меҳмонон аз Осорхонаи миллӣ, Кохи «Наврӯз» ва Боғи ба номи Алишери Навоӣ дидан карданд. Субҳи 14 март баъд аз зиёрати оромгоҳи Лучоб аҳли адаби кишвари дӯсту ҳамсоя дар маҳфили ёдбуди Шоири халқии Ӯзбекистон Эркин Воҳидов, ки дар Китобхонаи миллӣ баргузор гардид, иштирок намуданд.

Идомаи: ПАЙВАНДИ АДАБИЁТ – ПАЙВАНДИ БАРОДАРОН

НИЁЗ БА ЖАНРҲОИ МУҲИМ

25-уми феврали соли равон дар Иттифоқи нависандагон оид ба бурду бохти нақди адабӣ дар панҷ соли охир мизи мудаввар доир гардид. Зимни гуфтугӯ ва андешарониву ибрози назари иштирокдорон дастовардҳои назаррас ва масъалаҳои дигари ҳалталаби ҳаёти адабӣ баён гардиданд.

Идомаи: НИЁЗ БА ЖАНРҲОИ МУҲИМ

ШОИРУ ШЕЪРИ МОНДАГОР

Ба муносибати 80-солагии шоири зиндаёд Ғоиб Сафарзода дар толори ИНТ маҳфили ёдбуд баргузор гардид. Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим маҳфилро ифтитоҳ намуд. Гулрухсор Сафӣ, Камол Насрулло, Абдулҳамид Самад, Муҳаммад Ғоиб, Рустам Ваҳҳобзода, Ато Ҳамдам, Мансур Суруш ва дигарон дар бораи рўзгор ва осори Ғоиб Сафарзода андешаҳояшонро иброз доштанд.

Идомаи: ШОИРУ ШЕЪРИ МОНДАГОР

«ФУРЎҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»


Муқаррароти умумӣ

Иштирокчиёни озмун ба се гурўҳ тақсим карда мешаванд:

-тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ;

-хонандагон ва донишҷўёни таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо);

Идомаи: «ФУРЎҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»

РАВОБИТИ АДАБӢ – ОМИЛИ РУШДИ АДАБИЁТ

Робитаҳои адабии тоҷик таърихи куҳан дошта, марҳилаи аввали рушди он ба асрҳои миёна рост меояд. Дар ин марҳилаи густариш омўзиши қиёсии адабиёти тоҷик бо халқҳои арабу турк ва ҳинду Юнон ҷараён гирифта, андешаҳои марбут ба таъсиру таъсирпазирии онҳо дар китобу тазкираҳо ва рисолаҳои алоқаманд  ба накди назму наср баён шудаанд. Марҳилаи дигари рушди равобити адабии тоҷик пас аз солҳои бистуми асри ХХ оғоз гардида, таҳаввули он ба фаъолияти  муҳаққиқони шинохта ба гунаи С. Айнӣ, А. Мирзоев, Р. Ҳошим, Ш. Ҳусейнзода, Х. Мирзозода, М. Шакурӣ, А. Сайфуллоев, В. Самад, А. Нуралиев, Ҳ. Шодиқулов, С. Воҳидов, Ш. Мухтор, А. Саидов, А. Давронов ва дигарон иртиботи қавӣ дорад. Пешрафту дастовардҳои имрўзии пайвандҳои мутақобилаи адабиёти тоҷик ба ақвоми дигар, ки ба замони Истиқлолият бастагӣ дорад, ба пажўҳишу ковишҳои насли дигари робиташиносон аз қабили Ҳ. Раҷабов, Т. Мардонӣ, А. Абдусаттор, Умеда Ғаффорова, Замира Ғаффорова, М. Зайниддинзода, А. Худойдодов, А. Аминов вобаста мебошад.

Идомаи: РАВОБИТИ АДАБӢ – ОМИЛИ РУШДИ АДАБИЁТ

ХОКИ МАРО ҶАЗИРАИ ХУШКЕ ГУМОН МАБАР

 

Бори нахуст дар боби хидмати Бузургзода дар муайян намудани мазори устод Рўдакӣ устод Айнӣ дар мақолаи “Қабри устод Рўдакӣ ва деҳаи Рўдак” сухан ба миён оварда ва ба ин кори Бузургзода баҳои баланд дода буд. Натиҷаи сафар ва таассуроти худро Лутфулло Бузургзода дар мақолае бо унвони “Дар ҷустуҷўи мазори Рўдакӣ” сабт намудааст, вале то ҳол ин мақола ба касе аз муҳаққиқон дастрас нашудааст” – таъкид кард дар маърўзаи худ Муҳриддин Низомов, ки дар нишасти илмӣ-адабӣ бахшида ба 110-солагии ёдбуди Лутфулло Бузургзода хонда шуд .

Идомаи: ХОКИ МАРО ҶАЗИРАИ ХУШКЕ ГУМОН МАБАР

ҚИССАҲОИ ХУДОГОҲӢ ВА ХУДШИНОСӢ

Дар Иттифоқи нависандагони Тољикистон 20 ноябр нишасти илмиву адабӣ дар мавзўи "Инкишофи жанри қисса дар замони Истиқлол" баргузор гардид. Дар маҳфил Раиси Иттифоқи нависандагони Тољикистон Низом Қосим, Нависандагони халқии Тољикистон Кароматуллоҳи Мирзо, Абдулҳамид Самад, нависандаи шинохта Қодири Рустам, профессор Мисбоҳиддин Нарзиқул ва дигарон суханронӣ намуданд.  

Идомаи: ҚИССАҲОИ ХУДОГОҲӢ ВА ХУДШИНОСӢ

ПАМИР ВА ФОТЕҲИ ҚУЛЛАИ ЭҶОД

Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 90-солагии нависанда ва публитсисти маъруф Масъуд Муллоҷонов маҳфили ёдбуд баргузор шуд, ки он ба  70-солагии маҷаллаи руссзабони ИНТ "Памир" рост омад.  Масъуд Муллоҷонов адибест,  ки дар пешравии кори маҷаллаи мазкур саҳми зиёд гузоштааст. Адибони маъруфи кишвар дар маҳфил аз рўзгор ва осори Масъуд Муллоҷонов ва ҳафтод соли нашри маҷаллаи "Памир" сухан карданд. Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим маҳфилро ҳусни оғоз бахшида, чунин ибрози назар намуд:

Идомаи: ПАМИР ВА ФОТЕҲИ ҚУЛЛАИ ЭҶОД

ТАРҶУМАИ БАДЕӢ — РУКНИ МУҲИМИ АДАБИЁТ

28 ноябр дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили эҷодии нависанда, тарҷумон, драматург Абдуғаффор Абдуҷаббор таҳти унвони «Тарҷумаи бадеӣ — рукни муҳими адабиёт» баргузор гардид.

Идомаи: ТАРҶУМАИ БАДЕӢ — РУКНИ МУҲИМИ АДАБИЁТ

БАҲРОМ ФИРӮЗ – НАВИСАНДАИ ШОИР

 

 

 Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 80-солагии шоир ва нависандаи тоҷик Баҳром Фирўз маҳфили илмиву адабӣ баргузор шуд.

Идомаи: БАҲРОМ ФИРӮЗ – НАВИСАНДАИ ШОИР

ТАРҶУМА ЗАБОНИ ДИЛ АСТ

29 октябр дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон нишасти илмӣ-адабӣ баргузор шуд, ки дар он масъалаҳои тарҷумаву тарҷумонӣ баррасӣ гардиданд. Муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа дар оғоз аз фаъолияти Маркази тарҷума сухан карда, иброз дошт, ки барои пешравии кори тарҷумонӣ бояд дар ин соҳа як қатор дигаргуниҳо ворид карда шаванд. Аз ҷумла, тариқи озмун ба кор пазируфтани тарҷумонҳо, тарҷума кардани асарҳо ба забонҳои русӣ, англисӣ, арабӣ, ӯзбекӣ ва ғайраҳо, ба воситаи тарҷума муаррифӣ кардани асарҳои дар замони Истиқлол батабърасида ба мардуми кишварҳои дигар.

Идомаи: ТАРҶУМА ЗАБОНИ ДИЛ АСТ

ТАҶЛИЛ АЗ 80-УМИН СОЛРӮЗИ БАҲРОМ ФИРӮЗ

 

Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ёдбуди  шоир ва нависанда  Баҳром Фирӯз таҷлил гардид.

Бахшида ба 80 солагии адиби тоҷик Баҳром Фирӯз 1 ноябри соли ҷорӣ дар толори иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили адабӣ фарҳангӣ баргузор гардид. Дар хонаи адибон нависандагону шоирон, муҳаққиқону пажуҳишгарон, ҳунармандон, пайвандон ва ҳаводорони осори ин нависандаи зиндаёд ҷамъ омада аз фаъолият ва хизматҳои арзандааш ёд карданд. Ҳангоми ифтитоҳия аз тарафи Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (ИНТ) шоир Низом Қосим фаъолияти эҷодии ин адиби пурмаҳсул зикр шуда, таъкид гашт, ки Баҳром Фирӯз дар тӯли фаъолияти на он қадар тӯлониаш дар ҳамаи унсурҳои адабиёт муваффақ буда дар рушду равнақи забону адабиёт нақши муассире гузоштааст.

Идомаи: ТАҶЛИЛ АЗ 80-УМИН СОЛРӮЗИ БАҲРОМ ФИРӮЗ

МАВЛОНО: “ДАВЛАТИ ҶОВИДОН МАНАМ!”

Дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзодаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон  ба муносибати Рўзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ базми шеъру суруд баргузор гардид. Муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа чорабиниро ҳусни оғоз бахшид. 

Идомаи: МАВЛОНО: “ДАВЛАТИ ҶОВИДОН МАНАМ!”

МАРДИ РОҲИ ШЕЪР

"Марди роҳ" китоби шоирест, ки воқеан худ марди роҳи шеър буд ва кўлвори пур аз дастовардҳои бузург дошт. Китобест, ки нафақат дар эҷодиёти устод Лоиқ, умуман дар адабиёти мо мавқеи бисёр равшан дорад. Устод Лоиқ завқи баланди шоирӣ, ҳувияту ифтихори дурахшони милливу ватандорӣ дошт. Мавзўъҳои муҳимтарини рўз, ки ба ҳар дил мерасанд, дар шеърҳои устод корбаст шудаанд. Бинобар ин, шеъру мактаби адабиаш ҷовидона аст".

Идомаи: МАРДИ РОҲИ ШЕЪР

ДАР ХОРУҒ РОМАНИ ТАЪРИХИИ «САРОЙИ САНГ»-И АТО МИРХОҶА РӯНАМОӣ ГАРДИД

«Саройи санг» яке аз нахустин асарҳои бузурҳаҷми насрии  шоир ва нависандаи тоҷик Ато Мирхоҷаи Неру мебошад.  Китоб аз ду ҷилд иборат буда,  ҷилди аввали он ба фурӯш бароварда шуд. Қабл аз маросими рӯнамоӣ дар шаҳри Хоруғ даҳҳо нусхаи ин китоб  зуд ба фурӯш рафт.

Идомаи: ДАР ХОРУҒ РОМАНИ ТАЪРИХИИ «САРОЙИ САНГ»-И АТО МИРХОҶА РӯНАМОӣ ГАРДИД

ҶИЛОИ АДАБИЁТИ КИШВАРИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ

 

Бори аввал дар таърихи адабиёти муосир аз ҷониби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо номи "Литературный Таджикистан" (бо забони русӣ) алманахи солона нашр гардид.  "Литературный Таджикистан" таҳти таҳрири Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим дар матбааи «Сухан» бо сифати баланд ба зевари табъ ороста шуд.

Идомаи: ҶИЛОИ АДАБИЁТИ КИШВАРИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ

ТАРАННУМИ ВАҲДАТ

31 май дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки адибони номвари кишвар ва алоқамандони адабиёт базми шеъру сухан баргузор гардид. Гардонандаи маҳфил муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа аз дастовардҳои адабиёти даврони истиқлол ёдовар шуд.

Идомаи: ТАРАННУМИ ВАҲДАТ

ҚУДРАТИ ҶОНОФАРИНИ СУХАН

Аз санаи нашри достони "Сурўши Сталинград"-и устод Муъмин Қаноат 40-сол сипарӣ шуд. Ба ин муносибат 7 май дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон конфронси илмӣ-адабӣ баргузор гардид. Муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа чорабиниро ифтитоҳ намуда, дар бораи достони "Сурўши Сталинград" андешаронӣ кард. 

Идомаи: ҚУДРАТИ ҶОНОФАРИНИ СУХАН

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved