• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ва АДАБИЁТ

СУХАНРОНИҲО...

ҲИКОЯТ

Убайди ЗАКОНӢ 

Анӯшервон рӯзе ба додрасӣ нишаста буд. Марде кӯтаҳқомат фароз омад ва бонги додхоҳӣ бардошт. Хусрави Анӯшервон гуфт: "Касе бар кӯтаҳқомат ситам натвонад кард".
Гуфт: "Шаҳриёро, он ки бар ман ситам ронд, аз ман кӯтоҳтар аст".
Хусрав бихандиду додаш бидод.

ҲИКОЯТ
Аъробиеро гуфтанд: Ту пир шудаӣ ва умре табоҳ кардаӣ, тавба бикун ва ба ҳаҷ рав.
Гуфт: Харҷи сафари ҳаҷ набошадам.
Гуфтанд: Хонаатро бифурӯшу ҳазина (харҷ) кун.
Гуфт: Чун бозгардам, куҷо сукунат гузинам? Ва агар бознагардам ва муҷовири хонаи Каъба монам, Худоям намегӯяд: Эй аблаҳи нодон, аз чӣ рӯ хонаи худ бифурӯхтӣ ва дар хонаи ман манзил гузидӣ?

ҲИКОЯТ
Яҳудие аз насроние пурсид: Мӯсо бартар аст ё Исо?
Гуфт: Исо мурдагонро зинда мекард, вале Мӯсо мардеро бидиду ӯро ба зарбати муште бияфканд ва он мард бимурд. Исо дар гаҳвора сухан мегуфт, аммо Мӯсо дар чиҳилсолагӣ мегуфт: Худоё, гиреҳ аз забонам бикушой, то суханамро дарёбанд.

ҲИКОЯТ
Марде кӯдакеро дид, ки мегирист ва ҳарчанд модараш ӯро навозиш мекард, хомӯш намешуд.
Гуфт: Хомӯш шав, в-арна модаратро ба кор гирам!
Модар гуфт: Ин тифл то он чи гӯӣ, набинад, ба рост нашморад ва бовар накунад.

ҲИКОЯТ
Рӯзе Ҷуҳо барои хариди дарозгӯше ба бозори молфурӯшон мерафт. Марде пеш омадаш ва пурсид:
- Куҷо равӣ?
Гуфт: Ба бозор меравам, то дарозгӯше бихарам.
Гуфташ: Бигӯ "иншоаллоҳ".
Гуфт: Чӣ ҷойи "иншоаллоҳ" бошад, ки хар дар бозору зар дар кисаи ман аст?!
Чун ба бозор даромад, зарашро бизаданд ва чун бозмегашт, ҳамон мардаш баробар омад ва пурсидаш:
- Аз куҷо меоӣ?
Гуфт: Иншоаллоҳ, аз бозор, иншоаллоҳ, зарамро бидуздиданд, иншоаллоҳ, харе нахаридам ва зиёндидаву тиҳидаст ба хона бозмегардам, иншоаллоҳ!

ҲИКОЯТ
Араберо аз ҳоли занаш пурсиданд.
Гуфт: То зинда аст, тозанда аст ва ҳамчунон море газанда аст!


ҲИКОЯТ
Зани Музаббид ҳомила буд. Рӯзе ба рӯйи шӯй нигаристу гуфт:
- Вой бар ман, агар фарзандам ба ту монад!
Музаббид гуфт: Вой бар ту, агар ба ман намонад!

ҲИКОЯТ
Зан бо шӯй мегуфт: Эй қалтабон, эй бенаво!
Мард гуфт: Сипос Худойро, ки дар ин миён маро гуноҳе набошад, нахустинро сабаб туӣ ва он дигареро Худой.

ҲИКОЯТ
Мардеро, ки зан аз тамкинаш сар тофта буд, гуфтанд: Оё касе нест миёнаи шумо созише диҳад?
Гуфт: Он мард, ки миёнаи мо созиш ҳамедод, дерест то мурдааст.


ҲИКОЯТ
Рӯбоҳро пурсиданд, ки дар гурехтан аз саг чанд ҳила донӣ?
Гуфт: Аз сад фузун бошад, аммо накӯтар аз он ҳама ин, ки ману ӯро бо якдигар иттифоқи дидор наяфтад.

ҲИКОЯТ
Рӯбоҳе араберо бигазид. Афсунгареро биёварданд. Пурсид: Кадом ҷонварат газида?
Гуфт: Саге ва шарм кард,то бигӯяд рӯбоҳе. Чун ба афсун хондан оѓоз кард, гуфташ: Чизе ҳам аз афсуни рӯбоҳгазидагӣ бад-он даромез.

ҲИКОЯТ
Марде дар хум нигарист ва сурати хеш дар он бидид. Модарро бихонду гуфт:
- Дар хум дузде ниҳон аст.
Модар фароз омаду дар хум нигарист ва гуфт:
- Оре, рӯспие низ ҳамроҳ дорад.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37