• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

НУРИДДИНИ АМРИДДИН 6 августи соли 1956 дар деҳаи Бровги ноҳияи Дарвози ВМКБ ба ҷаҳон омадааст.

Соли 1974 мактаби миёнаи ба номи Акашариф Ҷӯраев, соли 1979 факултаи филологияи      тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиро соли 1980 ба ҳайси муҳаррири хурди Саридораи гуфторҳои «Ахбор»-и Кумитаи давлатии телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз кардааст.

Охири ҳамон сол ба рӯзномаи «Коммуна» (ҳозира «Шаҳриёр)-и шаҳри Ваҳдат ба кор гузашта, дар вазифаҳои ходими адабӣ, мудири шуъба, котиби масъул, ҷонишини сармуҳаррир фаъолият бурдааст.

Аз ибтидои соли 2010 сармуҳаррири ҳамин рӯзнома мебошад.

Дар давоми беш аз сӣ соли ахир машғули фаъолияти эҷодӣ буда, дар ин давра маҷмӯаҳои «Гарди армон» (1996), «Лутфҳои Мирзоӣ» (2001), «Сапедадами нуронӣ» (2010)- яш пешкаши хонандагон гардидаанд.

Шеърҳои алоҳидааш дар маҷмӯаҳои дастҷамъӣ ва рӯзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ чоп шудаанд.

Аълочии матбуот ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бо медали «Хизмати шоиста», ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Аз соли 1982 узви Иттифоқи рӯзноманигорон, аз соли 2007 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved