• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

РАШИД   АБДУЛЛО соли 1910 дар шаҳри Самарқанд ба ҷаҳон омадааст. Бародари Ғанӣ Абдулло. Соли 1932    факултаи филологияи      Академияи давлатии омӯзгории Самарқандро хатм карда, ба Душанбе омадааст.

Ба ҳайси котиби масъули моҳномаи «Барои адабиёти сотсиалистӣ», мудири шуъбаи адабии чанде аз нашрияҳои ҷумҳурӣ, мудири шуъбаи филмномаҳои Идораи киносозии Душанбе кор кардааст.

Бо даъвати КМ ЛКСМ Тоҷикистон ба водии навободи Вахш рафта, дар мактабҳои деҳот муаллимӣ ва дар маъракаи барҳам задани бесаводӣ ҳиссагузорӣ кардааст.

Аз ибтидои солҳои сиюм ҳамчун шоири лирик ном баровардааст.

Соли 1933 дар Нашриёти давлатии Тоҷикистон достони «Қодир»-и ӯ дар шакли китоби алоҳида ба табъ расидааст, ки аз вазъи рӯзгор ва кору пайкори нахустин трактористони тоҷик ҳикоят мекунад.

Соли 1935 бахшида ба фотеҳони водии Вахш силсилаи шеърҳо чоп кунонда, соли 1936 достони «Вахш»-ро пешниҳоди умум гардондааст.

Чанд шеъраш ба русӣ тарҷума ва чоп шудаанд. Худи ӯ шеърҳои алоҳидаи Н.Ҳикмат ва М.Ю.Лермонтовро ба тоҷикӣ гардондааст.

Аз соли 1934 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

24 феврали соли 1938 аз олам даргузашт.Асарҳои ҷудогонаи Р.Такур, М.Горкий, Т.Драйзер, А.Островский, К.Симонов, А.Корнейчук ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.

Ширкатвари     Анҷумани          якуми нависандагони шӯравӣ (1934), Барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1972), Ходими шоистаи санъати Тоҷикистон.

Бо орденҳои «Дӯстии халқҳо» ва «Нишони фахрӣ», медалу ифтихорномаҳои гуногун сарфароз гардонида шудааст.

Соли 1934 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст.

28 январи соли 1984 аз олам даргузашт.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved