• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

ҒАНӢ АБДУЛЛО 11 марти соли 1912 дар шаҳри Самарқанд зода шудааст.

Соли 1932 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқандро хатм карда, ба Душанбе омадааст.

Корманди илмии Пажӯҳишгоҳи омӯзгории Комиссариати маориф, котиби ИН Тоҷикистон, роҳбари бадеии Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ будааст.

Оғози фаъолияти эҷодияш ба ибтидои солҳои сиюми асри гузашта рост меояд.

Маҷмӯаҳои «Ситораҳои сохтмон» (1932) ва «Бо номи Ватан» (1933)-и ӯ дар Тошканд чоп шудаанд, ки шеърҳои ӯзбекии ӯро дар бар ги-рифтаанд.

Соли 1935 дар Душанбе маҷмӯаи шеърҳои тоҷикияш «Садо» ва достони «Ду соҳил»-аш ба табъ расидаанд.

Ҳамзамон, чанд мақолаи илмияш интишор ёфтаанд, ки «Ҷалол Икромӣ ва эҷодиёти ӯ» (1933) аз он шумул аст.

Ғанӣ Абдулло дар адабиёти даврони шӯравии тоҷик ба ҳайси драманависи мумтоз шинохта шудааст, ки драмаҳои «Вахш» (1933), «Водии бахт» (1934), «Пеш аз субҳ» (1949), «Шарафи инсон» (1956), «Суруди кӯҳсор» (1957), (сегонаи) «Тӯфон» (1957, ҳамроҳи Ш. Қиёмов), «Ҳуррият» (1964), «Мо аз Боми Ҷаҳон» (1965) «Сарбозони Инқилоб» (1970), ва ғ. гувоҳи онанд.

Беҳтарини офаридаҳои ӯ дар маҷмӯаи «Ҳуррият» (1972) «Таркиши ҳадафгир» (1976) гирд оварда шудаанд.

Драмаҳои таърихӣ-ватанпарварӣ ва лирикӣ-фоҷиавии «Шӯриши Восеъ»(1936), «Рустаму Суҳроб» (1937, 1967), «Фарёди ишқ» (1975), таърихӣ-шарҳиҳолии ӯ «Ҷомӣ ва Навоӣ» (1969), «Ситораҳои умед» (1975), «Шамъи маърифат» (1978) ва «Мурғи саҳар» (1980) ва «Рухшона» (1982) аз биҳин намунаҳои осори драматургии адабиёти шӯравии тоҷик ҳисобида шудаанд.

Бисёр асарҳояш ба забонҳои русию ӯзбекӣ ва дигар забонҳо тарҷума ва саҳнагузорӣ шу-даанд.

Асарҳои ҷудогонаи Р.Такур, М.Горкий, Т.Драйзер, А.Островский, К.Симонов, А.Корнейчук ва дигаронро ба тоҷикӣ гардон-дааст.

Ширкатвари Анҷумани якуми нависандаго-ни шӯравӣ (1934), Барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1972), Ходими шоистаи санъати Тоҷикистон.

Бо орденҳои «Дӯстии халқҳо» ва «Нишони фахрӣ», медалу ифтихорномаҳои гуногун сар-фароз гардонида шудааст.

Соли 1934 ба узвияти Иттифоқи нависанда-гони Тоҷикистон пазируфта шудааст.

28 январи соли 1984 аз олам даргузашт.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved