• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

 

 

 

АКБАР     АБДУЛЛО  9 июни соли 1950 дар деҳаи Даштиҷуми ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон ба ҷаҳон омадааст. Маълумоти миёнаро дар мактаби миёнаи ба номи Т.Г.Шевченкои ноҳияи Восеъ гирифта, солҳои 1965–1969 дар Техникуми индустриалӣ-педагогии Душанбе таҳсил кардааст.

 

Солҳои 1969-1971 хизмати ҳарбиро адо намудааст.

 

Солҳои 1972-1976 шунавандаи Мактаби олии Вазорати умури дохилаи Иттиҳоди Шӯравӣ (дар Тошканд) будааст.

 

Курсҳои махсуси касбиро баъдтар дар шаҳрҳои Маскав, Ленинград ва Қоҳира анҷом додааст.

 

Нахустин чакидаҳои хомааш аз солҳои ҳаштодуми асри гузашта дар рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳурӣ ба чоп расидаанд.

 

Ҳамчунин, намунаҳое аз ашъораш дар рӯзномаву маҷалла ва асарҳои дастҷамъии ҷавонадибони Ӯзбекистону Туркманистон ва Русияву Қазоқистон ба табъ расидаанд.

 

Муаллифи маҷмӯаҳои шеърии «Розҳои танҳоӣ» (1991), «Фарёди дур» (1993), «Фарёди ёри дур» (1995, ба ҳуруфи арабӣ), «Кошонаи сӯхта» (1997) «Созҳо аз розҳо»(2001), «Ниёзи дил» (2008), «Шоири дардҳо» (2011) ва ғ. мебошад.

 

Дорандаи чандин мукофоти давлатию хидматӣ.

 

Аз соли 1993 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

 

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved