• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

АНВАРБЕКИ   АБӮНАСР 15 январи соли 1947 дар деҳаи Варзикандаи ноҳияи Панҷакент таваллуд ёфтааст.

Соли 1969 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷанд (ҳозира     Донишгоҳи давлатии ба номи Бобоҷон

Ғафуров)-ро хатм карда то имрӯз дар зодгоҳаш машғули пешаи омӯзгорист.

Дар баробари ин, чандин сол боз роҳбари маҳфили адабии «Бунафша», буда, ҳамзамон, дар Донишгоҳи озоди Тоҷикистон (Панҷакент) ба донишҷӯён сабақ медиҳад.

Ҳамчунинсармуҳаррири  нашрияи

«Махзани илм» ва роҳбари маҳфили адабӣ мебошад.

Ашъори ӯ дар маҷмӯаҳои дастҷамъӣ ва алоҳидае бо номҳои «Расид айёми тобистон» («1991),   «Марди   накӯном»   (1994),  «Умеди

сабз»         (1994),       «Дунёи      меҳр»        (1995),

«Модарнома» (2001), «Гулдастаи умед» (2002), «Таронаҳои зиндагӣ» (2003), «Пайғоми дил» (2005), «Рӯдакӣ ва Лоиқ» (2008), «Мавҷи нур» (2008) ба табъ расидаанд.

Мураттиб ва муҳаррири маҷмӯаҳои дастҷамъии эҷодкорони ноҳия – «Бунафшаи Зарафшон» (1991) ва «Понздаҳ барг» (2000) мебошад.

Аълочии маорифи Тоҷикистон (2004). Дорандаи ордени «Шараф» (2007).

Аз соли 2000 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

 

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved