• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

   ЗИЁАБДУЛЛО (Абдуллоев Зиёдулло) 10 ноябри соли 1948 дар деҳаи Хишткӯпруки ноҳияи Қубодиён зода шуда, шаҳодатномаи маълумоти миёнаро (1966) дар ҳамон ҷой гирифтааст. Маълумоти  олии омӯзгориро соли 1971 дар Душанбе соҳиб шудааст.

Солҳои 1971-1976 муаллими мактабҳои зодгоҳаш будааст.

Дар ин миён соле хизмати аскарӣ карда, солҳои 1976-1977 дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон», 1977-1983 дар маҷаллаи «Садои Шарқ», 1983-1991 дар Дафтари тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ, 1991-2007 дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» фаъолият бурдааст.

         Ду сол (1989-1990) дар рухсатии озоди эҷодӣ будааст. Аз соли 2007 корманди нашриёти «Адиб» аст.

Офаридаҳояш аз соли 1970 дар васоити ахбори умум ва маҷмӯаҳои дастҷамъии «Шоир» (Мадрас, 1982), «Литературная газета» (Маскав, 1984), «Истоки» (Маскав, 1986), «Сузирия» (Киев, 1987) ба забонҳои русӣ, белорусӣ, инглисӣ, олмонӣ, булғорӣ, чехӣ, арманӣ, ӯзбекӣ, туркманӣ тарҷума ва нашрияву маҷаллаҳои гуногуни Эрону Афғонистон чоп шудаанд.

Соли 1982 дар Конфаронси адибони ҷавони шӯравӣ (Лвов), соли 1984 дар Машварати адибони ҷавони шӯравӣ (Маскав) иштирок кардааст. Дар ин машварат китоби ашъорашро барои чоп дар Маскав пешниҳод кардаанд, ки соли 1988 бо номи «Единою болью» (нашриёти «Молодая гвардия») ба табъ расидааст.

Соли 1986 дар Душанбе, соли 1988 дар Маскав дар Симпозиуми адибони ҷавони мамлакатҳои сотсиалистӣ иштирок ва суханронӣ кардааст.

Гулчини ашъору достонҳояш дар авроқи маҷмӯаҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985),

«Фурӯғ» (1990), «Тысяча родников» (дар ҳаммуаллифӣ; Маскав, 1998), «Лоластон» (се достон, 2003), «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум, 2003), «Бодгиреҳ» (2006) ва «Ҷоми Симурғ» (2008) ба чоп расидаанд.

Достони «Коргар»-аш ба забони русӣ тарҷума ва дар алоҳидагӣ (1989) чоп шудааст.

Муаллифи ҳафт достони устуравӣ-таърихӣ- фалсафӣ–    «Коргар»        (1979-1984),«Фариштаҳои орзу» (1983-1988), «Дар ҳошияи

«мухаммаси «Зери теғ»-и Мушфиқӣ» (1984- 1989),   «Лоластон»   (1996),   «Таҷовузи   нур»(1997),   «Аноҳиди   пиндор»  (2002)   ва «Гули

нур» (2011) мебошад.

Ашъори алоҳидаи Р.Бёрнс, В.Маяковский, П.Неруда, А.Нетто, Момансоно, В.Коротич, Е.Евтушенко, Д.Сэдэв, китоби шоири русизабони белорус Юрий Сапожков «Нуқтаи бебозгашт» ва чанд шоири дигари белорус, украин, ӯзбек, туркман ва ғ., пйесаи «Суқрот ва…»-и Э.Радзинский, рисолаи Бобоҷон Ғафуров ва Николай Прохоров «Тоҷикон ва талошҳои таърихии онон барои озодии Ватан» (ҳамроҳи И.Қосимзода)-ро тарҷума ва ҳамагонӣ кардааст.

Силсилаи мақолаҳои илмии иҷтимоӣ ва фалсафияш мӯҷиби баҳсу муҳокимарониҳои хосу ом гардидаанд.

Чордаҳ суҳбати иҷтимоӣ-илмиаш бо чордаҳ олими намоёни ҷумҳурӣ сазовори Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ гардидаанд.

Аълочии фарҳанг ва матбуоти Тоҷикистон. Бо Ифтихорномаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии

Тоҷикистон (1994) ва медали «Хизмати шоиста» (1998) мукофотонида шудааст.

Аз соли 1984 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved