• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ва АДАБИЁТ

СУХАНРОНИҲО...

92МИРСАИД МИРШАКАР 5 майи соли 1912 дар деҳаи Синдеви ноҳияи Шуғнони ВМКБ таваллуд ёфтааст. Аввал дар мактаби ибтидоии деҳа, сипас дар мактаб-интернати Хоруғ маълумот гирифтааст. Соли 1930 Мактаби партиявии Душанберо хатм карда, муддате дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» фаъолият бурдааст. Соли 1932 дар ҳайати бригадаи комсомолони фаъол ба сохтмони Вахш сафарбар шуда, муддате муҳарририи рӯзномаи «Зарбдори сохтмони Вахш»-ро бар уҳда доштааст. Сипас котиби Кумитаи комсомоли сохтмон интихоб шудааст, ки достони шарҳиҳолии «Ливои Зафар» (1934) маҳсули ҳамин давраи ҳаёту эҷодиёти ӯст.

Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ходими сиёсӣ, баъдан сардори кумитаи репертуари Раёсати санъат, ҷонишини мудири шуъбаи тарғиботу ташвиқоти КМ ПК Тоҷикистон будааст.
Се дафъа котиби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб шудааст. Солҳои зиёд раиси Кумитаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ будааст.
Аз охири солҳои 30-юм бештар барои бачаҳо шеър гуфтааст. Достони «Мо аз Помир омадем» (1939) беҳтарин асари барои бачагон офаридаи ӯст.
Аввалин асари ҳаҷман бузургу шоистаи ӯ достони машҳури «Қишлоқи тиллоӣ»-ст, ки пеш аз ҷанг ба навиштани он шурӯъ карда, соли 1942 ба итмом расондааст. Ин асар баробари нашраш ба фонди тиллоии адабиёти шӯравӣ дохил гардида, ба ҳамаи забонҳои халқҳои ҷамоҳири бародарӣ тарҷума ва чоп шудааст. «Кишлоқи тиллоӣ» дар таҳияи худи муаллиф борҳо дар саҳнаҳои театрӣ пешкаши тамошобинони ҷавон гардидааст.
Мирсаид Миршакар соли 1950, барои достонҳои «Қишлоқи тиллоӣ» ва «Панҷи но­ором» сазовори Мукофоти давлатии СССР гардидааст.
«Ленин дар Помир» (1955) аз достонҳои дигари муассири ӯст, ки нахустин бархӯрдҳои инқилобии кӯҳистони Бадахшонро бозгӯ мекунад ва дар заминаи он, дар таҳияи худи муаллиф ва И. Филимонова, филми ҳунарӣ бардошта шудааст.
Солҳои пасин достонҳои нави ӯ «Дугонаҳо» (1961), «Дашти лаванд» (1961), «Ишқи духтари кӯҳсор» (1962), «Чашмони Ленин» (1964), «Авроқи муҳаббат» (1975), «Исёни хирад» (1979) «Зинда бод ханда!» (2012) ва ғ. дастрас ва мақбули умум гардидаанд.
Мирсаид Миршакар, ҳамчунин, муаллифи чандин қиссаҳои бадеию фантастикӣ, осори сершумори саҳнавӣ ва мақолаҳои проблемавӣ мебошад, ки мақоми ӯро дар адабиёти даврони шӯравии тоҷик устувору шуҳраташро сазовор гардонидаанд.
Соли 1964 сазовори Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, соли 1972 шоистаи Мукофоти Комсомоли ленинии Тоҷикистон гардидааст.
Шоири халқии Тоҷикистон.
Ходими барҷастаи давлатию ҷамъиятӣ, депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон, узви КМ ПК Тоҷикистон, раиси Кумитаи республикавии ҳамдилӣ бо мамолики Осиёву Африқо, узви Президиуми Кумитаи шӯравии ҳамдилӣ бо мамолики Осиёву Африқо, узви бебадали раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон будааст.
Бо ду ордени Ленин, ордени «Инқилоби Октябр», ду ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат», ордени «Дӯстии халқҳо», ду ордени «Нишони фахрӣ», медалҳо ва Грамотаҳои фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Аз соли 1934 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Соли 1993 аз олам даргузашт.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37