• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ва АДАБИЁТ

СУХАНРОНИҲО...

84ОБИД ИСМАТӢ соли 1905 дар шаҳри Самарқанд зода шудааст. Маълумоти ибтидоиро дар мактаби куҳна фаро гирифта, соли 1919 курси омӯзгориро хатм ва дар мактабҳои аввалини шӯравӣ муаллимӣ кардааст. Баъди хатми Институти муаллимини Тошканд, соли 1928, ба Душанбе омадааст. Даставвал муаллимӣ карда баъдан роҳбари курсҳои омӯзгорӣ ва муаллими Донишгоҳи давлатӣ, баъдан котиби масъул ва мудири шуъбаи забон ва сарфу наҳви алифбои нав дар ҳузури КИМ РСС Тоҷикистон, корманди адабии Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ будааст.
Фаъолияти эҷодияш аз охири солҳои бистуми асри гузашта ҳамчун суруднавис ва драманигор оғоз ёфтааст. Муаллифи маҷмӯаҳои шеърии «Падидаҳои тоза» (1930), «Баҳори болшевикӣ» (1932), «Мо бунёдкоронем» (1934), «Маҷмӯаи сурудҳо» (1934), асари саҳнавии якқисмаи «Танбал» (1934) мебошад.
Ба ҷамъоварӣ ва омӯзиши адабиёти шифоҳии мардум ҳам шуғл варзида, соли 1934 китоби «Адабиёти халқии тоҷикӣ»-ро чоп кардааст.
Дар бораи сарфу наҳви алифбои нав чанд мақолааш дар рӯзномаҳои «Бедории тоҷик», «Овози тоҷик», «Тоҷикистони Сурх», моҳномаҳои «Раҳбари дониш», «Барои адабиёти сотсиалитӣ» ва ғ. чоп шудаанд. Дастури «Омӯзиши алифбои нави лотинӣ-тоҷикӣ» ба қалами ӯ тааллуқ дорад, ки соли 1934 аз чоп баромадааст.
Дар таҳия ва нашри барномаву дастурҳои таълим иштирок варзидааст, ки умдатаринашон «Алифбои пешоҳанг» (1932, 1933) ва «Алифбо» (1933) мебошад.
Аз соли 1934 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
15 марти соли 1945 аз олам даргузашт.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37