• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

80АБДУЛВОҲИДИ МУН­ЗИМ соли 1877 дар шаҳри Бухоро ба ҷаҳон омадааст. Барвақт ятим монда, таҳти сарпарастии Шарифҷон Маҳдуми Садри Зиё қарор гирифтааст. Дар ин муддат бо Садриддин Айнӣ, ки низ ба ин хонадон роҳ ёфта буд, ошно ва дӯсту бародар шудааст. Пас аз хатми мадраса дар хонааш мактаби усули нав таъсис дода, ҳамроҳи Айнӣ муаллимӣ кардааст. Соли 1917, дар айни авҷи иртиҷоъи аморати Бухоро, ба Тошканд рафта, дар нашрияҳои «Учқун» ва «Қутулуш» кор кардааст. Баъди ғалабаи инқилоб ва таъсисёбии Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро ҷонишини раиси КИМ-и он таъин гардида, чанде дар вазифаи нозири тандурустӣ адои хидмат намудааст. Соли 1922 Шӯрои нозирони Бухоро ӯро барои сарпарастӣ ба ҷавонони дар хориҷ таҳсилкунанда ба Берлин фиристодааст. Соли 1924 ба Ватан баргашта, дар шуъбаи маорифи Самарқанд кор кардааст. Соли 1927 ба Душанбе омада, дар идораҳои матбуоту маориф хизмат карда, ҳамчун муовини раиси Кумитаи ислоҳи алифбо дар ҷорӣ кардани алифбои лотинӣ фаъолият бурдааст. Соли 1932 ба нафақа баромада, машғули корҳои эҷодӣ шудааст.
Ба шеъргӯйӣ ҳангоми таҳсил дар мадраса сар кардааст. Асосан дар равияи кӯҳна шеър гуфтааст. Пас аз инқилоб мавзӯи шеъри Мунзим тағйир ёфта, ба замони нав ва талаботи он мувофиқ гардидааст. Соли 1920, дар арафаи Инқилоби Бухоро, дар рӯзномаи «Кутулуш» шеърҳои «То ба кай?!» ва «Баёни ҳол»-и ӯ чоп шудаанд, ки мардумро барои сарнагун сохтани Аморати мустабиди Бухоро даъват мекарданд. Баъдан шеърҳояш пайваста дар рӯзномаҳои «Овози тоҷик» ва «Тоҷикистони Сурх» чоп мешудаанд, ки бештар оҳанги тарғиботӣ доштанд ва мардумро ба навсозии ҳаёт даъват мекарданд.
Ҳикояҳои «Обшори чашмдор» ва мақолаҳои илмию публитсистиаш аз маҳорати баланди нависандагӣ ва донишмандии ӯ гувоҳӣ медиҳанд.
Аз соли 1934 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
5 марти соли 1934 аз олам даргузашт.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved