• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ва АДАБИЁТ

СУХАНРОНИҲО...

ЛУТФӢ ОБИДХОҶА (Обидхоҷаев Лутфулло) соли 1898 дар шаҳри Ӯротеппа ба ҷаҳон омадааст. Маълумоти ибтидоиро дар мактаби кӯҳна гирифта, сипас дар мактаби русӣ таҳсил кардааст. Аз сабаби танқисии рӯзгор чанд сол фориғи таҳсил буда, баъдан ба чорводорӣ машғул шудааст. Соли 1914 ба Тошканд рафта, дар заводи хишт ба кор даромадааст. Солҳои аввали Давлати Шӯравӣ курси яксолаи омӯзгориро дар Самарқанд ба итмом расонда, дар муҳорибаҳои зидди босмачиён иштирок кардааст. Аз соли 1923 дар мақомоти гуногуни ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ҷумҳурӣ фаъолият бурдааст. Соли 1949 комилан ба кори рӯзноманигорӣ гузашта, ходими адабӣ ва мудири шуъбаи рӯзномаи «Роҳи сотсиализм» будааст.
Шеърҳои аввалинаш соли 1925 дар рӯзномаи «Овози тоҷик» ва маҷаллаи «Мулло Мушфиқӣ» ба чоп расидаанд. 76Асосан ғалабаи Инқилоби Октябр ва шукуфойии мамлакати шӯравиро тараннум кардааст. Соли 1938 достони аввалинаш «Салимпаҳлавон» чоп шуда, баъдан достонҳои «Наҷминисо» (1941) ва «Назарпаҳлавон» (1945-1948)-аш ба дасти хонанда расидаанд, ки ба мавзӯъҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ғалабаи сохти шӯравӣ, қаҳрамониҳои шӯравиён дар ҷанг ва ситоиши озодии занон бaхшида шудаанд. Як қатор шеъру достонҳои Лутфӣ дар китоби «Сатрҳои муҳаббат» (1940), «Ишқ ва ғалаба» (1947), «Тӯҳфаи шоир» (1948) ва «Мунтахабот» (1959) ҷой гирифтаанд.
Аз соли 1939 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
2 январи соли 1957 вафот кард.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37