• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

75АБДУШУКУР ПИРМУҲАММАДЗОДА соли 1912 дар деҳаи Боғи Майдони ноҳияи Самарқанд ба ҷаҳон омадааст. Аз солҳои мактабхонӣ, монанди бародараш Абдусалом Деҳотӣ, ба адабиёт шавқу рағбати зиёде пайдо кардааст. Соли 1930, бо тавсияи Устод Айнӣ, дар шуъбаи Самарқандии Нашриёти давлатии Тоҷикистон ба ҳайси тарҷумон ва муҳаррир ба кор пардохтааст.

Соли 1934 муҳаррири шуъбаи адабиёти бачагони Нашриёти давлатии Тоҷикистон таъин шуда, ҳамзамон дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко таҳсил кардааст. Соли 1940 вориди Донишкадаи кинематографияи Маскав шуда, моҳи июли соли 1941 ихтиёрӣ ба хизмати Ватан рафтааст ва дар муҳорибаҳои Маскав иштирок кардааст.

Фаъолияти эҷодияшро чун драманавис аз миёнаи солҳои 30-юм оғоз бахшидааст. Соли 1935 (дар ҳамқаламии Ғанӣ Абдулло) дар заминаи достони ҳамноми «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ драмаи «Рустаму Суҳроб»-ро таълиф намудааст, ки солҳои 1938-1939 дар маҷаллаи «Барои адабиёти сотсиалистӣ» чоп шудааст. Соли 1940 асари номбурдаро ҳамроҳи драманависи рус В. Волкенштейн таҷдиди назар намудааст, ки соли 1941 дар рӯзҳои нахустин Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик пешкаши тамошобинони Маскав гардидааст.

Бисёр китобҳои бачагонаро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст.

Муаллифи мақолаҳо роҷеъ ба эҷодиёти Т. Шевченко, Ш. Руставели, В. Маяковский ва чанде аз адибони тоҷик будааст.

Дар таҳия ва нашри Луғати дуҷилдаи русӣ-тоҷикӣ, таълифу таҳрири китобҳои дарсӣ ширкат варзидааст.

Номаҳои аз фронт унвонии бародараш навиштаи ӯ (маҷаллаи «Шарқи Сурх», 1964, №2; маҷмӯаи «Бессмертие», 1965) хеле ҷолибу хонданиянд.

Аз соли 1934 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Моҳи январи соли 1942 дар майдони корзор қаҳрамонона ҳалок шудааст.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved