• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

73АҲМАДҶОНИ РАҲМАТ­ЗОД20 июли соли 1953 дар шаҳраки Калинини ноҳияи Кагановичобод (баъдан Колхозобод, ҳоло Ҷалолиддини Румӣ) ба ҷаҳон омадааст. Хонадонашон соли 1953 ба Хуҷанд баргаштааст. Соли 1969 мактаби миёнаи №11 ноҳияи Хуҷандро тамом карда, соли 1973 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Ленинободро ба итмом расондааст. Ҳамон сол ӯро бо роҳхати Вазорати маорифи Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои кор фиристодаанд.

Фаъолияти меҳнатиро чун омӯзгор дар мактаби миёнаи №6 ноҳияи Косонсойи вилояти Намангон оғоз намудааст. Сипас, солҳои 1975-1976, дар сафи Артиши Шӯравӣ хидмат кардааст. Солҳои 1976-1991 дар рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» ба ҳайси мухбир ва мудири шуъба фаъолият бурдааст. Моҳи марти соли 1991 дар Анҷумани таъсиси бахши Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ дар вилояти Ленинобод раиси он интихоб шудааст.

Дар ин давра бо ташаббуси ӯ ду маротиба Анҷумани байналмилалии шарқшиносон – соли 1999 зери унвони «Забони давлати тоҷикон» (ба муносибати 1100-солагии давлати Сомониён) ва соли 2001 (ба ифтихори 10-солагии таъсиси бахши Хуҷанди Бунёди байналмилалии забони тоҷикии форсӣ) баргузор гардида, дар онҳо аз Русия, Олмон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Эрон ва Афғонистон олимони зиёде ширкат варзидаанд. Ҳамчунин, дар минтақаҳои гуногуни вилоят панҷ конфаронси илмию назариявӣ ва амалӣ гузаронда шудаанд, ки дар онҳо масъалаҳои умдаи мушкилоти татбиқи Қонуни забон, имлои забони тоҷикӣ ва масъалаю муаммоҳои мубрами илмию амалӣ мавриди баҳсу муҳокима қарор гирифтаанд.

Аз соли 2002 раиси шуъбаи Суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад. Бо ибтикори ӯ ва дар ҳамкорӣ бо устодони сухан китобҳои «Парвозгоҳи бузургон», «Дарвозаи тиллоӣ», «Достони ваҳдати миллат», «Тоҷикистон нурборон мешавад», «Маориф – ояндаи Тоҷикистон», «Шукӯҳи Истиқлол», «Ҷавлонгоҳи номварон», «Манзараи ватандорӣ», «Адолатпаноҳ», «Иҷлосияи наҷотбахш» ва ғ. ба чоп расидаанд.

Ҳамчун шоири тозакору тасвиргаро шуҳрат ёфта, ашъораш дар авроқи гулчину мунтахаботи «Баҳори хаёл» (1987), «Шукуфасанг» (1990), «Лаъл» (дар ҳаммуалифӣ; Хуҷанд, 2000), «Парвозгоҳи бузургон» (дар ҳаммуаллифӣ; 2001), «Ашки мармар» (Хуҷанд, 2002), «Номаи сарво» (Хуҷанд, 2008), «Номаи муҳрбанд» (Хуҷанд, 2010), «Зуҳури Ҳазрати Инсон» (2011), «Талху ширин» (Хуҷанд, 2012) интишор ёфтаанд. Достону манзумаҳояш «Бе ваҳдат бимирам», «Китобхудо», «Пайғоми ориён», «Достони солҳо», «Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ», «Бародарнома», «Зуҳури Ҳазрати Инсон», «Наврӯзнома», ки аз ҷиҳати мазмуну муҳтаво хеле ҷолибанд, дар авроқи рӯзномаву маҷаллаҳо ва китобҳои алоҳида мунташир гардидаанд.

Барои китоби ашъори «Номаи сарво» сазовори Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2012) гардидааст.

Дорандаи ордени «Шараф» (2003).

Шоири халқии Тоҷикистон (2014).

Аз соли 1980 узви Иттифоқи журналистон, аз соли 1989 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved