• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

69

ҒОЙИБ САФАРЗОДА 20 феврали соли 1940 дар деҳаи Муллоҷони ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ба ҷаҳон омадааст. Соли 1957 мактаби миёнаи №6-и н.Восеъро бо медали нуқра хатм карда, ҳамон сол муҳассили факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе шудааст. Аз соли 1962, баъди хатми донишкада солиёни дароз дар рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» кор кардааст.

Аввалин шеърҳояш аз солҳои донишҷӯйӣ ба табъ расидаанд. Нахустин маҷмӯаи ашъораш «Корвони орзу» соли 1969 пешниҳоди хонандагон гардидаа

Дар эҷодиёти ӯ публитсистика ва жанрҳои гуногуни он (очерку сафарнома ва мақолаҳои проблемавӣ), ҳамчунин, танқиди адабӣ мақоми хоссае доштанд. Аз ҷумлаи зиёиёни сарсупурда ва миллатдӯсту ватанпарвари кишвар аст, ки дар қатори аввалинҳо барои покизагӣ ва мақоми шоистаи забони модариамон мубориза бурдаанд.ст. Маҷмӯаи дигари офаридаҳояш «Ошёни офтоб» соли 1973, «Мероси ҷавонӣ» соли 1978, ва «Куллиёт»-аш соли 2011, «Мунтахабот» китоби 2 (2011) баъди марги фоҷибораш, ба табъ расиданд.

Шеърҳои алоҳидааш ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ ва дигар халқҳо тарҷума шудаанд. Худи ӯ намунаҳоеро аз ашъори шоирони русу белорус, арману литвонӣ ва гурҷиву озарӣ ба тоҷикӣ гардондааст. Тарҷумаи шеърҳои классики адабиёти арман Сайёди Наворо хеле устокорона анҷом додааст.

Аз соли 1971 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст. Соли 1972 дар садамаи нақлиётӣ ҳалок гардид.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved