• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

64САЛИМШО ҲАЛИМШО 16 феврали соли 1936 дар деҳаи Риваки ноҳияи Шуғнони ВМКБ ба ҷаҳон омада, маълумоти миёнаи ҳамагониро дар шаҳри Хоруғ фаро гирифтааст. Соли 1960 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, ба ҳайси ходими адабӣ ва мудири шуъбаи рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» (1960-1981), мудири шуъбаи назм ва муовини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» (1982-1989), муовини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Пайванд» (1989-1991) ва мудири Шӯрои назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ифои вазифа намудааст.

Аз нимаи дувуми солҳои 60-уми асри мозӣ вориди майдони адабиёт гардида, бо нахустин маҷмӯаҳои ашъораш «Роҳи қуллаҳо» (1965) ва «Киштии Инқилоб» (1960) сазовори истиқболи гарми хонандагон шудааст.

Ашъори дар маҷмӯаҳои «Имзои Ленин» (1975), «Оинаи виҷдон» (1983), «Бурҷи Инсон» (1986), «Ҳафт хони Бадахшон» (1989), «Хонаи Офтоб» (2003), «Оби шаҳд» (2003), «Зодагони ҳафт тӯфон» (2006) интишорёфта, драмаи «Кабутарони сафед» ва ғ. шоир лавҳаю лаҳзаҳои рангину пурифтихореро аз озодманишиву некандешӣ, меҳанпарастию башардӯстӣ, давлатсолорию ватандорӣ, покизарӯзгорию ҷавонмардии ниёконамон ҷилвагар месозанд ва хонандаро аз ҳиммати баланду таҷрибаи рӯзгори шарафманди эшон бархурдору баҳрабардор менамояд.

Намунаҳое аз ашъораш ба забонҳои украинӣ, русӣ, литвонӣ, озарӣ, чехӣ ва ғ. тарҷума ва чоп шуда, худаш намунаҳоеро аз осори адибони ҷаҳон ба тоҷикӣ гардондааст.

Хидматҳояш бо Ифтихорномаи Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон, унвони ифтихории «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (1998) ва ордени «Дӯстӣ» (1997) қадршиносӣ ёфтаанд.

Аз соли 1965 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved