• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ва АДАБИЁТ

СУХАНРОНИҲО...

63СУҲАЙЛӢ ҶАВҲАРИЗОДА 5 октябри соли 1900 дар шаҳри Ӯротеппа (Истаравшан), дар хонадони шоири номӣ Зуфархон Ҷавҳарӣ (1860-1945) ба ҷаҳон омадааст.

Солҳои аввали ҳаёти нав дар мактабҳо муаллимӣ, баъдан Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо хатм кардааст. Солҳои 1925-1957 рӯзноманигор будааст. Солҳои охир муҳарририи Нашриёти давлатии Тоҷикистонро бар уҳда доштааст.

Соли 1933 маҷмӯаи аввалини ашъораш «Таронаи зафар», соли 1935 достонҳои «Камбағал» ва «Зафар», баъдан маҷмӯаҳои шеърии «Фатҳнома» (1936), «Тӯҳфа» (1937), «Гулдаста» (1939), «Бӯстон» (1940)-аш ба табъ расидаанд. Драмаи «Пионер Содиқ» соли 1939 чоп шудааст. Солҳои ҶБВ маҷмӯаи шеърҳои «Тӯҳфа ба қаҳрамонони Ватан» (1944) ва достони «Қувваи дӯстӣ» (1944)-ро пешниҳоди хонандагон намудааст.

Солҳои баъд зиёда аз бист маҷмӯаи шеърҳояш ба табъ раидаанд, ки «Баҳори Ватан» (1951), «Баҳори дӯстӣ» (1956), «Қисмати Карим» (1958) «Ҷӯянда-ёбанда» (1963), «Оинаи хандаҳо» (1965) ва ғ. аз он ҷумлаанд.

Чанд китобаш дар Маскав (ба русӣ) чоп шудааст. Шеъру достонҳои алоҳидаи А. Пушкин, М. Лермонтов, Н. Некрасов, И. Крилов, К. Чуковский, А. Барторо ба тоҷикӣ гардондааст.

Аз соли 1935 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

11 июли соли 1964 аз олам даргузашт.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37