• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ва АДАБИЁТ

СУХАНРОНИҲО...

60ГУЛНАЗАР (Гулназар Келдӣ) 20 сентябри соли 1945 дар деҳаи Дардари ноҳияи Айнӣ ба ҷаҳон омадааст.

Баъди бо нишони тилло фарҷом бахшидани мактаби миёнаи деҳа, соли 1961 вориди факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин шуда, соли 1966 бо дипломи сурх анҷомаш додааст.

Фаъолияти меҳнатиро дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» оғоз намуда, то мақоми муовини сармуҳаррири он расидааст.

Баъдан дар маҷаллаҳои «Садои Шарқ», «Пайванд», ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», рӯзномаи «Ваҳдат» мудири шуъба ва сармуҳаррир, солҳои 2005-2010 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ будааст.

Дар айни ҳол муовини раиси Кумитаи Мукофоти давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мебошад.

Шеърҳои аввалини ӯ ҳангоми шогирди мактаби миёна буданаш ба табъ расидаанд.

Маҷмӯаи нахустинаш «Расми сарбозӣ» соли 1969 интишор ёфтааст.

То имрӯз дар ҳудуди чиҳил маҷмӯаи ашъори ӯ ба зевари табъ ороста гардидаанд, ки «Фасли оғоз», «Тулӯи беборӣ», «Оинаи ташна», «Туву хубиву раъноӣ», «Сафина», «Шоиру шеъре агар ҳаст…», «Оғӯши саршор», «Аз барои Гулизор», «Девори сабз», «Дарёи кӯча», «Борони бесаранҷом», «Се кулчаи танӯрӣ» ва ғ. аз он ҷумлаанд.

Барои маҷмӯаи ашъори бачагонаи «Се кулчаи танӯрӣ» сазовори Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1995) гардидааст.

Дар бисёре аз навъу намудҳои адабӣ қувваозмоӣ карда, дар ин раванд ба офаридани намунаҳои назаррасе нойил гардидааст. Аммо барои ӯ, бешак, шеър дар мадди аввал аст.

Шеърҳои ӯ аз ҷустуҷӯ ва бозёфтҳои навин орӣ нестанд ва дар инкишофи адабиёти муосири тоҷик саҳми шоиста доранд.

Маҷмӯаи ҳикояҳояш барои калонсолон «Гули афшони олуча» ба забонҳои русию ӯзбекӣ низ тарҷума ва чоп шудааст.

Китоби ҳикояҳои «Калоба» барои хурдсолон пешниҳод гардидааст.

Дар асарҳои тадқиқотии «Лоиқе чун Лоиқе», «Қутбии қутби сухан» ва бисёр мақолаҳои адабиву публитсистияш ҷанбаҳои гуногуни ҳаёту эҷодиёти суханварони маъруфи кишварро мавриди баррасии шоирона қарор додааст.

Аз тариқи муассисаҳои нашоротии «Адиб»-у «Адабиёти бачагон» қиссаву ривоятҳои алоҳидаи Саноӣ, Низомӣ, Ҷалолиддини Румӣ ва дигар классикони адабиёти тоҷик дар бозгӯйи ӯ, ба забони фасеҳи адабии барои бачаҳо фаҳмо, ба чоп расидаанд, ки дар байни хонандагони хурдсол обрӯю эътибори шоиста пайдо кардаанд.

Дар заминаи филмномаҳои ӯ филмҳои ҳунарии «Нишони зиндагӣ», «Дар орзуи падар» (қисматҳои охир), «Сездаҳ солу се моҳ», «Баҳори як кӯча», «Марги бегуноҳ» ва «Бачаҳои таҳхонагӣ» ба навор гирифта шудаанд.

Дар Маскав, ба забони русӣ (аз тариқи нашриёти «Советский писатель») маҷмӯаҳои ашъораш «Звезда Улугбека» ва «Безымянный родник» ба табъ расидаанд.

Соли 1999 нашриёти «Суруш» (Теҳрон) гулчини ашъораш «Забони ошиқӣ»-ро мунташир сохтааст.

Шеърҳои Гулназар ба бисёр забонҳои халқҳои олам тарҷума ва чоп шудаанд.

Дар Қувайт маҷмӯаи шеърҳояш (ҳамроҳи ашъори Гулрухсор) ба забони арабӣ нашр гардидааст.

Шеърҳои классикони рус, шоирони машҳури араб, баёзи назми муосири Фаронсаро ба тоҷикӣ гардондааст.

Тарҷумаи қиссаи «Парвози шабона»-и С.А.Экзюпери ба қалами ӯ тааллуқ дорад.

Муаллифи матни Суруди миллии Тоҷикистон ва Суруди Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» мебошад.

Шоири халқии Тоҷикистон, Барандаи Ҷоизаи Комсомоли ленинии Тоҷикистон ва Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода.

Бо нишонҳои «Дӯстӣ», «Исмоили Сомонӣ», «Дарахти дӯстӣ» (Ассамблеяи байнипорлумонии ИДМ) ва Ҷоизаи адабии Созмони байналмилалии савдо барои инкишофи зеҳният мукофотонида шудааст.

Аз соли 1973 узви Иттифоқи нависандагон, аз соли 1969 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аст.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37