• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ва АДАБИЁТ

СУХАНРОНИҲО...

58ГУЛРУХСОР (Сафиева Гулрухсор) 17 декабри соли 1947 дар деҳаи Яхчи ноҳияи Комсомолобод (ҳозира Нуробод) дар оилаи хиз­матчии давлатӣ таваллуд ёфтааст.

Соли 1968 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро ба поён расонда, фаъолияти меҳнатиро ба сифати мухбири шуъбаи адабии рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳозира «Ҷавонони Тоҷикистон») оғоз кардааст.

Баъдан мудири бахши матбуоти КМ ЛКСМ Тоҷикистон (1969), муҳаррири рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» ва маҷаллаи «Машъал» (1970-1972), муҳаррири рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» (1972-1981), котиби Садорати ИН Тоҷикистон (1981-1986), раиси Хазинаи маданияти Тоҷикистон (Бунёди фарҳанги Тоҷикистон, 1987-1993) ва раиси Фарҳангис­тони байналмилалии «Евро-Осиё»-и Русия (1994-2002) будааст.

Ҳамчунин, муассиси созмони фарҳангӣ ва ҷамъиятии Фарҳангистони байналмилалии Шеъри Ҷаҳон мебошад, ки аз соли 1998 раисии онро бар уҳда дорад.

Гулрухсор аз айёми мактабхонӣ машқи шеър карда, шеъри нахусташ соли 1962 дар рӯзномаи «Қаротегини Советӣ» мунташир гардидааст.

Минбаъд ашъораш дар маҷмӯаҳои «Бунафша» (1970), «Хонаи падар» (1973), «Шабдарав» (1975), «Афсонаи кӯҳӣ» (1975), «Дунёи дил» (1977), «Ихлос» (1981), «Гаҳвораи сабз» (1984), «Сипар» (1990, ба ҳуруфи форсӣ), «Оинаи рӯз» (1984), «Оташи Суғд» (1986), «Рӯҳи Бохтар» (1987), «Қасидаи кӯҳистон» (1988), «Тахти сангин» (1992), «Зодрӯзи дард» (1995), «Дар паноҳи сояи худ» (1998), «Паймонаи ғазал» (2007), «Ҷовидона» (2009), «Шӯъла дар санг» (2010), «Сад оҳи як нафас» (2012), «Дигар ишқ!» (2014) ва ғ. чоп шудаанд.

Рисолаву маҷмӯаҳои манзуму мансури Гулрухсор дар бисёр мамлакатҳо, аз ҷумла, дар аксари ҷамоҳири Иттиҳоди Шӯравӣ ва мамолики хориҷӣ тарҷума ва чоп шудаанд, ки «Ояти ишқ» (1992; Олмон-Люксембург), «Гулчини ашъори Гулрухсор» (1993), «Зодрӯзи дард» (1996), «Ашки тӯфон» (2000), «Ривоятҳои ногуфта» (2001), «Танҳотар аз танҳоӣ» (2009), «Сакарот» (2011), «Гузидаи ашъор» (2014) ва ғ. аз он ҷумлаанд.

Гулрухсор солҳои 1993-1997-ро дар муҳоҷират ба сар бурда, бисёре аз шеърҳои дар он замон сурудаи ӯ шеъри ҳолатанд, ки вазъи рӯҳониву равонии гӯяндаро намудор мекунанд.

Ашъори ошиқонаи Гулрухсор моломоли ҳиссиёти эҳъирозу эҳтирос ва хоҳишу коҳишҳост.

Шоира на танҳо эҳсосоти ошиқонаи шахси худ, балки ҳолату рӯҳияи ошиқонаи ҳамнаслону ҳамзамононашро сурудааст.

Гулрухсор дар эҷоди манзумаву достон ҳам иқдоми босамаре барниҳодааст. Аз ҷумла, достони «Комсомол» (1974) аз таърихи ташаккул ва муборизаҳои қаҳрамононаи Иттиҳоди ленинии ҷавонони шӯравӣ ҳикоят мекунад.

Дар манзумаи «Шабдарав» (1975) саҳифае аз ҳаёти халқи тоҷик дар ақибгоҳ – дар як қитъаи хурди кишвари паҳновари шӯравӣ, меҳнати фидокоронаи занону мӯйсафедон дар даврони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба тасвир омадааст.

Достони «Мотами сафед» (1983) аз қисмҳои ҷудогонае, ки бо хатти ягонаи сужет ба ҳам пайвастаанд, иборат аст.

Қаҳрамони асосии достон Гулпарӣ ном занест, ки саргузашти ӯ бо тақдири шавҳараш Раҳмат Сано – муаллим ва иштирокчии ҷанг пайваста тасвир ёфта, дар симои худ хислату табиат, сиришту бунёди маънавии занони кӯҳистони тоҷикро таҷассум намудааст.

Тарғиби хислатҳои неки инсонӣ, ибрози нафрату адоват нисбат ба риёву фитнагарӣ, тараннуми адолату асолат ва покиву назофати инсон дар кору зиндагӣ ғояи асосии достонро ташкил медиҳанд.

Достонҳои «Сипар» (1983), «Рӯҳи урён ё ҳафт суруди носурудаи Робия» (1986), «Жакон» (1990), «Сиёҳу сафед», (1993), «Ману шаб» (1995) «Озарахш» (2006), «Мурофиаи баҳор» (2006), «Таърих гувоҳ аст...» (2011), «Муждаи аржушти як ҷуфти парасту» (2012), «Қандил» (2014) аз офаридаи солҳои охири шоира мебошанд.

 Дар ашъори Гулрухсор ангезаи лиризми эҳсосписанд мавқеи муҳим дошта, офаридаҳояш аз сарчашмаи ғановатманди эҷодиёти шифоҳии мардум об хӯрданд.

Намунаҳои «Фолклори водии Қаротегин», ки соли 1984 дар таҳияи ӯ дастраси умум гардид, зодаи ҳамин алоқамандиву муҳаббат аст.

Рисолаҳои пажӯҳишии Гулрухсор «Шинохти рубоиёти Ҳаким Умари Хайёми Нишопурӣ» (2000), «Китоби гӯё» ва дувоздаҳ барномаи таҳқиқии родиёии «Атри Ҷӯи Мӯлиён» (2011) ва ғ. паҳлӯйи дигари эҷодиёти шоираро намудор месозанд.

Шоира барои бачаҳо низ шеъру достонҳо ва намоишномаҳои ҷолибе навиштааст, ки маҷмӯаи «Афсонаи кӯҳӣ» ва намоишномаҳои «Зилзила», «Ба мо бовар кунед!», «Озода» ва «Ғори аҷинаҳо» дар он шумуланд, ки охириро Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмуди Воҳид беш аз ҳазор маротиба намоиш додааст.

Гулрухсор муаллифи чандин асари насрист.

Аз ҷумла, дар романи «Занони Сабзбаҳор» (1988)-и ӯ лаҳзаҳои мудҳиши замони ҷанги дувуми ҷаҳонӣ ва бори сангине, ки бар дӯши занону духтарони тоҷик дар ақибгоҳ афтода буд, мавриди тасвир қарор гирифтаанд.

Ҳадафи асосии нависанда дар ин роман таъйиду таъкиди муътамади далериву сабурӣ, садоқату дурандешӣ ва порсойии зани тоҷик аст.

Аксари офаридаҳои манзуму мансури Гулрухсор ба забони русӣ тарҷума ва дар маҷаллаву рӯзномаҳои бонуфузу маҷмӯаҳои алоҳида, монанди «Фиалка», 1971; «Песня родника», 1975; «Радужный цветок», 1978; «Зелёная колыбель», 1981; «Навруз», 1982; «Откровение в полдень», 1983; «Куропатка в гостях», 1983; «За солнцем вслед», 1984; «Зеркало дня», 1984; «Пульс моей любви», 1988; «Ради тебя», 1984; «Огнепоклонница», 1991; «Женщины Сабзбахора», 1992; «День рождения боли», 1995 ва ғ. ба табъ расидаанд.

Шеърҳои ба забони русӣ навиштаи Гулрухсор дар китобҳояш «Солнце без Монэ» ва «Одна планета на двоих» (2014) дастраси умум гардидаанд.

Ҳамчунин, намоишномаҳои ӯ «Ғори аҷинаҳо», «Зилзила», «Ба мо бовар кунед!», «Озода» «Ҳафт суруди носуруда»… ва ғ. дар Маскав ба забони русӣ чоп шудаанд.

Намунаҳое аз ашъори адибони ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ ва хориҷиро ба тоҷикӣ гардондааст, ки «Ишқи зиндагӣ»-и О.Бергголтс (1977), «Гулистони гӯё» (1978; намунаҳои ашъори шоираҳои Иттиҳоди Шӯравӣ), осори алоҳидаи Г.Лорка, Г.Мистрас, М.Булгаков, А.Камю, М.Бойҷиев, ашъори гуногуни М.Ю. Лермонтов, Леся Украинка, Римма Казакова, Татяна Кузовлева, Андрей Дементйев, Файз Аҳмади Файз, Йордан Милев, Силва Капутикян ва ғ. аз он ҷумлаанд.

Аз соли 1989 то пошхӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ вакили мардумӣ, узви Шӯрои Олии ИҶШС буд.

Бо нишони «Барои меҳнати шуҷоатнок» (ба муносибати 100-солагии В.И.Ленин) мукофотонида шудааст.

Дорандаи Ҷоизаи Комсомоли ленинии Тоҷикистон (1976), Комсомоли ленинии умумииттифоқ (1978), Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2003), Ҷоизаи адабии ба номи Ҳелмут Ҳаммет (ИМА, 1994).

Шоираи халқии Тоҷикистон (1999).

Аз соли 1971 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37